Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон


Дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар қуръакашии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар қуръакашии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон, ки 27 май дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар барпо гардид, намояндагони 13 дастаи лигаи аввал ширкат доштанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои даври пешакӣ дар ду минтақа – Душанбе ва Суғд баргузор мешаванд. Аз рӯи натоиҷи бозиҳо чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва ду даста аз минтақаи Суғд ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2015

Даври пешакӣ. Бозиҳои аввалин

31 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

Минтақаи Душанбе

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Чашма» (Шаҳритус)

«Помир» (Душанбе) – «Зарафшон» (Панҷакент)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳосилот» (Фархор)

«Локомотив» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

Минтақаи Суғд

«Исфара» (Исфара) – МТО (Хуҷанд)

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Канд» (Конибодом)

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

Минтақаи Душанбе

«Чашма» (Шаҳритус) — «Ҳулбук» (Восеъ)

«Зарафшон» (Панҷакент) — «Помир» (Душанбе)

«Ҳосилот» (Фархор) — «Саройкамар» (Панҷ)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) — «Локомотив» (Душанбе)

Минтақаи Суғд

МТО (Хуҷанд) — «Исфара» (Исфара)

«Канд» (Конибодом) — «Эсхата» (Хуҷанд)

Даври пешакӣ. Бозиҳои аввалин

Минтақаи Душанбе

10 июн (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Локомотив»/«Кӯктош» — «Панҷшер»

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

17 июн (чоршанбе)

«Панҷшер» — Ғолиби ҷуфти «Локомотив»/«Кӯктош»

XS
SM
MD
LG