Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна кони тилои Покрӯд моли «100-фоиза»-и Чин шуд?


Кони тилои Покрӯд, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, аввалин захираи маъданҳои гаронбаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври пурра ба ихтиёри ширкати хориҷӣ, дар ин маврид корпоратсияи чиноии China Nonferrous Gold Limited, дода шудааст.

Рақами моликияти «100-дарсадӣ» барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон тасаввуреро ба миён овардааст, ки Тоҷикистон аз ин кон фоидае нахоҳад гирифт.

Тавре дар торнамои ширкати CNG зикр шудааст, он нахустини ширкати хориҷиест, ки кулли захираҳои як конро дар Тоҷикистон ба моликияти худ табдил дода, барои истихроҷи он иҷозатномаи ихтисосӣ дорад. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ивази сохтмони нерӯгоҳи барқ ва гармидиҳии Душанбе як кони дигарро дар ноҳияи Айнӣ дар ихтиёри ширкати чиноӣ қарор хоҳад дод.

Дар пасманзари таваҷҷӯҳи Чин ба сарватҳои табии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин гумон ҳам бартарӣ дорад, ки дар оянда мумкин аст, конҳои дигаре ба ихтиёри ширкатҳои чиноӣ гузаранд. То куҷо ин барои иқтисоди Тоҷикистон манфиатовар аст?

Ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон, маъданшиноси собиқадор, Георгий Кошлаков, мегӯяд, агар давлати Тоҷикистон ба ширкати чиноӣ имтиёзҳои махсуси боҷу андоз надода бошад, буҷаи кишвар аз моликияти 100-дарсадии ширкати чиноӣ зараре нахоҳад дид. Вай афзуд: «ягона чизе, ки кишвар аз даст медиҳад, ин ҳаққи мудирияти кон мебошад. Агар кон моликияти ягон шаҳрванди Тоҷикистон ҳам мебуд, Бонки миллӣ тилоро аз ӯ боз ҳам тибқи нархномаҳои ҷаҳонӣ мехарид. Аз чиноиҳо низ ҳамин тавр. Андоз чӣ хеле ки буд, боқӣ мемонад, даромади будҷа аз ин тағйир нахоҳад ёфт.»

Надоштани ҳаққи мудирият шояд ба давлати Тоҷикистон имкон нахоҳад дод, ки ба шеваҳои кори кон дахолат кунад, махсусан агар истихроҷи маъдан бе риояти қоидаҳои махсуси зистмуҳитӣ ва ҳифзи саломатии коргарону аҳолии минтақа ҷараён гирад. Аммо дар Шӯрои мудирони кони Покрӯд шаҳрванди Тоҷикистон, Абӯалӣ Исматов низ ҳаст ва гумон меравад, ӯ аз манфиатҳои кишвар ва мардуми худ ҳимоят хоҳад кард. Бо вуҷуди ин гумони ғолиб, ки дар расонаҳо ба назар мерасад, ин аст, ки чаро мақомоти Тоҷикистон кони тилои Покрӯдро пурра ба ихтиёри ширкати чиноӣ додаанд ва ин додуситад чӣ гуна ба вуқӯъ пайвастааст?

Бархе аз коршиносон мегӯянд навҳаи ба ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ вогузор шудани конҳо ва захираҳои қаъри замини Тоҷикистон хеле пӯшида ва ношафоф аст. Аз ҷумла, Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «мо одатан иттилоъро дар мавриди ба ширкатҳои хориҷӣ додани конҳои Тоҷикистон пас аз тасдиқ шуданашон аз расонаҳои мустақил мефаҳмем. Пеш аз оне ки як кон ба ихтиёри ширкати хориҷӣ дода мешавад, бояд он дар маҳзари ом баррасӣ шавад, назари коршиносон пурсида шавад. Мо ҳоло намедонем, ки фоидаи Тоҷикистон аз истихроҷи ин кон чӣ аст? Захираҳои миллӣ бояд ҳамеша ба манфиати миллат истифода шаванд.»

Пас чӣ гуна ва бо чӣ шевае кони тиллои Покрӯди Тоҷикистон дар ихтиёри комили ширкати чиноӣ қарор гирифтааст? Раҳмонбек Бахдавлатов, муовини раиси саридораи «Геологияи тоҷик» дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин дигаргунӣ дар натиҷаи фурӯши саҳмияҳои кони мазкур ба миён омадааст. Вай гуфт: «Мо ба ширкати тоҷикистонии ҶДММ «Покрӯд» барои истихроҷи тилло иҷозатнома додаем, на ба ширкати чиноӣ. Ба идораи мо ҳамин корхона дар мавриди кораш ҳисобот медиҳад. Аммо ин ширкати саҳҳомӣ аст ва саҳмияҳои онро метавонанд аз ҷумла ширкатҳои хориҷӣ бихаранд. Қонунгузории Тоҷикистон инро манъ накардааст».

Тавре аз гуфтаҳои оқои Бахдавлатов бармеояд, ширкати «Покрӯд» сараввал дар Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан саҳмияҳои худро ба ширкати хориҷӣ фурӯхтааст. Сараввал саҳмияҳои «Покрӯд»-ро ширкати офшории Kryso Resources Corporation Limited дар Лондон харида, баъдан ин ширкат худро дар шаҳри Пекини Чин бо номи CNG сабти ном кардааст. Бо харидани ҳамаи саҳмияҳои ширкати «Покрӯд» дар соли 2012 CNG ҳаққи истихроҷи захираҳои ин конро то соли 2030 соҳиб гашт.

Бо вуҷуди корҳои омодагӣ, истихроҷи тилло аз кони Покрӯд ҳанӯз сар нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки интизор мерафт, аввалин килограмҳои тило аз ин ҷо дар оғози соли равон ба даст меомад.

Фахриддин Файзуллоев, муҳандиси аршади кони Покрӯд дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «ҳоло то кони Покурд 53 километр роҳ сохта шудааст. Ҳамчунин дар худи кон сохтмони иншооти зерсохтмонӣ идома дорад. Ҳамзамон дар худи шаҳри Ваҳдат корҳои омодагӣ барои сохтмони корхонаи кӯҳии коркарди ашёи хом ва истеҳсоли тилои холис рафта истодааст».

Ҷаноби Файзуллоев афзуд, бояд то охири соли равон корхонаи истихроҷи тилло ба кор дарояд. Ба таъкиди Файзуллоев дар сурати ба кор шуруъ кардани ин корхона ҳудуди 1000 нафар аз мутахассисони маҳаллӣ ба кор таъмин хоҳанд шуд.

Бино бар санҷишҳои пешакии саридораи «Геологияи тоҷик» дар кони тилои «Покрӯд» беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120-километрии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ва қаторкӯҳҳои Тиён-Шон воқеъ аст.

Тоҷикистон дар гузашта низ барои истихроҷи захираҳои маъдани худ, аз ҷумла тило аз сармоягузориҳои хориҷӣ истифода мекард. Аз ҷумла корхонаи муштараки истихроҷи тилои «Зарафшон» нахуст бо иштироки ширкати бритониёӣ ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта буд, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро низ ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG