Дар мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Осоишгоҳи Баҳористон”, ки бо ширкати шаш даста дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дорад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва «Истиқлол»-и Душанбе пешқадаманд.
Дар даври навбатии мусобиқа, ки шоми 20-уми январ натиҷагирӣ шуд, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бар ҳайати ҷавонони «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бо ҳисоби 3-0 ва «Истиқлол» бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3-2 ғалаба карданд. Бозии «Хайр»-и Ваҳдат бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт.
Ҷоми «Баҳористон». Даври 3-юм
«ЖЕТИСУ-2» – МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-19) – 0:3
Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 35 (0:1). Худойдод Узоқов, 53 (0:2). Кароматулло Саидов, 73 (0:3).
«ХУҶАНД» – «ХАЙР» – 1:1
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 68 (0:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 88 – аз пеналтӣ (1:1).
«ЭСХАТА» – «ИСТИҚЛОЛ» – 2:3
Голҳо: Абдумалик Шодиев, 3 (1:0). Бледа Мануэл Родригес, 26 (1:1). Дилшод Восиев, 42 (1:2). Ҷӯрабой Исоев, 89 (2:2). Дилшод Восиев, 90+3 (2:3).
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои чаҳор даври мусобиқа мунтахаби футболи ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе 8-имтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби ҷавонон (8-3) дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” (9-5) дар ҷойи дувум мебошанд. “Хайр” бо 7 имтиёз (9-5) дар ҷойи севум, “Хуҷанд” бо 6 имтиёз (11-4) дар ҷойи чорум, “Эсхата” бо 3 имтиёз (9-11) дар ҷойи панҷум қарор доранд. “Жетису” бидуни имтиёз (3-21) дар зинаи охирин – шашум – ҷой гирифтааст.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Хуҷанд”, ки 4 тӯб задааст, дар мақоми аввал мебошад. Фирӯз Бобиев (“Хуҷанд”) ва Бледа Мануэл Родригес (“Истиқлол”) 3-тӯбӣ задаанд.
Бозиҳои даври охирини Ҷоми “Баҳористон” рӯзи ҷумъаи 23-юми январ баргузор мешаванд.
Бозиҳои боқимондаи Ҷоми “Баҳористон”:
23-юми январ (ҷумъа)
10.00 – «Хайр» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)
12.00 – «Истиқлол» – «Жетису»
15.00 – «Хуҷанд» – «Эсхата»