Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳбулутҳои Душанбе бо айби Узбакистон хушкиданд? (2 ВИДЕО)


Хушкшавии шоҳбулутҳои Душанбе. Айби Узбакистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Як масъули раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе дар хушкшавии шоҳбулутҳои белгиягӣ мақомоти Узбакистонро айбдор кард. Ӯ гуфт, ҳангоми интиқол шоҳбулутҳо дар қаламрави Узбакистон дармонда, решаҳояшон осеб дидааст.

Аз Белгия ба Тоҷикистон ба тозагӣ беш аз 600 бех дарахти шоҳбулут ворид шудааст. Ин дарахтонро ширкатҳои воридкунанда ҳамчун ҷуброни шоҳбулутҳое ворид карданд, ки соли гузашта харидорӣ шуданд, вале дар боғҳои Душанбе насабзиданд. Соли гузашта дар Душанбе 3 ҳазор бех шоҳбулут шинонида шуд, вале аз он 1004 бехи он хушк шуд.

Толибҷон Раҳимов, сардори Райёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мегӯяд, таҳқиқ нишон дод, ки решаи ин дарахтҳоро қабл аз ворид шудан ба Тоҷикистон сармо задааст. Ҷаноби Раҳимов, ки имрӯз, 13-уми январ, дар нишасти солонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, ширкатҳои воридкунанда хушкшавии шоҳбулутҳоро ҳамчун гуноҳи худ эътироф карда, розӣ шуданд, то баҳор ба ҷои ҳар дарахти хушкида дарахти тоза ворид кунанд.

Ӯ гуфт: “Ҳангоми воридоти дарахт аз шоҳигарии Белгия ба Тоҷикистон навбати сеюми мошинҳо дар гумруки Узбакистон нигоҳ дошта шуданд. Сардии ҳамон вақта таъсири худро ба решаҳои дарахтон расонид. Ширкати молрасоне, ки ин дарахтонро аз давлати Белгия меовард, кафолати як сола дода буд. Аз ин рӯ, таъмини 1004 бех ба дӯши ин ширкат гузошта шуд ва ширкат ҳам ӯҳдадор шудааст, ки ҳамаи дарахтони хушк шударо аз ҳисоби худ барқарор мекунад. Хушкшавии дарахтҳо ба шаҳрдорӣ дахл надорад.”

Шоҳбулутҳои Душанбе чаро хушк шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

​Ҳоло, 600 дарахти шоҳбулут ба пойтахт ворид шудааст ва тасмим аст, то моҳи оянда 404 бехи дигар низ ба Душанбе интиқол ёбад. Ба гуфтаи Раҳимов, ҳарчанд, соли гузашта дар интиқоли ниҳолони шоҳбулут дар Узбакистон таъхир сурат гирифта бошад ҳам, аммо соли равон ҳеҷ таъхиркорие сурат нагирифтааст. Ин масъули шаҳрдории Душанбе гуфт, соли гузашта дар пойтаът беш аз 43 ҳазор дарахти сояафкану ороишӣ шинонида шудааст, ки 85 дар сади онҳо сабзидаанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин сабзиши дарахтон дар дигар навоҳии Тоҷикистон мушоҳида нашудааст ва ин “нишондиҳандаи хеле хуб аст”.

Ин шоҳбулутҳо бо қимати 22 миллион сомонӣ аз Белгия харидорӣ шудаанд ва ҳар бехи он беш аз 7 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд. Аксари сокинони Душанбе бо шунидани қиммати ҳар шоҳбулутҳо ангушти ҳайрат мегазанд ва мегӯянд, хуб мешуд агар ин маблағҳо дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ истифода мешуд.

Саттор Ҳусайнов, як сокини 65-солаи Душанбе, ки 40 сол боз сокини ин шаҳр аст, мегӯяд, бидуни шоҳбулут ҳам хиёбонҳо соя буданд. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ зарурат набуд, ки чанорҳои бузургро решакан карда, ба ҷояшон шоҳбулут шинонидем: “Агар хиёбонҳо бе дарахт мешуданд, ин гапи дигар буд. Аммо Душанбе ҳамеша пур аз дарахту соя буд ва бо ин қадар маблағ ба фикрам ҳеҷ зарурат набуд, ки шоҳбулут оварда шинонем.”

Шоҳбулутҳое, ки ҳанӯз сокинони Душанберо аз гармии офтоб паноҳ надодааст, миёни сокинони соле боз баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст.

Тилло Бобозода, табиатшиноси тоҷик мегӯяд, аслан шоҳбулут дарахти хуб аст ва дар шароити Тоҷикистон хеле хуб месабзад, аммо ҳеҷ зарурат набуд, ки ба ҷои дарахтони чинор, ки хоси ватани мост, онҳоро парвариш кунем. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки боди зарароварӣ ба ном “афғонӣ” сӯи Тоҷикистон мевазад, ҳеҷ дарахте ба мисли чанор наметавонад, аз заҳри чунин бодҳо сокинонро ҳифз кунад. Ба гуфтаи Бобозода, баргҳои бузурги чанор дар худ заҳрҳоро ҳифз мекунад ва зиёни он ба сокинон кам мерасад.

“Аммо ба ҳар ҳол шоҳбулут ҳам дарахти бад нест, ҳарчанд, мисли чанор дар шароити кунунӣ буда наметавонад. Дарахтони дигар ҳам, масалан, даҳҳо навъи арча ҳам вуҷуд дорад, ки ба иқлими Душанбе мувофиқанд ва мешуд, онҳоро ҳам бишинонем. Бархе булутҳои дигар ҳам ҳаст, ки ба шароити Тоҷикистон мувофиқ гуфта меорем, вале дар шимол месбазад, аммо дар ҷануб пас аз сабзидан шохаҳояш хушк мешавад. Барои ҳамин ҳар дарахтеро, ки мешинонем, бояд ҳамаҷониба омӯзиш гузаронем.”

Шинонидани шоҳбулут дар хиёбонҳои Душанбе пас аз як маъракаи пурбаҳси чанорбурӣ сурат гирифт. Шаҳрдории Душанбе чанорҳои бузургсоли хиёбонҳои Душанберо ба хотире, ки решаҳояш роҳҳоро хароб мекунад, решакан кард. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон аз чанорбурӣ интиқод кард, ки шаҳрдор ӯро барои интиқоди “ноҷояш” ба додгоҳ кашид.

Шоҳбулут ё кастона ё ҳамон каштани русӣ аз дарахтони ороишиест, ки масъулони шаҳрдории Душанбе беш аз 3 ҳазор бехи онро аз кишвари Белгия ворид кардаанд ва мегӯянд, ин дарахт ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ ва шаҳрро зебо мекунад.

XS
SM
MD
LG