Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Аҳал” бо ҳисоби 2-1


Бозии “Истиқлол”-и Душанбе бо “Аҳал”-и Туркманистон дар Ишқобод бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи қаҳрамони Тоҷикистон хотима ёфт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 бар тими “Аҳал”, барандаи Ҷоми Туркманистон–2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ин бозии сабқати гурӯҳи “С” шоми имрӯз, 11-уми март, дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон ба поён расид. Зимнан, ин нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC маҳсуб мешавад.

Фатҳулло Фатҳуллоев, ҳамлагари "Истиқлол", дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Вале мизбонон дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Сулаймон Оразов ба ҳадаф расонд. Голи дувуми “Истиқлол”-ро нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 70-ум зад.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 60-ум сардовар ба дарвозаи “Истиқлол” боз як пеналтӣ таъин кард. Ва аммо ин дафъа дарвозабони меҳмонон Никола Стошич, легионер аз Сербия, тӯби аз пеналтӣ задаи Мамадалӣ Карадановро баргардонд. Дарвоқеъ, дар ин бозӣ маҳорати баланди Стошич дарвозаи “Истиқлол”-ро борҳо аз гол эмин дошт.

Ҳайати “Истиқлол»: Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Петро Ковалчук, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Манучеҳр Ҷалилов, 46), Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Умедҷон Шарифов, 86), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 76), Бледа Родригес, Дилшод Восиев (капитан).

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Сардовари бозӣ: довари ФИФА Хамис Муҳаммад Ал-Куварӣ (Қатар).Ёварони сардовар: Юсуф Ориф Ал-Шамарӣ (Қатар) ва Алӣ Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҳасанӣ (Яман). Довари эҳтиётӣ: Алӣ Реда (Лубнон). Нозири доварон: Исмоил Аднан Исмоил Ал-Хафӣ (Урдун). Комиссари бозӣ: Қамариддин Бин Саҳарӣ (Малайзия).

Дар гурӯҳи “С” имрӯз боз як бозӣ байни дастаҳои «Эрбил»-и Ироқ ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт баргузор шуд. Ин бозӣ, ки дар майдони бетараф - варзишгоҳи «Абдулло Бин Халифа Стэдиум»-и Қатар барпо гардид, бо пирӯзии кувайтиҳо бо ҳисоби 1-0 ба анҷом расид. Голи ягонаро Даниэл Суботик дар дақиқаи 77-ум зад.

Рӯзи 10-уми март 8 бозии даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт:

Гурӯҳи «А»

«Салом Ҷҳарта» (Лубнон) – «Ал-Вахда» (Сурия) – 0:2

«Ал-Ваҳда» (Умон) – «Ал-Ваҳдат» (Урдун) – 0:3

Гурӯҳи «В»

«Ал-Ҷазира» (Урдун) – «Ал-Шорта» (Ироқ) – 1:1

«Ал-Хидд» (Баҳрайн) – «Вад Ал-Несс» (Фаластин) – 1:1

Гурӯҳи «Е»

«Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – 3:1

«Мазия Спортс» (Молдив) – «Варриос» (Сингапур) – 2:0

Гурӯҳи «F»

«Балестиер Халса» (Сингапур) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – 0:1

«Ист Бенгал» (Ҳиндустон) – «Китчӣ» (Ҳонконг) – 1:1

“Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, “Эрбил”-и Ироқ ва “Аҳал”-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ то 13-уми май идома хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон)- 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG