Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Нармтар» шудани даъвогарони садама бо ширкати Расули Амонуллоҳ


Азиза Рӯзиева, яке аз маҷрӯҳони садама бо ширкати писари раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон.
Азиза Рӯзиева, яке аз маҷрӯҳони садама бо ширкати писари раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон.

Ду осебдидаи садама бо ширкати Расули Амонуллоҳ мегӯянд, мумкин аст, аз даъвои худ гузаранд, вале ба ақидаи ҳуқуқшиносон ин иқдом сабаби қатъи парванда шуда наметавонад.

Азиза Рӯзиеваи 20-сола, ки дар садамаи автомобилии Расули Амонулло шадидан осеб дида буд, бо вуҷуди баромадан аз бемористон ҳанӯз ҳам бистарӣ буда, ба ҷарроҳии сеюм ниёз дорад. Вай мегӯяд, умедвор аст, ки падари Расул, Амонулло Ҳукуматуллоҳ, раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба табобати пурраи ӯ кӯмак хоҳад кард.

Азиза, дар ҳоле ки наметавонист, аз бистар бархезад ва мегуфт, дар хонаи сард захми пояш ба сӯзиш меояд, гуфт ду бор ҷарроҳӣ шуд, вале ҳанӯз ҳам пойи росташ ҳаракат намекунад: «Шукронаи Худо, ки ҳаракат дорам, каме шишта метавонам, агарчанде роҳ гашта ҳам натавонам. Аз ҳама бештар шикаму пойҳоям осеб дидаанд, ки ҳоло шикамам беҳтар шудааст. Меъдаам ҳам хуб шудаст. Хӯроки хӯрдаамро ҳал карда метавонам. Аммо аз сабаби сардӣ дар пойҳоям ҳанӯзам дард эҳсос мешавад. 28-уми декабр бояд боз беморхона рафта, муоина кунем.»

Талошҳои муомила бо қурбониёни садамаи шаби 9 октябр
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим

Пизишкон гуфтаанд, ки боз як ҷарроҳии дигар зарур аст, аммо Азиза мегӯяд, маблағи чунин амалро пардохта наметавонад. Модари ӯ, Гулнора Рӯзиева мегӯяд, ки агар ҷарроҳии сеюм сурат нагирад, мушкил аст духтараш ба ин наздикиҳо ба пой хезад: «Дар ҷарроҳии аввалашро ба андаке қарз ва кӯмаки дӯстонаш гузаронидем. Ҷарроҳии дуюмро бошад комилан бо қарз гузаронидем. Пас аз ҷарроҳии дуюм вақте ба хона омадем, як корманди Ҳукумов омада ваъда дод, ки маблағи сеюм ҷарроҳиро худашон пардохт мекунанд.»

Азиза Рӯзиева, хонуме, ки дар садамаи БМВ-и Расули Амонулло ҷароҳат бардошта буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00


То ҳоло, ба гуфтаи модари Азиза, хонаводаи Амонулло Ҳукуматуллоҳ танҳо барои иҷораи манзил ва ғизо андак маблағ додаасту бас. Аммо модари Азиза меафзояд, ки духтараш бештар ба табобат ниёз дошта, барои ин сармоя надорад. Вай меафзояд, агар чунин кӯмак аз тарафи хонаводаи Расули Амонуллоҳ, ки масъули садамаи шаби 9-уми октябр шумурда мешавад, сурат гирад, Азиза мумкин аст, аз даъвои худ гузарад.

Ба фарқ аз Азиза, қурбонии дигари ин садама, Шокир Маҳкамови 26-сола мегӯяд, алҳол вазъи саломатияш нисбатан хуб буда, даст чапаш хуб кор намекунад ва ба иллати ҷароҳати пои чапаш ҳанӯз роҳ гашта наметавонад. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи Ҳукумов пули се ҷарроҳиро пардохтааст: «Ду ҷарроҳӣ аз ҳисоби худи Ҳукумов буд. Дар ҷарроҳии маротибаи сеюм наомаданд, ки хонаводаамон занг заданд, онҳо посух надоданд. Аммо пасон омада маблағи сарфкардаамонро пардохтанд. 700 доллар шуда буд ҷарроҳии поям, ки пурра пулашро одамони Ҳукумов ба хона оварда доданд. Як бори дигар ҳам ҳолам бад шуд, мошини ёрии таъҷилӣ равон карданд.»

Шокир Махкамов, ҷавоне, ки дар садамаи нақлиётии Расули Амонулло ҷароҳат бардошта буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Ин дар ҳолест, ки ҳам Шокир Маҳкамов ва ҳам Азиза Рӯзиева мегӯянд аз болои Ҳукумов шикоят нахоҳанд кард. Зеро шикоят кардан ё накарданашон маъное надорад. Ва ҳамчунин Умарҷон Шарифовро, ки гӯё сари чамбари мошин маҳз ӯ нишаста бошад, на Расули Амонулло намешиносанд ва дар борааш маълумоте надоранд.

Аммо сабаби аз даъво даст кашидани ҷабрдидаҳоро аз болои Расули Амонулло, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, Амонулло Ҳукумов баъзе манобеи огоҳ дар он рабт медиҳанд, ки хонаводаи Ҳукумов ба онҳо маблағу ба эҳтимоли зиёд, ҳатто хона ҳам ваъда додааст, то онҳо аз даъво нисбати писари Амонулло Ҳукуматуллоҳ даст кашанд.

Набудани даъво оё сабаби қатъи ҷавобгарӣ мешавад? Ҳуқуқшинос Мавлудхон Салеҳов мегӯяд: «Субъекти ҷиноят аллакай ҳаст, бинобар ин аз даъво даст кашидани ҷабрдидаҳо наметавонад ба боз шудани тафтишоти дигар монеъ шавад. Он ки ҷабрдидаҳо мегӯянд мо даъво надорем, ин танҳо як ҳолати сабуккунанда аст барои судшаванда.»

Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 25-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфтанд, тафтиши парвандаи ҷиноии садамаи нақлиётии пурқурбонӣ бо иштироки Расули Амонуллоҳ идома дорад. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт: “Таҳқиқ ҳанӯз идома дорад ва эҳтимолан дар рӯзҳои наздик ба итмом расида, парванда ба додситонӣ ирсол карда шавад.”

Бо гузашти беш аз ду моҳ аз садамаи нақлиётии пурсару садои шаби 9-уми октябр, ки 3 нафарро кушта ва 3 нафари дигарро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт, танҳо модари Расули Амонуллоҳи 16-сол, барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар бо маблағи 120 сомонӣ ҷарима шудааст. Аммо ин ҷазо танҳо барои аз тарбият дур мондани писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рабт дода мешавад.

Дар садамае, ки шаби 9-уми октябр дар маркази Душанбе рух дод ва имрӯз ба номи Расули Амонуллоҳ рақам зада мешавад, се нафар -- Аловуддин Саидов, Сурайё Исмоилова ва Уктам Мансуров ба ҳалокат расида, се нафари дигар шадидан маҷруҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG