Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2014 барои варзиши Тоҷикистон чӣ соле буд?


Хабарнигорони варзишӣ натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст мекунанд.
Хабарнигорони варзишӣ натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст мекунанд.

Дар ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми декабр, дар шаҳри Душанбемавсими варзишии соли 2014 натиҷагирӣ шуд.

Дар ҳамоиши хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон, ки имрӯз, 20-уми декабр, дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барпо гардид, мавсими варзишии соли 2014 натиҷагирӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо ин кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави 2015 табрик гуфт. Баъдан вай дар бораи натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар мавсими соли 2014иттилоъ дод. Ӯ зикр намуд, бузургтарин мусобиқоти имсола барои варзишгарони тоҷик Бозиҳои XVII осиёӣ маҳсуб мешуд, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд.

Вай гуфт, “дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштии озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэдо, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 77 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо ВТФ байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни беш аз 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Умуман, варзишгарони 37 кишвармедалҳоиБозиҳои XVII осиёиро ба даст овардандванамояндагони 28 кишвар, аз он ҷумлаТоҷикистон, ба унвониқаҳрамонибозиҳомушаррафшуданд. Тоҷикистонбокасби 5 медал дар байни 45 кишвар дар ҷойи 23-юм қароргирифт.

Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки “Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддие буд пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия. Намояндагони Тоҷикистонро ба ин бозиҳо Кумитаимилли иолимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ сафарбар намуд. Мо аз натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгаронамон дар Бозиҳои XVII осиёӣ қаноатмандем. Бояд тазаккур дод, ки шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони мо нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин як адад беш аст, инчунин аз ҷиҳати сифати медалҳо низ натиҷаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои XVII осиёӣ беҳтар мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои Гуанҷоу дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло шуд. Бояд гуфт, ки ин натиҷаи беҳтарини мунтахабиТоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ аз соли 1994 то кунун мебошад.”

Ҷаноби Раҷабалиев, инчунин, ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ, ки ба он пезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад, барои соли 2015 иттилоъ дод.

- Соли оянда, - иброз дошт Б. Раҷабалиев, - варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣширкат карда, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Мо дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабр барпо гардид, рӯйхати 15 варзишгари беҳтаринро барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпӣ тасдиқ кардем. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Залимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.”

Дар ин ҳамоиш раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ба намояндагони расонаҳои хабарии кишвар гуфт, бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол дониста шуд. Вай афзуд, “Дилшод имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол Залимхон Юсупов (гуштии озод), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳаимова (ҳарсе оидба таэквондо ВТФ), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов (ҳарду оид ба само), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов(гуштии кураш), ва Акмал Қодиров (армрестлинг, байни варзишгарони маъюб) дохил шуданд.

“Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тоҷик дар чемпионати Осиё дар риштаҳои олимпӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст наёфтааст,” - иброз дошт Нарзулло Латифов.

XS
SM
MD
LG