Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Тоҷикистон барои рақобат бо Урдуну Бангладеш


​Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигаронеро, ки ба бозиҳои тими миллӣ бо дастаҳои Урдун ва Бангладеш омодагӣ мебинанд, эълон кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста барои омодагӣ ба бозиҳои даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тимҳои миллии Урдун (11 июн) ва Банладеш (16 июн) 26 бозигар - 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба дархости даста танҳо 23 бозигар дохил мешавад.

Аз ҳама бештар - 16 нафар аз дастаи “Истиқлол”и Душанбе даъват шудаанд. Инчунин 8 нафар аз бошгоҳҳои дигари лигаи олии кишвар мебошанд. Ба бозиҳо муқобили тимҳои Урдун ва Бангладеш ду легионер – ҳимоятгарон Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия) ва Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) даъват шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи 30 май дар урдугоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол», воқеъ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, ба машқҳо шурӯъ кард.

Бозии аввалини мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонигр Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама – «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Мухлисоне, ки ба тамошои бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Урдун меоянд, имкони бурди мошини «Мерседес-Бенс»-ро доранд. Ба ҷуз мошин, телефони «iPhone 6» ва планшети «iPad» бурдҳои лотерея мебошанд. Нархи билетҳои маъмулӣ, ки аз 6 июн ба фурӯш бароварда мешаванд, 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Тамшобинон бо ин билетҳо, инчунин дар бозии лотерея иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки 14 апрели соли равон дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуда буд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми Ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG