Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқтаи ахири сафари Сновден куҷост?


Эдвард Сновден
Эдвард Сновден

Ҳавопаймои ҳомили Эдвард Сновден, ки аз Ҳонгконг ба Маскав парвоз мекард, шоми якшанбе ба замин фуруд омад.

Сновден корманди пешини қарордодии кашфи Амрикост, ки асрори барномаҳои назоратии Амрикоро ифшо кардааст.

Рӯзномаи "South China Morning Post"-чопи Ҳонг Конг дар шумораи рӯзи якшанбеи худ гузориш додааст, ки Маскав нуқтаи ахири сафари Сновден нест.

Сухангӯи ширкати ҳавоии Аэрофлоти Русия мегӯяд, ки Сновден барои шаҳри Ҳаванаи Куба билет фармоиш додааст. Парвоз ба Куба нисфирӯзии 24 июн сурат мегирад ва Сновден аз он ҷо ба Каракас - пойтахти Венесуэа хоҳад рафт.

Дар Амрико ба Сновден барои ифшо кардани маълумоти маҳрамонаи кашф ҳукми зиндон таҳдид мекунад ва Амрико аз ҳар кишваре истирдоди Сновденро тақозо кардааст.

Бино ба хабарҳо, корманди собиқи хадамоти иктишофии Амрико рӯзи 23 июн Ҳонгконгро ба қасди Маскав тарк гуфт. Баъд аз тақозоҳои пайдарҳами Амрико аз Ҳонгконг дар бораи истирдоди Эдвард Сновден - корманди пешини қарордодии кашфи Амрико, акнун маълум шудааст, ки Сновден бо ҳавопаймои Аэрофлоти Русия Ҳонгконгро тарк кардааст. Мақомоти Ҳонгконг низ таъйид кард, ки Сновден аз қаламрави онҳо хориҷ шудааст. Маъмурияти Ҳонгконг, ки ба Чин итоат мекунад, дар изҳороте гуфтааст, ки Ҳонгконг заминаҳои қонунии пешгирӣ аз сафари Сновден ба кишвари дигареро надошт. Дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, ки дархости Амрико дар бораи истирдод “ба ҳамаи ҷанбаҳои дархостҳои қонунӣ мутобиқат намекунад.”


Эдвард Сновден аз Ҳонгконг ба Маскав парвоз кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
Линки мустақим

Субҳи рӯзи якшанбе рӯзномаи "South China Morning Post"-чопи Ҳонгконг, ки бо Сновден мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом додааст, навишт, ки Сновден ба қасди Маскав Ҳонгконгро тарк кардааст. Вале як мақоми вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар аз маҳали буду бош ва нақшаҳои Сновден хабаре надорад.

Тасмими Ҳонгконг дар бораи боздошт накардани Сновден мушкиле дар муносиботи ин кишвар бо Амрико арзёбӣ мешавад. Рӯзи шанбе Том Данилон -мушовири амнияти миллии Амрико дар як сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки “Ҳонгконг бо Амрико дар бахши ҳамкориҳои интизомиву амниятӣ таърихан муносиботи хуб доранд.”

Рӯзи якшанбе матбуоти Чин бо назардошти иддаои Сновден, ки гӯё барномаҳои назоратии Амрико шабакаҳои телефонҳои ҳамроҳи Чин ва бузургтарин донишгоҳи Пекин бо номи Синхуаро ҳадаф қарор додааст, Амрикоро ба боди интиқод гирифт. Хабаргузории Синхуаи Чин аз Вашингтон хостааст, ки “миқёси ҷаҳонӣ, андоза ва ҳадафҳои барномаҳои махфии дастрасӣ ба шабакаҳои дигарро бо дигарон дар миён гузорад.”

Дар Амрико бисёриҳо Сновденро хиёнаткор медонанд, вале баъзеҳои дигар вайро қаҳрамон арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки вай ҳақиқатро дӯст медорад.
Давлати президент Барак Обама мегӯяд, ки барномаҳои назоратӣ имкон додааст, ки дастикам аз 50 амалиёти террористӣ пешгирӣ ба амал ояд. Баъзе аз ин амалиёти террористӣ Амрикоро ҳадаф қарор дода буданд.

Додгоҳи аёлати Вирҷинияи Амрико рӯзи ҷумъа эълон кард, ки бар зидди Эдвард Сновден парванда боз кардааст. Сновден бар асоси се модда гунаҳгор дониста мешавад ва ҳар як аз ин се модда 10-солӣ ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Вай барои дуздии дороии давлатӣ, бидуни иҷоза дар ихтиёри дигарон гузоштани маълумоти сиррӣ роҷеъ ба амнияти давлатӣ ва ифшои огоҳонаи маълумоти маҳрамона муттаҳам дониста мешавад.

Ин парванда барои он дар шаҳри Александирияи аёлати Вирҷиния боз шудааст, ки Сновден чун корманди қарордодии мақомоти иктишофӣ дар ҳамон ҷо кор мекард. Бар асоси маводи ифшокардаи Сновден рӯзномаи “Guardian”-чопи Британия навишт, ки як ожонси кашф ё ҷосусии Британия амалиёти бузурги назорат бар гуфтугӯҳои байналмиллаии телефонӣ ва назорати интернетро анҷом додааст.

Дар гузориш омадааст, ин ожонси Бритонёӣ аз ноқилҳои фибри нурӣ гуфтугӯҳои зиёди телефонӣ ва паёмҳову номаҳоро гирдоварӣ кардааст. Ин маълумотро таҳлилгарон аз Британия ва Ожонси амнияти миллии Амрико таъқиб ва назорат мекардаанд. Пештар Сновден гуфта буд, ки ин ожонси амрикоӣ ба маълумоти интернетӣ, аз қабили номаҳо дар ширкатҳои бузурге, чун Facebook ва Google дастрасӣ дорад ва ин барномаи назоратӣ Prism ном дорад.

Барак Обама ва мақомоти расмии кашфи Амрико аз ин барнома дифоъ карданд ва гуфтанд, ки ин барнома василаи арзишманди пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ аст.
XS
SM
MD
LG