Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Зелимхон, Фарҳод ва Муродҷон дар мусобиқаи Қатар


Зелимхон Юсупов
Зелимхон Юсупов

​Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва юнониву румӣ дар Қатар се медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва юнониву румӣ, ки рӯзҳои 6-10 май дар пойтахти Қатар – Доҳа - баргузор шуд, варзишгарони тоҷик се медал ба даст оварданд.

Зелимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни зери 70 кило бо медали нуқра ва Фарҳод Аннақулов дар вазни зери 125 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни 130 кило Муродҷон Тӯйчиев бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва юнониву румӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар сабқати гуштии озод Сомиршо Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни зери 70 кило бо медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни зери 97 кило бо медали биринҷӣ ва Хусрав Облобердиев дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни зери 66 кило бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG