Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷопон дувум шуд


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷопон дувум шуд.

Мунтахаби футболи наврасони зери 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U -15 Football Exchange Programme», ки рӯзи 29-уми март дар шаҳри Осакаи Ҷопон хотима ёфт, мақоми дувумро касб кард.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии ниҳоӣ бо ҳамсолони худ аз Эрон вориди рақобат шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ имрӯз, 29-уми март, зери борони шадид сурат гирифт. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони навраси эронӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуданд.Барои ҷойи севум мунтахаби наврасони Ҷопон тими Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Қирғизистон, Туркманистон, инчунин Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон ва КФ «Токио» бозӣ кард. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Узбакистон, Афғонистон, Эрон, Ҷопон, инчунин тими ҷопонии «Киото Санга» дохил буданд.

Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳои даври гурӯҳӣ аз як давра иборат буд. Ҳар як бозӣ 60дақиқа (ду қисми 30-дақақаӣ) идома кард.Аз рӯи натоиҷи даври пешакӣ ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро гирифтанд, барои медалҳои биринҷӣ талош карданд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои баъдӣ мубориза бурданд.

Мусобиқаи байналмилалии наврасон дар Осакаи Ҷопон

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – КФ «Токио» – 4:2

Қирғизистон – Туркманистон – 2:0

Даври 2-юм

Академияи JFA – Тоҷикистон – 4:3

Қирғизистон – ФК «Токио» – 0:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 2:1

Академияи JFA – Туркманистон – 0:0

Даври 4-ум

КФ «Токио» – Туркманистон – 1:0

Қирғизистон – Академияи JFA – 2:0

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

ФК «Токио» – Академияи JFA – 1:2

XS
SM
MD
LG