Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави самбои Тоҷикистон


Рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 17-18-уми март дар пойтахти кишвар, дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ, баргузор шуд, 140 нафар паҳлавонон аз шаҳри Душанбе (5 даста), вилояти Хатлон (2 даста), вилояти Суғд, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ширкат доштанд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, довари дараҷаи байналмилалӣ ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гуштигирон дар нӯҳ вазн қувваозмоӣ карданд. Вай афзуд, “дар ҳафт вазн гуштигирони душанбегӣ – Ҷомии Ҳасанӣ (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ду вазни дигар - Нозимшо Охиров (68 кг, ВМКБ) ва Фирдавс Насимов (90 кг, Хатлон-2) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд”.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар чемпионати Осиё ва моҳи ноябр дар шаҳри Касабланкаи давлати Мароккаш дар чемпионати ҷаҳон ширкат варзанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон

52 кг

1. Ҷомии Ҳасанӣ (Душанбе)

2. Сафарбеки Ҳукумалӣ (Хатлон-2)

3. Ҳалимов Бегиҷон (Душанбе)

3. Маҷидов Абдулҳамид (Хатлон-1)

57 кг

1. Каримов Акмалиддин (Душанбе)

2. Зоиров Бобоҷон (Хатлон-2)

3. Абдуллоев Иброҳим (Душанбе)

3. Алиев Зафар (Душанбе)

62 кг

1. Охиров Нозимшо (ВМКБ)

2. Хисравов Хушқадам (Душанбе)

3. Ҳасанбеков Раҳмиддин (Душанбе)

3. Қурбоналии Саид (Хатлон-2)

68 кг

1. Ҳасанов Мустафо (Душанбе)

2. Муҳиддинов Муҳиддин (Душанбе)

3. Рамазонов Мирзоҷамил (Душанбе)

3. Мунавваров Мубориз (Душанбе)

74 кг

1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе)

2. Асронқулов Амонулло (ШНТМ)

3. Иззатуллои Давлатмад (Хатлон-2)

3. Саидов Муҳаммад (Душанбе)

82 кг

1. Зоидов Муҳаммадҷон (Душанбе)

2. Қурбонов Ҷамшед (Душанбе)

3. Олимшоев Зафар (Душанбе)

3. Зайнолобуддини Аъзамхон (Хатлон-2)

90 кг

1. Насимов Фирдавс (Хатлон-2)

2. Зиёбеков Рашид (ВМКБ)

3. Ганҷалов Файзалӣ (ШНТМ)

3. Назриев Ҷумъахон (Хатлон-2)

100 кг

1. Абдуллоев Шамшод (Душанбе)

2. Диловари Сабриддин (Душанбе)

3. Неъматов Нурулло (ШНТМ)

3. Орифов Фирдавс (Хатлон-2)

+100 кг

1. Хоркашов Набимуҳаммад (Душанбе)

2. Сарфарозов Сарфароз (Душанбе)

3. Зиёбеков Аҳмад (ВМКБ)

3. Одиназода Азмиддин (Душанбе)

XS
SM
MD
LG