Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Яман дар ИМА


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 имрӯз, 27-уми март, муқобили тими Яман анҷом медиҳад.

Сабқати интихобии қаҳрамонии ҷавонони футболи Осиё-2016 дар гурӯҳи «D», ки ба он мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон шомил аст, имрӯз, 27-уми март, шурӯъ мешавад. Ба иттилои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “D” аз 27-ум то 31-уми март дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) барпо мегардад.

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони синнашон на аз соли 1993 боло) дастаҳои ИМА, Шри-Ланка ва Яман мебошанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев нахустин бозиашро 27-уми март бо тими Яман анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Калба»-и Фуҷайра соати 19:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:45 ба вақти Душанбе) бо садои ҳуштаки сардовар Хамис Муҳаммад Ал-Куварӣ аз Қатар оғоз меёбад.

Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 29-уми март бо мунтахаби ИМА ва дар даври охирин 31-уми март бо тими Шри-Ланка бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста ва ба минтақаи шарқӣ 20 даста дохиланд.

Ҳангоми қуръакашӣ дар минтақаи ғарбӣ 3 гурӯҳи иборат аз 5-дастаӣ ва 2 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ ва дар минтақаи шарқӣ 5 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ ташкил шуда буданд. Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 12-ум то 30-юми январи соли 2016 дар Қатар баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷойҳои дувум аз рӯи нишондиҳандаҳои беҳтарин роҳ меёбанд. Мизбони сабқати қитъавӣ - мунтахаби ҷавонони Қатар - аз мусобиқаи интихобӣ озод аст.

Бояд гуфт, ки қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон ҳамчун сабқати интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23). Сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «А»: Ироқ, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «В»: Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи «D»: ИМА, Яман, Тоҷикистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «Е»: Сурия, Узбакистон, Ҳиндустон, Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянмар, Ҳонконг, Тайван.

Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд, Камбоҷа, Филиппин.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

27-уми март (ҷумъа)

Яман – Тоҷикистон

ИМА – Шри-Ланка

Даври 2-юм

29-уми март (якшанбе)

Тоҷикистон – ИМА

Шри-Ланка – Яман

Даври 3-юм

31-уми март (сешанбе)

Тоҷикистон – Шри-Ланка

ИМА – Яман

XS
SM
MD
LG