Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Кӯлоб ва Фархор


Баъд аз боронҳои паёпаи ҳафтаи охир дар минтақаи Кӯлоб сатҳи оби рӯдхонаҳои Тебалай, Яхсу ва Сурхоб баланд шуда, ба бархе заминҳои кишти сокинон осеб расондааст.

Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб рӯзи панҷшанбеи 2 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта об аз соҳилҳои рӯдхонаи Яхсу берун шуд ва як пули ҷамоати деҳоти Даҳана ва як қисмати заминҳои гандумро зер кардааст. Ӯ мегӯяд, ки "дар ноҳияи Фархор сатҳи об баланд шуда, ба киштзори мардум даромадаст. Аммо то ҳол мо дақиқ накардем, ки ҳаҷми осеби расида чӣ қадар аст".

Айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб, ба иттилои расмӣ, ба 53 деҳа сел ва ярч таҳдид мекунад. Соли гузашта, дар пайи боронҳо, қисмати зиёди минтақаи Кӯлоб зарари молӣ ва ҷонӣ дида буд.

XS
SM
MD
LG