Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар мақоми 157-уми феҳристи IFFHS


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ, ки онро Федератсиони байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) нашр кардааст, 15 зина поин шуд ва дар мақоми 157-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ҳарсолаи мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ, ки онро Федератсиони байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) нашр кардааст, 15 зина поин рафт ва мақоми 157-умро касб кардааст.

Бояд тазаккур дод, дар мавриди тартиб додани ин феҳрист натиҷаҳои нишондодаи бошгоҳҳои футбол ҳам дар мусобиқоти дохили кишвар ва ҳам дар мусобиқоти байналмилалӣ ба назар гирифта мешавад.

Дар феҳристи мазкур 170 кишвар номбар шудааст. Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Испания - Примера - барои 15-умин бор ва панҷумин бор паиҳам беҳтарин мусобиқаи миллии қаҳрамонӣ дар ҷаҳон аз рӯи ривояти IFFHS дониста шудааст. Силсилаи А-и Италия дар ҷойи дувум ва Премйер-лигаи Инглистон дар ҷойи севум мебошанд.

Дар байни даҳ кишвари беҳтарин, инчунин мусобиқоти қаҳрамонии Аргентина, Олмон, Бразилия, Фаронса, Португалия, Колумбия ва Парагвай дохиланд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҷойи охирин (15-ум) қарор дорад. Дар байни ин кишварҳо Русия дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 12-ум), Украина дар ҷойи дувум (19) ва Беларус (36) дар ҷойи севум мебошанд. Мавқеи собиқ кишварҳои дигари шӯравӣ чунин аст: Озарбойҷон (37), Қазоқистон (38), Молдова (40), Эстония (45), Латвия (65), Литва (71), Гурҷистон (79), Узбакистон (82), Арманистон (97), Туркманистон (105), Қирғизистон (150), Тоҷикистон (157).

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиё дар мақоми 33-юм ҷой гирифтааст. Дар ин қора ба қатори даҳгонаи аввал Кореяи Ҷанубӣ (дар ҷаҳон 24-ум), Арабистони Саудӣ (29), Кувайт (46), Чин (56), Қатар (57), Эрон (61), Австралия (62), Тайланд (63), Ҳиндустон (74) ва Узбакистон (82) дохиланд.

XS
SM
MD
LG