Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Як хотираи ҷолиби Фаҳими Даштӣ аз сулҳи тоҷикон


Фаҳими Даштӣ, рӯзноманигори афғон хотираеро аз гуфтушуниди ҷонибҳои даргири тоҷик дар солҳои навадум нақл мекунад, ки дар Кобул доир шуда буд.

Ин қисса дар саҳифаи "Фейсбук"-и Фаҳими Даштӣ корида шудааст ва аз он ҷо, ки дар рӯзҳои 17-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон қарор дорем, онро бидуни тағйир ба нашр мерасонем.

Пас аз чанд соли ҷанг ва даргирӣ миёни давлат ва гурӯҳҳои исломии Тоҷикистон, билохира ба миёнҷигарии Омир соҳиб (манзур Аҳмадшоҳ Масъуд-- РО) ду тараф барои анҷоми гуфтугӯҳои сулҳ мувофиқат карданд. Натиҷаи ин гуфтугӯҳо таҳияи муқаддамоти паймони сулҳе буд, ки ду тараф дар сохтмони вазорати хориҷаи Афғонистон дар Кобул, рӯи он тавофуқ карданд. Рӯи ин паймони сулҳ аз сӯи давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва аз сӯи муҷоҳиддини Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон тавофуқ карданд.

Дар поёни ин маросим ҳар ду раҳбар дар ҳоле, ки Бурҳониддин Раббонӣ, раиси давлати муҷоҳиддин дар миёни онон нишаста буд, дар як нишасти хабарӣ дар сохтмоне, ки ба номи "Қасри сатури вазорати хориҷа" машҳур аст, ширкат карданд. Хабарнигорони хориҷӣ теъдодашон зиёд буд ва чанд хабарнигори афғон ҳам барои пӯшиши хабарӣ омада буданд. Пурсишҳо умдатан рӯи паёмадҳои паймони сулҳ барои Тоҷикистон буд ва ҳар раҳбари тоҷик талош мекарданд дар суханонашон интиҳои тавофуқи назарро нишон диҳанд. Муҳиддин Олимпур, хабарнигори тоҷик, ки он рӯзҳо барои радиои дарии ББС кор мекард ва баъдҳо ба таври номаълуме ба қатл расид, пурсишеро матраҳ кард. Ба ёдам нест суолаш чӣ буд, аммо қабл аз ироа гуфт, ки ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон аз тавофуқ рӯи паймон хурсанд аст ва эҳсоси фахр мекунад.

Дар моҳҳои қабл аз анҷоми ин тавофуқот, борҳо нерӯҳои заминӣ ва ҳавоии Русия, ки дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон мустақар буданд, манотиқеро дар ин сӯи марз, ки гумон мекарданд муҷоҳиддини тоҷик дар онҷо ҳузур доранд, ҳадафи бамборони ҳавоӣ ва тӯпхонаи сангин қарор дода буданд, ки бар асари он талафони ҷонӣ ва молӣ бар сокинон бумӣ низ ворид шуда буд. Бо ин ҳол фазои нишасти хабарӣ он рӯз ба гунае буд, ки намешуд дар ин маврид пурсишеро матраҳ кард. Ё ҳадди ақал барои ман, ки хабарнигори тозакор ва ҷавон будам ва таҷрибаи ҳузур дар нишастҳои хабарӣ муҳим надоштам. Сахт менамуд, ки дар чунин фазое бихоҳам як пурсиши комилан дур аз мавзӯъи баҳсро матраҳ кунам, аммо ин, ки Муҳиддин Олимпур гуфт, ки ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон... баҳонае ба ман даст дод.

Фаҳими Даштӣ
Фаҳими Даштӣ

Навбат ки ба ман расид гуфтам, намехостам ин пурсишро матраҳ кунам, вале ба унвони як шаҳрванди Афғонистон аз ин, ки мебинам шаҳрвандони Афғонистон мол ва ҷонашонро бар асари ҳамалоти нерӯҳои марзбонии рус мустақар дар Тоҷикистон аз даст медиҳад, мехоҳам назари раҳбарони Тоҷикистонро дар ин маврид бидонам. Тарафи пурсиш ҳам Эмомалӣ Раҳмон буд ва ҳам Саид Абдуллоҳи Нурӣ. Мехостам бидонам, ки оё баъд аз тавофуқоти ҷадид, ҳамчунон шоҳиди онгуна ҳамалот хоҳем буд ё хайр ва ҳамчунон аз Эмомалӣ Раҳмон пурсидам, ки оё ин ҳамалот бар хоки Афғонистон бо тавофуқи давлати Тоҷикистон сурат мегирад ё аз контроли он давлат хориҷ аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чанд калимаи маъдуд (кӯтоҳ) ба забони бисёр дипломатӣ аз ироаи як посухи рӯшан туфра рафт (дурӣ ҷуст) ва бидуни ин, ки мунтазири посухи Саид Абдуллоҳи Нурӣ бимонад, хабарнигори дигареро, ки дасташро барои навбат гирифтан боло бурда буд, ишора кард, то пурсиши худро матраҳ кунад. Он хабарнигор аз ҷо истод ва худро муаррифӣ кард, аз хабарнигорони телевизиони давлатии Тоҷикистон буд. Аммо қабл аз ин, ки суоли худро матраҳ кунад, Саид Абдуллоҳ Нури мудохила кард ва гуфт, ки мехоҳад ба суоли қаблӣ посух бидиҳад.

Посухи вай фазои нишастро тағйир дод. Ӯ бо интиқоди шадид аз давлати Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти ин давлат набояд ба нерӯҳои русӣ иҷоза бидиҳанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва афғонро дар ин сӯи дарёи Ому ҳадаф қарор бидиҳанд. Ба бовари Нурӣ, ин ҳамалот истиқлоли давлати Тоҷикистонро зери суол мебарад ва сабаби идомаи даргириҳо миёни Наҳзати исломӣ ва давлати он кившвар шуда метавонист.

Эмомалӣ Раҳмон барошуфта ба назар мерасид ва худро омодаи посух додан ба Нурӣ сохта буд, ки бо мудохилаи Бурҳониддин Раббонӣ ин ҷанҷол поён ёфт. Устод Раббонӣ бо ишора ба Раҳим Рифъат, аз кормандони вазорати хориҷаи Афғонистон, ки гардонандагии он нишастро бар ӯҳда дошт, фаҳмонд, ки поёни нишастро эълон кунад. Қабл аз ин, ки Эмомалӣ Раҳмон чизе бигӯяд, Рифъат поёни нишасти хабариро эълон кард ва аз меҳмонон хост, ки барои сарфи асрона (шомхӯрӣ) ба боғи ақиби сохтмони вазорати хориҷа бираванд.

Хабарнигорон ҳам ононро таъқиб мекарданд. Ман барои ин, ки чанд қитъа акс бигирам, пешопеши меҳмонон ва мизбонон ақиб-ақиб мерафтам ва акс мегирифтам. Шунидам Эмомалӣ Раҳмон бо лаҳҷаи тоҷикӣ ба устод Раббонӣ мегуфт, ки "он ҷавони аҳмақро ҷазо бидиҳед." Вақте устод Раббонӣ аз ӯ пурсид, ки манзураш кӣ аст, дар ҳоле бовар дорам, медонист ва фақат мехост ба ин тартиб хашми Эмомалӣ Раҳмонро коҳиш диҳад, нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ман афтод ва ба суръат дасташро ба сӯи ман дароз кард ва гуфт: "ҳамин бачаро мегӯям." Мар камраамро ( дурбин) бар шонаам андохта ва дар миёни ҷамъият худро аз назари онҳо пинҳон кардам.

Чанд рӯз пас аз он нишасти хабарӣ дар манзили доктор Абдуллоҳ будам, ки гуфтанд, Омир соҳиб меояд. Момоям (тағоям) ба ман вазифа дод, ки дами дар мунтазири Омир соҳиб бошам. Беш аз ним соатро интизор кашидам, аммо аз Омир соҳиб хабаре нашуд. Ба муҳофизоне, ки онҷо буданд, гуфтам, ки ҳар гоҳ мутари (мошин) Омир соҳиб аз дур намоён шуд, маро хабар бидиҳанд ва худам даруни хона омадам. Дарб зада шуд, фикр кардам яке аз муҳофизон ҳастанд. Бо суръат то дарвоза давидам ва бо ҳамон суръат дарвозаро боз кардам. Боварам намешуд. Омир соҳиб пушти дар истода ва либоси ғайри оддӣ бар тан дошт. Ҳамаи касоне, ки Омир соҳибро мешинохтанд, медонанд, ҳамеша либоси хоси худашро доштааст. Аммо он рӯз як дрешии (шими) шоколодранг, бо пероҳани яханқоқи (гиребон) насворӣ ва бутҳои (пойазол) барроқи насворӣ пӯшида ва кулоҳи пакулаш ҳам бар сараш набуд. Танҳо нектои (галстук) назада буд.

Гич (ҳайрон) монда будам, ки чӣ кунам, Ҳатто салом додан аз ёдам рафта буд ва барои чанд лаҳза бидуни ин, ки аз қоби дарвоза дур шавам, то Омир соҳиб вориди хона шавад, ҳамонҷо мехкӯб шуда будам. Омир соҳиб, ки мутаваҷҷеҳи ин ҳолат шуда буд, бо шӯхӣ гуфт, ки оё иҷоза дорад ворид шавад ё на. Бо дастпочагӣ худро канор кашидам ва Омир соҳиб дар ҳоле, ки долони борики масири дарвоза бо ҳавлиро мепаймуд, бо лаҳни омирона гуфт "ба ту оғозода кӣ гуфта буд, ки аз раҳбарони тоҷик суол бикунӣ?" Фикр кардам нороҳат аст. Ранг аз чеҳраам парид ва забонам ба лакнат афтод. Ҳайрон монда будам, ки чӣ ҷавоб бидиҳам. Як бор хостам Маъмунро (шояд Маъмун Раззоқ бошад -- РО) дами теғ бидиҳам ва бигӯям, ки суолро ӯ бароям омода карда буд. Дар ҳамин ҳол будам, ки садои Омир соҳиб бо ҳамон лаҳни пур аз меҳрубонии ҳамешагиаш маро ба худ овард: "Хайр бибинӣ! Мардум ва ватан аз ҳама чиз муҳимтар ҳастанд ва маслиҳате дар ин маврид вуҷуд надорад." Хун ба суратам давид ва ҳалқам аз хушкӣ бадар омад.

XS
SM
MD
LG