Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани дуввум - сактаи дуввум?


Табибони Арабистони Саъудӣ муқаррар намуданд, ки бисёрзанӣ хатари мубталоӣ ба бемории дилро чаҳор баробар бештар мекунад.

Натиҷаи пажуҳиши табибон аз Маркази тиббии шоҳ Файсал дар Арабистони Саъудӣ рӯзи 30 апрел дар конгураи амрози қалби минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Абу Дабӣ, пойтахти Аморати муттаҳидаи Араб, муаррифӣ шуд.

Раҳбари гурӯҳи пажуҳишгарон Амин Даолаҳ, зимни муаррифии пажуҳиш гуфт, таври маъмул, мардони оиладор назар ба афроди муҷаррад камтар бемор мешаванд ва умрашон ҳам тулонитар аст, вале таъсири дузанагиву бисёрзанӣ ба саломатии мардон бори аввал пажуҳиш шудааст. Бисёрзанӣ дар кишварҳои шимол ва ғарби Африқо, Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубу шарқӣ қарнҳо боз як падидаи маъмулист.

Табибони саъудӣ ба пажуҳиш 687 марди синнашон тақрибан 60-соларо ҷалб намуданд - 68 дар сади онҳо фақат як зан, 19 дар сад - ду зан, 10 дар сад - се зан ва 3 дар сад – чаҳор зан доранд. Гуфта мешавад, мардҳои бисёрзана дар русто ба сар мебаранд ва синнашон назар ба дигарон андаке бузургтар аст. Онҳоро барои коронарография, дақиқтарин тарзи ташхиси шараёни дил, ба панҷ маркази тиббии Арабистони Саъудӣ ва Аморати муттаҳидаи Араб фиристоданд.

Доктор Даолаҳ афзуд, таҳқиқот нишон дод, ки хатари ба маризии фишори шараёни дил мубтало шудани мардони бисёрзана назар ба мардҳое, ки бо як зан ба сар мебаранд, 4,6 баробар бештар будааст. Донишманд мегӯяд, ки мардони бисёрзана зери фишори бештари ҷисмониву эҳсосотӣ қарор доранд ва ин ба кори дилашон бетаъсир намемонад. "Аммо муҳимтар аз ин, мавҷудияти чанд оила ва фикру андеша дар бораи ҳар зану фарзанд боиси стресс ё фишори равонии ин гуна мардон мешавад", гуфт донишманд.

Пажуҳишгарон ба натиҷае расиданд, ки барои мард издивоҷи навбатӣ на “нерӯи тоза”, балки мунҷар ба афзоиши хатари зуҳури чанд маризии нав, аз ҷумла, бемории дил ва ҳатто сактаи мешавад.

Дар нишасти Абу Дабӣ гуфта шуд, натиҷаҳои таҳқиқоти донишмандони саъудӣ – бонги хатар барои мардҳои бисёрзана аст ва бояд барои тарзи зиндагиву вазъи сиҳати онҳо тавсияҳои махсус таҳия шаванд.

Ҳусайн Раҳмонов, номзади илмҳои тиб ва мудири шӯъбаи Маркази амрози қалби Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон сабаби аслии гирифтории мардон ба маризии дил – фишори равонӣ бар асари мушкилоту ноҳамвориҳои рӯзгор аст. "Тарзи носолими зиндагӣ, тарзи нодурусти истеъмоли ғизо, истифодаи зиёди чарбуҳои ҳайвонот ва қанд, аз меъёр бештар нӯшидани арақ, кашидани сигору нос, истеъмоли маводи мухаддир ва камҳаракатӣ низ мардҳоро мубтало ба маризии дил мекунад. Ҳамаи инҳо боиси фарбеҳшавӣ, баланд шудани фишори хуну маризии қанд мегарданд".

Аммо, ба таъкиди донишманди тоҷик, фишори равонӣ сабаби аслии мубталоӣ ба маризии дил боқӣ мемонад. Ҳусайн Раҳмонов меафзояд, «собит шудааст, ки нон, қанд ва чарбуи ҳайвонот ба давомнокии умр таъсири манфӣ мерасонанд. Ва, мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳамаи инро даҳҳо бор бештар аз меъёр истифода мекунанд». Табиби тоҷик меафзояд, ки тарки ин одат барои мардҳо мушкил ва ҳатто ғайримумкин ба назар мерасад – «онҳо гӯё хело хуб мефаҳманд, ки ин чизҳо зарар доранд, аммо истеъмолашонро чун пештара идома медиҳанд».

Зимнан, бар пояи бархе манбаъҳо, маризии қалб таърихи чанд ҳазорсола дорад. Табиби маъруфи маризии дил Рандал Томпсон ҳамроҳ бо гурӯҳи табибону бостоншиносон 22 мумиёи байни солҳои 1981-уми то милод ва 334-уми милодӣ дафншударо дар Осорхонаи миллии бостонии Миср дар Қоҳира таҳти шуоъи рентгенӣ муовина карданд. Ба гуфтаи доктор Томпсон, онҳо дар 16 мумиёи дар баданашон қалбу рагҳои хунгузар ҳанӯз ҳифз шуда, маризии рагҳои хунгард ва дар бадани як нафарашон аломати эҳтимолии сактаи қалбро ошкор карданд. Аммо маълум нест, ки оё ин фиръавни мумиёшуда бар асари сактаи дил аз дунё даргузаштааст ё ба сабаби дигар.

Бино ба маълумоти табибони Маркази бемориҳои дили шаҳри Душанбе ҳамасола фақат ба ин марказ тақрибан 6 ҳазор нафар муроҷиат мекунанд ва ҳудуди 580 нафар ё тақрибан даҳ дар сади онҳо ба сактаи дил гирифтор шудаанд. Синни миёнаи мардони мубтало ба маризии дил 58 сола ва занони дилашон дардмад – 64 сола аст. Аммо муқаррар кардани он ки чӣ теъдод аз ин маризон бисёрзанаанд, саҳл нест. Ба гуфтаи Ҳусайн Раҳмонов,ӯ бисёр вақт аз маризони мард суол мекунад, ки чанд зан доранд, «аммо онҳо ин суолро бештар шухӣ мепиндоранд ва гапро дигар тараф мебаранд, ҳарчанд мо медонем, ки бисёрзанӣ баъзан боиси фишори равонӣ мешавад ва метавонад бо маризии дил анҷом ёбад».

Аз нигоҳи мусоҳиби мо, дар мубталоӣ ба маризии дил дигар омилҳо – чӣ гуна будани робитаҳои марҳамона, ғизо ва ирсият ҳам нақш доранд. "Аз ҳама зиёд он мардоне ба стресс ва баъдан ба бемори дил гирифтор мешаванд, ки заъифӣ дар робитаи маҳрамона азияташон мекунад".

Дар Бадахшони Тоҷикистон бисёрзанӣ роиҷ нест
Дар Бадахшони Тоҷикистон бисёрзанӣ роиҷ нест

Зимнан, дар Тоҷикистон дузанагӣ ва бисёрзанӣ манъ шудааст - банди 170-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои дузанагӣ ва бисёрзанӣ пардохти ҷарима дар ҳаҷми 1000 то 2000 нишондод (ҳар нишондод баробар ба 40 сомонӣ) ё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ва ё аз 6 моҳ то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи Музаффар Олимов, раиси маркази “Шарқ”, оморе дар бораи афроди дузанаву бисёрзана мавҷуд нест ва дар ин бора таҳқиқоти вижае сурат нагирифтааст. Бисёрзанӣ дар аксар мавзеъҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва Бадахшон шояд ягона минтақаи кишвар аст, ки он ҷо дузанагӣ роиҷ нест – ба гуфтаи ҷомеъашиносон, фарҳанги мардумӣ аз қадим дузанагии мардро маҳкум мекард ва то имрӯз бонувони бадахшӣ билофосила баъди огоҳ шудан аз зани дуввум гирифтани шавҳарашон хостори талоқ мешаванд.

Ҷомеъашиносон иқрор мекунанд, ки дар Тоҷикистон асосан мардҳои сарватманд ваё сатҳи зиндагияшон аз миёна боло барои гирифтани зани дуввуму сеюм ва ҳато чаҳорум иқдом мекунанд. Созмони иҷтимоии «Рушд» дар вилояти Хатлон, миёни 500 нафар, аз ҷумла 250 зани дуввум ва 250 марди дузана пажӯҳише анҷом дода муқаррар намуд, ки бештари афроди дузана ва ё бисёрзана – тоҷирону соҳибкоронанд.Дар феҳристи онҳо мансабдорон дар мақоми дуввум қарор гирифтаанд. Табибони амрози қалб ҳам иқрор мекунад, ки миёни беморони онҳо шумораи тоҷирону мансабдорон бештар аст...

XS
SM
MD
LG