Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалний – бахт ё бадбахтии Русия?


Чун Навалний ҳарчӣ бештар дар маркази мухолифати зидди Кремл қарор мегирад, бархе ӯро умеду ояндаи Русия ва бархи дигар хатарноктарин инсони ин кишвар меноманд.

Навалний зимни даъватҳои ҷанг бо фасод ва баргузории интихоботи одилона хеле зуд ба раҳбари феълии оппозисюни Русия табдил ёфт. Дар ҳоле ки мардуми зиёд аз ин мавзеъгириҳои ӯ пуштибонӣ мекунанд, баъзеҳо пайванди ӯро бо миллатгароёни рус хатарзо меноманд.


Алексей Навалний. Чеҳранигорӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00
Линки мустақим


Акнун, ки Алексей Навалний ба номзади пешсафи мухолифон дар интихоботи шаҳрдори Маскав табдил ёфтааст, гузаштаи ӯ ва бархе аз шиорҳои тундравонааш диққати бештареро ба худ ҷалб мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вай дар раҳпаймоии солонаи “Русский марш” -- маъракае, ки ҳама намуд миллатгароён ва нажодпарастони Русияро ба ҳам меорад, ширкат кард.

Навалний инчунин аз тазоҳуроте зери унвони “Бас аст хӯрондани Қафқоз” ҳимоят намуд. Аҳли ин гирдиҳамоӣ даъват карданд, ки Маскав ёрона ва сармоягузориҳои буҷавияшро ба Чеченистон ва дигар ҷамоҳири Қафқози Шимолӣ бас кунад. Навалний аз минбари ин гирдиҳамоӣ чунин гуфт: "Мо, онҳое, ки ин ҷо ҷамъ омадаем, медонем, ки дар Қафқоз ба ғайр аз он аҳмақҳое, ки ҳокимиятро ғасб кардаанд, одамони дуруст ҳам ҳастанд. Мо медонем, духтароне ҳастанд, ки барояшон беҳтарин орзу зери фаранҷӣ будану 25 бача зойидан не, балки одамвор зистан аст. Мо медонем, ки дар он ҷо ҷавононе ҳастанд, ки хондан ва кор кардан мехоҳанд ва барояшон “Порше-Каен” ва туфангчаи тилоӣ ормони зиндагӣ нест.”

Навалний ҳамчунин бо бадтарин вожаҳо аз ҷанги Русия зидди Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 пуштибонӣ карда, дар блоги худ талаб карда буд, ки ҳамаи гурҷиҳо аз қаламрави Русия ронда шаванд. Баъдтар вай барои истифода калимаҳои нажодпарастона узр хоста бошад ҳам, гуфта буд, ки мавқеяшро дигар накардааст.

Вай борҳо ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ даъват намуда, хостори ҷорӣ кардани режими раводид ё виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Енгелине Тареева
Енгелине Тареева
Енгелина Тареева, ки дар ҳизби “Яблоко” бо Навалний кор кардааст, ӯро айбдор мекунад, ки бо таҳқирҳои миллатгароёна муносибаташро бо одамони қавму миллиятҳои дигар вайрон кардааст. Навалний дар соли 2007 аз ин ҳизб хориҷ карда шуд. Тареева мегӯяд “Навалний хатарноктарин шахси Русия аст ва ба сари қудрат омадани ӯ сабаби бадбахтиҳои Русия мешавад.” Аммо Навалний ин суханони Тарееваро рад мекунад. Гузашта аз ин вай мегӯяд, баррасии масъалаҳое, ки барои қавми рус муҳиманд, ҳатман сабаби натсизми русӣ нахоҳанд шуд.

Дар мусоҳибааш бо Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар моҳи январи соли равон Навалний мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои ҷиноии қавмӣ, ҳифзи русҳо дар хориҷ аз Русия ва ҷорӣ кардани интизомро дар Қафқозе, ки ӯ онро “оффшори ҷиноӣ” меномад, “барномаи воқеӣ”-е хонд, ки, ба андешаи ӯ, аз низоъҳои қавмӣ пешгирӣ хоҳад кард: "Ин як барномаи амалист. Он вуҷуд дорад, аммо бо баъзе сабабҳо ҷунбиши либералӣ бар ин аст, ки баррасии онҳо метавонад, тарафи, ба истилоҳ сиёҳи маънавиёти мардуми русро нишон диҳад ва чунин баррасӣ гӯё дафъатан Ҳитлери русро ба миён хоҳад овард ва чизҳео мисли ин. Ин мутлақан ғалат аст.”

Ба ақидаи коршиноси амрикоӣ Пол Гобл, оппозисюни либерали Русия дар давоми солҳо натавонист, бо баррасии масъалаҳои барои аксарияти қавми рус муҳим, ҳимояти ин аксариятро ба даст орад. Вай ба ин бовар аст, ки бархӯрди ошкорои Навалний метавонад, ба комёбии сиёсӣ расонад, аммо мисли шамшери дудама, хатар низ дорад: "Агар шахси саршиносе мисли Навалний нисбати ақаллиятҳои миллӣ аз суханони бад истифода кунад ва он ҳам ҳамзамон бо ишора ба арзишҳои бунёдии қавми рус, тундравон инро дастури амал хоҳанд шумурд ва коре хоҳанд кард, ки мутмаинам, худи Навалний онро маҳкум хоҳад кард.”

Ҳомии ҳуқуқи инсон Людмила Алексеева бархе аз паёмҳои Навалнийро натиҷаи камтаҷрибагии сиёсии ӯ медонад, вале ба ақидаи таҳлилгарони дигар, раҳбари мухолифон молеро ба бозор мебарорад, ки дар Русияи муосир муштарӣ дорад. Онҳо мегӯянд, аксари русҳо бо дил ва ҳисси худ раъй медиҳанд ва Навалний низ ин воқеиятро дарк мекунад. Ин аст, ки Навалний худро баёнгари ягон тамоюли сиёсӣ намедонад ва дар посух ба чунин суол мегӯяд, вай “шаҳрванди бомасъулияти Русия” асту бас.

Иттифоқан, намояндагони ақаллиятҳои миллии Русия, ба монанди тотору бошқирд ва ақвоми Қафқози Шимолӣ низ аз Навалний пуштибонӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ин сиёсатмадор ҳокимони кишварро водор мекунад, ба мушкили онҳо таваҷҷуҳ намоянд ва ҳам мамлакатро ба самти мардумсолорӣ пеш баранд.

Яке аз чеҳраҳои мухолиф ва собиқ ноиби сарвазири Русия, Борис Немтсов, аз мардум хост, бо вуҷуди баъзе аз ихтилофоти тактикӣ тарафдори Навалний бошанд. Ва журналисти дигарандеш Матвей Ганаполский бар ин аст, ки ҳар кас дар корномаи Навалний паёмҳои ба худаш муносибро меҷӯяд ва алҳол каси дигаре дар ҷои ӯ нест.

Дар ин силсила рӯйдодҳои асосии корномаи Алексей Навалний гирдоварӣ шудаанд:

XS
SM
MD
LG