Дар чанд ҷумла
Қонун дар бораи ҳиҷоби занон дар Эрон нагузашт

Дар Эрон пешнависи қонуне дар бораи додани салоҳияти бештар ба пулиси кишвар барои водор кардани занон ба пӯшидани ҳиҷоб ғайриқонунӣ арзёбӣ шуд.
3 январ матбуоти Эрон гузориш дод, ки ниҳоди билқувваи ин кишвар, яъне Шӯрои Нигаҳбон, ки аз 12 узв иборат аст, ин тарҳи инкоршударо бори дигар мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Бар асоси шариати ислом, зан дар Эрон бояд рӯсарӣ бигирад, гардани худро пинҳон кунад ва мӯи сараш дида нашавад.
ИРНО-хабаргузории расмии Эрон аз қавли сухангӯи ин шӯро гуфтааст, ки пешнависи қонуни мазкур аз 24 модда иборат аст ва баъзе аз ин моддаҳо ба муқаррароти Қонуни Асосӣ мутобиқат намекунад, барои ҳамин ин қонун ба тасвиб нарасидааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Комиссиюни Аврупо бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро таҳия намуд

Комиссиюни Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро пешниҳод кард. Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 19 сентябр намояндаи расмии ин ниҳод Паула Пинйо хабар дод.
Раҳбари комиссиюн Урсула фон дер Ляен гуфт, ки пешниҳод шудааст аз 1 январи соли 2027 аз хариди гази табиии моеи Русия даст кашида ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Роснефть" ва "Газпромнефть" пурра манъ карда шавад.
Ӯ гуфт, ки ба феҳристи таҳримшудаҳо 118 киштии соягии Русия ворид карда шуда, шумори умумии онҳо акнун 560 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин 45 ширкати русӣ ва хориҷӣ, пойгоҳҳои криптоасъор, бонкҳои русӣ ва бонкҳои кишварҳои сеюм ҳам таҳрим шуданд. Исми дақиқи ин муассисаҳо феълан нашр нашудаанд. Ба иловаи ин, пешниҳод шудааст, ки муомилаҳо бо криптоасъор ва ҳам ширкатҳое, ки дар минтақаҳои хоси иқтисодӣ сабт шудаанд, пурра манъ шаванд. Чораҳои маҳдудкунанда дар нисбати системаи пулии русии “Мир” ҳам ҷорӣ карда мешавад.
Фон дер Ляйен рӯзи 16 сентябр гуфта буд: «Иқтисоди ҷангии Русия аз ҳисоби даромади маводи сӯхт дастгирӣ шуда хунрезиҳои Украинаро маблағгузорӣ мекунад. Барои хотима гузоштан ба он Комиссиюн пешниҳод корад, ки марҳила ба марҳила аз воридоти маводи сӯхти Русия даст кашида шавад”.
Иттиҳоди Аврупо то имрӯз воридоти нафти хомро аз Русия бо роҳҳои баҳрӣ манъ карда, барои хариди он марзи 47,6 доллар барои ҳар бушка таъин кардааст, дар ҳоле, ки то тобистони имсол нархи як бушка нафт 60 долларро ташкил медод. Қаблан гуфта мешуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз 1 январи соли 2028 аз воридоти нафти русӣ даст мекашад.
18 сентябр мақомот дар Эстония гуфтанд, ки аз 1 январи соли 2026 харид ва воридоти гази моеи табии Русияро манъ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Эстония Маргус Тсахкна гуфт, ки Русия аз ниятҳояш даст накашидааст ва бо идомаи ҷанги васеъмиқёс амнияти ҷаҳониро таҳти хатар қарор медиҳад. Ӯ гуфт, «мо боло бурдани нархи ин таҷовуз барои Русия ва роҳҳои кам кардани даромади онро идома медиҳем, чун мошини ҷангиро маблағгузорӣ мекунанд».
Толибон ҷуфти ҳамсарон Рейнолдсро аз ҳасб озод карданд

Мақомоти Толибон дар Афғонистон рӯзи 19 сентябр гуфтанд, ҳамсарони пиронсол аз Бритониёро баъди ҳашт моҳи ҳабс озод карданд.
Питер Рейнолдси 80 ва Барбараи 76-сола моҳи феврали имсол боздошт шуданд ва вақтҳои охир хабар мерасид, ки вазъи саломатии онҳо дар ҳабс бадтар мешавад.
Ҷуфти озодшударо ба намояндаи вижаи Бритониё Ричард Линдсей супурданд. Хабар дода шуд, ки ҳамсарон Рейнолдсро асосан бо талошҳои дипломатии ҷониби Қатар тавонистанд озод кунанд.
Питер ва Барбара Рейнолдс соли 1970 дар Кобул издивоҷ карда давоми бист сол дар он ҷо бо барномаҳои таълимӣ машғул буданд. Онҳо инчунин шиносномаҳои расмии шаҳрвандони Афғонистонро доштанд.
Сабаби боздошти онҳоро ҳукумати Толибон ҳеҷ гоҳ нашр накардааст, вале баъди ҳабси онҳо дар вилояти Бомиён гуфтанд, ки ҳамсарон Рейнолдс «қонунро вайрон кардаанд».
Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои III кишварҳои ИДМ омода мешаванд

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар Озарбойҷон баргузор мешаванд, бо шумули 142 нафар ширкат хоҳанд кард.
Тавре хабаргузории azerisport.com иттилоъ медиҳад, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштироки худро дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ тасдиқ кардаанд.
Бозиҳо дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ баргузор мешаванд. Ганҷа шаҳри асосии мусобиқот хоҳад буд, ки дар он маросими расмии ифтитоҳ ва пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.
Шумораи аз ҳама зиёди варзишгаронро дастаи мизбон - мунтахаби Озарбойҷон - ташкил медиҳад, ки аз 349 варзишгар иборат аст. Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия 263, Қазоқистон 259, Узбекистон 257, Беларус 255, Туркманистон 170, Тоҷикистон 142 ва Қирғизистон 85 варзишгар дохиланд.
Ба ғайр аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Бозиҳои сеюм иштироки варзишгарон аз 15 кишвари хориҷӣ низ дар назар аст.
Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии ҳайатҳои вакилон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ наздики 3000 нафар, аз он ҷумла ҳудуди 2000 варзишгарро ташкил хоҳад дод. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо варзишгарони то 23-сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар 18 намуд: бадминтон, баскетбол, батут, бокс, волейбол, гимнастика, гуштии озод, гуштии юнону румӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таеквондо WT, тирандозӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ҷудо иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.
Дар Бозиҳои I кишварҳои ИДМ мунтахаби Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 нишони тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат варзида, бо касби 13 медал (1 нишони тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд.
Дастаи мунтахаби Русия, ки дар даҳ рӯзи бозиҳо 288 медал (149 тилло, 89 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб гашт.
Мунтахаби Беларус бо касби 236 медал (48+78+110) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 106 медал (28+25+53) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чаҳор адад кам гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он буд, ки варзишгарони тоҷик ин дафъа тавонистанд
бори аввал медали тилло бигиранд. Медали ягонаи тиллоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 килограмм овард.
Ҳабси 1500 тонна кокаин дар соҳилҳои Петербург

Сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Санкт-Петебург аз ҳабси беш аз 1,5 тонна кокаин хабар доданд. “Фонтанка” навишт, ходимони ҳифзи қонун дар бораи эҳтимоли қочоқ шудани маводи мухаддири мамнӯъшуда аз ҳамкорони хориҷиашон хабар ёфтанд.
Рӯзи 29 август тафтиш дар соҳилҳои Санкт-Петербург, ки ба халиҷи Финляндии баҳри Балтик мебарад, нишон дод, ки дар як боре, ки банан дошту бо киштии Cool Emerald аз кишвари Эквадор омада буд, 1500 халтачаи кокаин пайдо шуд. Дар бозори сиёҳ нархи он беш аз 20 миллиард рубл, муодили 240 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тафтиш оғоз гардид.
“Фонтанка” мегӯяд, дар соҳилҳои Санкт-Петербург ҳар сари чанд вақт маводи мухаддири аз Эквадор омадаро ошкор ва ҳабс мекунанд. Моҳи маи имсол ҳам дар дохили киштие 61 кг кокаин пайдо шуд. Моҳи июл як шаҳрванди Эквадорро ҳангоми талоши фурӯши 23 кг кокаин боздошт карданд.
Шаҳри Волгоград дубора Сталинград мешавад?

Президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки ба сари пешниҳоди раҳбари ҳизби коммунист Геннадий Зюганов дар бораи аз Волгоград ба Сталинград табдил кардани исми шаҳри маъруфи Русия «андеша мекунад». РБК навишт, Путин 18 сентябр дар мулоқот бо раҳбарони ҷиноҳҳои ҳизбии Думаи давлатӣ ба пешниҳоди бозгардони исми пешини шаҳри Волгоград гуфт:
«Бояд андеша кунем. Инро сокинони маҳаллӣ ҳал мекунанд, вале дар маҷмӯъ ҳамаи он чизе, ки бо Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам нақше, ки Сталин дар ин ғалаба доштааст, ба инобат гирифта ва кӯшише шавад, ки ранги сиёсӣ нагирад».
Путин инчунин гуфт, дар бораи саркӯбҳои давраи ҳукумати сталинӣ ва баробар бо он, нақше, ки «ин шахси муайян дар ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги ҷаҳон доштааст, набояд фаромӯш шавад».
РБК ёдовар шудааст, ки Путин соли 2017 дар мусоҳибааш ба коргардон Оливер Стоун гуфт, дар Ғарб "аз ҳад зиёд бад нишон додани» Сталин як василаи ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия шудааст.
Таҷлил аз 80-солагии Гулназар Келдӣ дар Тоҷикистон

Ба ифтихори 80-солагии марҳум Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки муаллифи Суруди миллӣ мебошад, дар Душанбе ва вилояти Суғд маросимҳои ҷашнӣ барпо мегарданд. Қарор аст рӯзи 20 сентябр ба ифтихори ин сана дар зодгоҳи шоир - ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо иштироки адибони тоҷик маросими ёдбуде барпо шавад. То он замон чандин маросиме дар шаҳри Душанбе ва ҳам маркази ноҳияи Айнӣ барпо гардид.
Рӯзи 18 сентябр дар Душанбе маҳфили адабию ҳунарие ба ифтихори зодрӯзи шоир бо иштироки шоирон, нависандагон ва аҳли адаб баргузор гардида, ба навиштаи «Ховар», иштирокчиён аз нақши шоир «дар ташаккули андешаи миллӣ, тарғиби ватанпарастӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд». Рӯзи 16-уми сентябр дар маркази ноҳияи Айнӣ, дар назди муҷассамаи шоир маҳфили “Шоми Гулназар” баргузор гардид.
Гулназар Келдӣ, ки аз солҳои 1970-ум ба арсаи адабиёт ворид шудааст, муаллифи даҳҳо маҷмӯаи ашъор мебошад. Ӯ то охири умраш як адиби фаъол ва озодандеш буд ва борҳо назарҳои танқидиро дар бораи вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ваё шеъру адаб дар Тоҷикистон баён кардааст.
Аз ҷумла, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2011 дар бораи сабабҳои гӯё беарзиш шудани сухан дар ҷомеа гуфт: «Ҳар вақт, ки мушкилӣ ҳаст, адабиёт пеш намеравад. Чаро дар замони Сомониҳо адабиёт пеш рафт, ин қадар шоиру нависандаҳо ба майдон омаданд, устод Рӯдакӣ пайдо шуд? Чунки замони хуб буд. Замона хуб шавад, адабиёт ҳам хуб мешавад ва мардум ба адабиёт рӯ меоварад."
Гулназар Келдӣ рӯзи 13 августи соли 2020 дар давраи пандемияи короновирус дар синни 75-солагӣ даргузашт.
ИМА қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи қатъи ҷанги Ғаззаро "вето" кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қатъномаи нави Шӯрои амният дар бораи ҷанг дар Ғазза "вето" гузошт. Ин қатънома талаб мекард, ки дар Ғазза "оташбаси фаврӣ, беқайду шарт ва доимӣ" ҷорӣ шавад ва Исроил ҳама гуна маҳдудият барои вуруди кумакҳои башардӯстонаба ин минтақаро бекор кунад. Ҳамаи 14 узви Шӯрои амният аз ин қатънома пуштибонӣ карданд.
Ин санад баъд аз он таҳия шуд, ки Созмони Милал моҳи август баъди ду соли ҷанг бори аввал дар Навори Ғазза қаҳтӣ эълон кард. Дар қатъномае, ки аз сӯи даҳ узви Шӯрои амният таҳия шуда буд, ҳамчунин талаб мешуд, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро бидуни қайду шарт озод кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Кристин Лассен, сафири Дания дар Созмони Милал гуфт, ин қатънома паёми рӯшане аст, ки Шӯрои Амният аз талошҳо барои барқарории оташбас дар Ғазза, гуруснагӣ дар ин минтақа ва озодии гаравгонҳо даст намекашад.
Намояндаи Исроил дар Созмони милал гуфт, ин қатънома "гаравгонҳоро озод ва ба минтақа субот намеорад".
Сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, кишвараш ин қатъномаро қабул надорад ва вақти он расидааст, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро озод карда, таслим шавад.
Боздошт 4 тан дар Душанбе барои рафтан ба назди фолбин

Пулиси Душанбе аз муҷозоти чор нафар барои рафтан ба назди фолбин хабар додааст. Мақомот мегӯянд, ду нафар аз инҳо духтарони ҷавон ва ду каси дигар занони миёнсол ҳастанд.
Маълум нест, ки онҳо барои чӣ ба назди фолбин рафтаанд. Мақомот гуфтанд, нисбати ин чор нафар бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ санад тартиб додаанд.
Моҳи июли имсол ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кард, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад.
Дар санаде, ки Вазорати адлия нашр кард, дида мешавад, ки барои рафтан ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ), ҷарима таъйин шудааст.
Вале Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабарномае навишт, муштариёни фолбин ва ҷодугарҳо аз 3700 то 4500 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо, худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия мавзӯи шароити муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардаанд. Ин дидор дар шароите баргузор мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик аз мавҷи нави рейдҳои пулис дар Русия шикоят доранд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев 17-уми сентябр дар Чин баргузор шудааст. Ба қавли манбаъ, ду тараф дар бораи "масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия", сӯҳбат кардаанд.
Аммо ҷузъиёти бештар аз ин вохӯрӣ нашр нашудааст ва барои ҳамин маълум нест, ки ду тараф дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони тоҷик ба чӣ хулоса расидаанд.
Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз рейдҳои пулиси Русия ва кӯмак нагирифтанашон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст. Пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати қонунигардонии муҳоҷирон дар рӯзи 10-уми сентябр, мақомоти Русия ба рейдҳои сартосарии пур аз хушунат даст задаанд.
Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашаванд, аз кишвар ихроҷ мешаванд. Дар фурудгоҳи "Внуково" ҳам гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди Русия шаванд.
Тақдими 2600 китоби электронӣ ба Маркази мероси хаттии Тоҷикистон

Дар Душанбе дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чанде пеш маросими муаррифӣ ва тақдими беш аз 2600 нусха китоби электронӣ ба хатти форсӣ баргузор гардид. Нависанда ва ходими илмии ин марказ Наҷмиддин Шоҳинбод дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин бора хабари муфассале нашр намуда гуфтааст, ки Китобхонаи электронии адабиёти ҷаҳон ҳоло дар 135 ҳазор муассиса, китобхона, Маркази эроншиносӣ, муассисаи илмии таърих ва шарқшиносӣ маҳфуз аст.
Феҳрист ба ибтикори Насибҷон Амонӣ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ва Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ дар Алмаато ва инчунин донишманди эронӣ Муҳаммадҷаъфари Шайх Султонӣ таҳия шудааст.
Амонӣ дар суханронии худ гуфтааст, ки “бо дӯсти эрониам Муҳаммадҷаъфари Шайх Султонӣ, ки дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад... дар муддати чанд моҳ беш аз 1600 китоби электронӣ ба хати форсӣ ва беш аз 100 китоби гӯё ё савтӣ гирд овардем. Ва қарор кардем, ки ин китобҳоро ба Тоҷикистон биёварему ба Маркази мероси хаттӣ тақдим кунем».
Дар миёни китобҳои тақдимшуда ба хату забони форсӣ, аз ҷумла, асарҳои Гёте “Фауст”, Ҷорҷ Оруэл “1984”, Пабло Неруда “Абадияти як бӯса”, Эҳсон Табарӣ “Абулфазли Байҳақӣ ва ҷомиаи ғазнавӣ”, Бартолт Брехт “Оперо барои бенавоён”, Вилям Шекспир “Отелло”, Чарлз Диккенс “Орзуҳои бузург” ва садҳо китоби дигар мебошанд.
Амонӣ гуфтааст, дар Тоҷикистон «осори классикони ҷаҳон бо хати сириллик кам тарҷумаву чоп шудааст, мо қаблан ва ҳоло ҳам бештар он асарҳоро дар тарҷумаи русӣ ва имрӯз ҳатто ба забони англисӣ мехонем. Табиист, ки ҳангоми тарҷумаи асари нависандаи масалан, англис ё итолиёвӣ... ба забони русӣ дар он тарҷума хоҳу нохоҳ фарҳангу дороиҳои забонӣ, аз ҷумла равону зарбулмасалу мақолҳои русӣ низ нуфуз мекунад. Вале ҳангоми тарҷумаи он асарҳо ба забони форсӣ ба он асарҳо фарҳангу дороиҳои забонии худамон ворид мегардад, ки дар натиҷаи хондани чунин тарҷумаҳои форсии осори бузургони ҷаҳон мо бурди чандҷониба мекунем, яъне ҳам лаззати маънавӣ мегирему ҳам фарҳангу дониши забониамонро ғанӣ месозем ва ҳам сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ахлоқамонро боло мебарем”.
Барои доираи васеи хонандагон дар Тоҷикистон ва берун аз он китобҳои тақдимшуда ба забони форсиро мешавад тавассути Маркази мероси хаттӣ бо суроғаи merosikhatti@inbox.ru дархост ва истифода намуд.
Лукашенко дар зиндон будани Статкевичро тасдиқ кард

Александр Лукашенко, раҳбари Беларус гуфт, ки Николай Статкевичи 69-соларо, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни озодкунии маҳбусони сиёсӣ нахост кишварашро тарк кунад, мақомоти қудратӣ «бурдаанд». Лукашенко дар ин бора рӯзи 17 сентябр дар ҷараёни мулоқот бо тарафдорони ҳукумат изҳори назар кард. Лукашенко гуфт, қарори аз зиндон озод кардани Статкевичро бо сабаби бад будани вазъи саломатии ӯ қабул кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ин одам дар поёни умраш аст, базудӣ, худо накарда, дар зиндон мемурад. Ба ӯ ин корҳо чӣ даркор? Вай мехоҳад раҳбар бошад». Худи Лукашенко 71-сола аст.
Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Беларус бо гузашти як ҳафта аз ҳодисаи нопадидшавии ӯ дар марзи Беларусу Литва макони будубоши Статкевичро шарҳ намедоданд.
Лукашенко дар идома инчунин гуфт:
Статкевич «гӯё ба он ҷо, ба минтақаи ҳоил ворид шуда ба назди литвониҳо рафт. Бачаҳо пурсиданд: «Ту ба Беларус баргаштанӣ ҳастӣ, о туро ба зиндон…» (Статкевич гуфтааст): «Ба зиндон меравам». «Хеле хуб». Ӯро бурданд. Монда намераванд-ку. Ӯ ба ҳар ҳол одами худи мо аст. Яъне шаҳрванди мо. Ба Беларус бурданд. Чаро ӯро хафа кунанд? Агар ӯ хоҳад, ки пешвои оташ задани мошину хонаҳои милисаҳо бошад, бигузор дар он ҷо (дар зиндон) истад, - гуфт Лукашенко. – Каме мубориза бурд, бас аст, хуб, ин ҳам қиссаи дигар аст».
Николай Статкевич соли 2020 номзадии худро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намуд ва то ҳол маҳбуси маъруфтарини сиёсӣ дониста мешавад. Рӯзи 11 сентябр мақомоти Беларус 52 зиндонии сиёсро аз маҳбас озод карданд ва дар миёни онҳо Статкевич ҳам буд. Шоҳидон гуфтанд, ки вақте маҳбусони сиёсиро савори автобус ба самти минтақаи ҳоил дар марз бо Литва интиқол медоданд, ӯ аз дохили автобус берун шуда фирор намуд.
Ба Беларус ӯро одамони ниқобпӯш бурданд. Аз он замон дар борааш ҳеҷ маълумоте дар даст набуд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигоҳ медоранд.
Нашрияи мустақили беларусии "Наша Нiва" бо такя ба як «манбаи боварбахш» гуфт, ки Статкевичро ба зиндони шаҳри Глубокое дар вилояти Витебск интиқол доданд. Ӯ дар ҳамин маҳбас мӯҳлати ҷазояшро сипарӣ мекард. Декабри соли 2021 ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.
Ҳамсари Статкевич Марина Адамович дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ба зиндони Глубокое рафт, то дар бораи макони будубоши шавҳараш пурсад, вале ба ӯ тасдиқ накарданд, ки ҳамсараш дар ин муассиса қарор дорад. Ин зан гуфт, ки маъмурияти зиндон ба ӯ ваъда дод, ки ба дархосташ дар 15 рӯз ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад.
Барои аризаи Гринкорт пардохти 1-долларӣ ҷорӣ шуд

Департаменти давлатии ИМА барои хоҳишмандони иштирок дар лотереяи ҳақи иқомат дар Амрико ё Гринкорт пардохти ҳатмие дар ҳаҷми 1 долларро ҷорӣ намуд. Огаҳиномае дар ин бора дар сомонаи Реестри федеролии ИМА нашр шудааст. Акнун хоҳишмандони ширкат дар лотерея баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар маблағро пардохт кунанд.
То ҳол ин кор бепул анҷом мешуд ва танҳо дар сурати бурд дар лотерея баъдан 330 доллар маблағро ба ҳангоми баррасии парвандаашон пардохт мекарданд. Департменти давлатӣ гуфтааст, ки ин чора барои аз иштирок дар маъракаи пуртарафдор дар сайёра хориҷ кардани шахсони тасодуфӣ мусоидат мекунад. Департаменти давлатӣ тахмин кардааст, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо буҷаи давлат соле то 25 миллион доллар фоида мебинад ва шояд шумори аризадиҳандагонро коҳиш диҳад.
Лотереяи Гринкорт ё Корти сабз соли 1990 ҷорӣ шуд ва ҳар сол аз роҳи интихоби тасодуфӣ барои 50 ҳазор нафар ҳақи гирифтани иқомати расмӣ дар ИМА-ро фароҳам мекунад.
Таваҷҷӯҳ ба ин барнома дар миёни сокинони кишварҳои пасошӯравӣ хеле зиёд аст ва Узбекистон бузургтарин омори барандагони лотереяро дар соли ҷорӣ дошта, 5564 нафар посухи мусбат гирифтаанд.
Инчунин Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар миёни барандагони калони ин лотерея номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон имсол наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон хост, саршумори ҷонварҳои нодир дақиқ карда шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти расмӣ ва донишмандон хостааст, саршумори чанде аз ҷонварҳои нодир, аз ҷумла, бабри барфӣ, морхӯр ва меши кӯҳӣ ва ё архарро аз нав дақиқ карда, ба ҳукумат гузориш бидиҳанд.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 17-уми август ва дар ҳузури кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, дар Тоҷикистон дар 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазор ба 29 ҳазор ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.
Ин ҷонварони нодир як даҳсола пеш дар вартаи нобудӣ қарор доштанд ва бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва талошҳои онҳо барои ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ, батадриҷ бештар шудаанд.
Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби санаде мавсими шикори тирамоҳӣ дар Тоҷикистонро аз 1-уми сентябр эълон кард.
Имсол барои шикори 20 сар морхӯр, 132 гусфанди кӯҳии архар ё “Марко Поло”, 18 гусфанди бухороӣ ва 10 хирси нохунсафед иҷоза дода шудааст. Тибқи баъзе аз гузоришҳо, шикори ин ҷонварони нодир ва даромади он аз тарафи афроди баландпоя дар ҳукумат назорат мешавад.
Намояндагони Тоҷикистон ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ рафтаанд

Тоҷикистон як ҳайатро барои ширкат дар иҷлосияи 60-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Женеваи Швейтсария фиристодааст.
Бар асоси амри президент Эмомалӣ Раҳмон, Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният, Зариф Ализода, ёвари раиси ҷумҳур дар масъалаи ҳуқуқи инсон, ду муовини вазири корҳои дохилӣ, намояндагони Додгоҳи олӣ ва додситонӣ аз номи Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ширкат мекунанд.
Раиси ҷумҳур дастур додааст, ки маблағи сафари намояндагони Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи кишвар пардохт карда шавад.
Ҷаласаҳои пӯшидаи иҷлосияи 60-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз 17 то 23-юми сентябр дар шаҳри Женева баргузор мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Созмони Милал ҳукумати Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои шаҳрвандон танқид мекунанд.
Феълан маълум нест, ки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар кадом мавзӯъҳо баромад мекунанд.
Ширкати низомиёни тоҷик дар машқҳои СПАД дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон рӯзи 17 сентябр машқҳои низомии нирӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бо номи “Рубеж-2025” шурӯъ шуд.
Дафтари матбуоти ин созмон гуфтааст, машқҳо дар маркази тамринии назди Иссиқкӯл барпо шуда, ривояти он мубориза бо гуруҳҳои мусаллаҳи ба хоки кишварҳои узв воридшуда мебошад. Дар ин машқҳо воҳидҳои низомии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳам гуруҳҳои ҳарбии ситоди муштарак ва котиботи СПАД иштирок мекунанд.
Дар хабари Интерфакс омадааст, ки шумори асосии низомиёни иштирокдори машқҳоро ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия ташкил медиҳанд, ки дар хоки Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дар машқҳо 1200 нафар ва 500 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла, техникаи махсус, ҳавопаймо ва чархболҳо истифода мешаванд.
Дар маросими ифтитоҳи машқҳои низомӣ Имонгали Тосмагамбетов, дабири кулли СПАД гуфт, «ҳоло хатари асосӣ ин эҳтимоли ба самти Осиёи Марказӣ аз қаламрави Ховари Миёна кӯчидани гуруҳҳои тундрави ифротгаро мебошад”. Ӯ ҷузъиёти аз ин бештар надод.
СПАД як созмони ҳарбии минтақаӣ аст, ки соли 1992 бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Узбекистону Гурҷистон берун шуданд.