Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Ленинро мешиносед?


Коммунистони тоҷик бо гулгузорӣ дар пояи муҷассама ва нимпайкараҳои Владимир Ленин, доҳии пролетарҳои тамоми ҷаҳон, рӯзи таваллуди ӯро таҷлил карданд.

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 22-уми апрел зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "маросим вижаи гулгузорӣ бар пояи муҷассамаи доҳии пролетарҳои тамоми дунё, ба муносибати 144-уми солгарди зодрӯзи Владимир Ленин субҳи имрӯз дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд."

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, дар ин маросим, ки дар мактаби ба номи Владимир Ленин, дар шаҳри Ваҳдат доир шуд, раҳбарияти ҳизби коммунист, собиқадорони ҳизб, ветеранҳои ҷангу меҳнат, ҷавононону мактаббачагон ширкат доштанд.

Ҷаноби Талбаков афзуд, ки бар иловаи гулгузорӣ бар пояи муҷассамаи Владимир Ленин, маҳфили гиромидошт аз ин шахсияти таърихӣ, суханрониҳо ва қироати шеъру суруд дар васфи доҳӣ, ватан ва ҳатто дар васфи Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои тоҷик сурат гирифтааст.
Ба таъкиди ҷаноби Талбаков, маросимҳои гиромидошт ва гулгузорӣ ба ифтихорӣ зодрӯзи Владимир Ленин дар ҳама гушаву манотиқи Тоҷикистон аз сӯи коммунистону собиқадорони ҳизб ва ветеранҳои ҷангу меҳнат ва мактаббачагон анҷом мешавад.

Зеро ба гуфтаи Исмоил Талбаков, феълан 66 муҷассамаи барқад ва нимпайкараҳои Ленин дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон побарҷост.

Ҷаноби Талбаков афзуд, ки то ҳол алоқа ва муҳаббат ба Ленин ҳамчун поягузори давлати муқтадири Иттиҳоди Шӯравӣ нишон медиҳад, ки мардум аз арзишҳои ҷомеъаи Шӯравӣ ва аз хушиҳои он даврону он давлати сохтаи Ленин ба некӣ ёд мекунанд. «Вақте ки муҷассамаи Ленинро аз шаҳрак ва ё навоҳӣ мебардоранд, сокинон ин пайкараҳоро дар манзилҳои худ ҳифз мекунанд. Имрӯзҳо даҳҳо муҷасамаи барқад ва нимпайкараҳои Ленин дар ҳавлӣ ва бӯстонсароҳои мардум гузошта шудаанд. Хусусан дар Данғара 12 пайкараи Ленин дар дасти мардум аст.»

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Талбаков, алоқаи мансабдорон ба Ленин ҳанӯз ҳам побарчост. Зеро, ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, «баъзе сокинони кишвар ҳатто мансабдорон ба мо муроҷиат мекунанд, ки агар бюст ё муҷассамаи Ленин барканда шавад, ба ихтиёрашон вогузорем, то ин ки ин ҳайкалҳоро онҳо дар бӯстонсароҳояшон гузоранд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран ҳукумати ноҳияи Темурмалик муҷассамаи "доҳии пролетарҳои ҷаҳон"-ро, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст, бо кумаки сокинон тармиму бозсозӣ кард. Масъулони ҳукумати ноҳияи Темурмалик гуфтанд, ки барои тармиму бозсозии муҷассамаи Ленин маблағи 1500 доллар сарф шудааст. Ба гуфтаи масъулон, Ленин, ки асосгузори давлати Шӯравӣ буд ва муҷассамаи вай дар ноҳияи Темурмалик бо пули мардум бунёд шудааст, беҳтар аст, ободу зебо бимонад. Муҷассамаи Владимир Ленин дар майдони марказии ноҳияи Темурмалик дар як таҳкурсии баландиаш на камтар аз 10 метр гузошта шудааст.

То чанд соли пеш муҷассамаҳои Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ҳанӯз зеб медод. Аммо мақомоти кунунӣ ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленинро бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ва адибони форсу тоҷик иваз карданд.

Аммо нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом, ки моҳи сентябри соли 1991 бо қарори шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов сурат гирифт, мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард. Издиҳоми бузург фардои кандани ҳайкал ба ин майдон рехта, раиси парлумони вақт Қадриддин Аслоновро аз мақом барканор карданд.
Владимир Ленин (Улянов) соли 1870 дар шаҳри Симбирск (Уляновски кунунӣ) ба дунё омада, ҳанӯз аз овони ҷавониаш ба ҳаракати инқилобии зидди низоми подшоҳии Русия пайваст. Ӯ бо ҷамъи ҳамфикронаш дар соли 1902 ҳизби сотсиал-демократи коргарии Русия(РСДРП)-ро таъсис дод, ки баъдан ба ду ҷиноҳи болшевикони тарафдори Ленин ва меншевикон ҷудо шуд. Ҷиноҳи болшевикон дар тирамоҳи соли 1917 ҳукумати муваққатеро, ки баъди суқути тахти подшоҳии Николайи 2 -охирин намояндаи сулолаи Романовҳо - ба қудрат расид, сарнагун кард ва нахустин "давлати коргару деҳқон"-ро ташкил дод. Соли 1922 ин давлат ба Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) табдили ном кард.

Асосгузори ин давлат ва нахустин раиси Шӯрои кумиссарони халқаш Владимир Ленин 21-уми январи соли 1924 даргузашт. Ҷасади ӯро марҳам ё худ балзам карда, рӯзи 27-уми январи ҳамон сол дар Мавзолей - оромгоҳи вижае, ки махсус барои ӯ дар паҳлуи Кремли Маскав сохтанд, гузоштанд.

Иттиҳоди Шӯравӣ, давлати сохтаи Владимир Ленин соли 1991 пош хӯрд. Бо гузашти 90 сол аз даргузашти Ленин ва 22 сол аз суқути давлати сохтаи ӯ ҷасади Владимир Ленин ҳамчунон дар Мавзолей боқист. Вале шахсеро, ки як замон дар шашяки рӯи замин бо сифатҳое, чун "доҳии пролетариат", "аз зиндаҳо ҳам зиндатар", "даҳо" ва амсоли ин парастиш мешуд, ҳоло дар ин паҳно бахусус насли ҷавон қариб намешиносад.

Дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо наврасони тоҷик хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе аз мусоҳибонашон пурсиданд, ки оё Владимир Ленинро мешиносанд?
XS
SM
MD
LG