Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султонов даъват ба мунтахаби Тоҷикистонро напазируфт


Муҳаммад Султонов даъвати масъулини футболи тоҷик барои бозӣ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистонро напазируфтааст.

Муҳаммад Султонов, ҳамлагари 22-солаи бошгоҳи футболи “Тосно”-и Русия, даъвати масъулини футболи тоҷикро барои бозӣ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон напазируфтааст.

Вай дар як мусоҳибааш бо хабарнигори “Спорт День за Днем» (www.sportsdaily.ru) 16-уми феврал чунин гуфтааст: “Албатта, орзу дорам, ки дар ҳайати мунтахаби Русия бозӣ кунам. Якчанд бор маро барои бозӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон даъват кардаанд. Агар ман ин даъватро бипазирам, пас ман легионер мешавам”.

Аз ин қабл Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, низ дар суҳбатҳояш бо Озодӣ таъйид карда буд, ки бархе аз дастпарварони футболи тоҷикро, ки дар айни ҳол дар бошгоҳҳои футболи кишварҳои дигар бозӣ мекунанд, ба ҳайати мунтахаби кишвар даъват карда буд. Дар байни онҳо Муҳаммад Султонов низ зикр шудааст.

Вале агар ӯ хоҳиши дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карданро дошта бошад, пас дар бошгоҳҳои Русия ба ҳайси легионер бозӣ хоҳад кард. Бар асоси дастури Лигаи миллии футболи Русия, ширкати легионерҳо дар бозиҳо маҳдуд шудаааст. Аз ин рӯ, Муҳаммад Султонов дар сурати пазируфтани даъвати ҷониби Тоҷикистон, аз ҳаққи бозӣ кардан ҳамчун футболбози хориҷӣ ба маҳдудият дучор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ширкати дастпарварони футболи тоҷикро, ки дар бошгоҳҳои он кишвар бозӣ мекунанд, бо ҳамтоёни русиягии худ дар миён хоҳанд гузошт.

Футболбози ҳирфаӣ Муҳаммад Султонов дар ҳайати “Тосно”-и шаҳри Тоснои вилояти Ленинград, ки дар ҳамин ҳол дар дивизиони аввали Лигаи миллии футболи Русия дар ҷойи севум аст, 17 бозӣ карда, як гол задааст.

Муҳаммад Султонов 22-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Қадаш - 176 см, вазнаш - 68 кг. Аз овони кӯдакӣ ба футбол машғул шуда, дар мусобиқоти шаҳриву минтақавӣ ширкат варзидааст. Сипас ба Русия рафта, пеш аз «Тосно» дар дастаҳои ССКА (Маскав), “Локомотив-2” (Маскав), “Спартак” (Налчик) бозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG