Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии ҷавони 18-сола дар Қубодиён: Айби дӯстдухтар, ё волидон?


Маъмурони пулиси ноҳияи Қубодиён ба таҳқиқи худкушии як ҷавони ҳаждаҳсола пардохта, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Пулиси Қубодиёни вилояти Хатлон аз рӯи худкушии як ҷавони 18-сола дар ин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз карда ва сабаби аз зиндагӣ даст кашидани ӯро бозҷӯӣ мекунад. Пулис дар ҳоле ба пажӯҳиши қазия оғоз кардааст, ки ду тарафи ҳодиса - ҳам хонаводаи Далер Ёров, ҷавони худкушӣ карда ва ҳам дӯстдухтари ӯ - дар заминаи сар задани ин фоҷиа ангушти иттиҳомро ба сӯи якдигар баланд кардаанд.

Он чӣ то ҳол маълум аст ин аст, ки Далер Ёров баъд аз сӯҳбати телефонӣ ва видоъ бо дӯстдухтараш худро дар гӯшаи хилвати хонаашон ба дор овехт.

Наздикони Далер Ёров иддао мекунанд, Далер баъд аз гирифтани як паёмаки ноумедкунанда аз дӯстдухтараш Рухшона худкушӣ кардааст. Аммо Рухшона мегӯяд, хонаводаи ҷавон, махсусан модари ӯ, ба издовоҷи онҳо мухолиф буд ва сӯҳбати пешазмаргии Далер низ дар атрофи пофишориҳои модараш буд. Ҳоло баҳси қиссаи ин ишқи ноком аз қаламрави ноҳия ба вилоят ва аз вилоят ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯч бастааст.

Хонаводаи Далер Ёров дар маркази ноҳияи Қубодиён ба сар мебаранд ва мегӯянд, ки писарашон бо Рухшонаи 18-сола, сокини деҳаи Қиёт робитаи дӯстӣ дошт. Ҷавонҳо бештари вақти худро дар гуфтугӯҳои телефонӣ мегузарониданд. Онҳо хостори издивоҷ бо якдигар буданд.

Рухшона, дӯстдухтари Далер, ки дар ҷараёни сӯҳбат бо мо пайваста гиря мекард, мегӯяд, агар ин фарҷоми талхро аз оғоз медонист, шояд ҳеч гоҳ ошиқ намешуд. "Мо чанд мудат ногап будем. Аммо ҳамон рӯз - 23 июн Далер ба ман занг зада гуфт, як чиз мегӯям хафа нашавӣ. Ман гуфтам, гуфтан гир, хафа намешавам. Гуфт, модарам мегӯяд, ин духтарро барои ту намедиҳам, агар як бори дигар бо ин духтар гап занӣ шири додагиямро ҳалол намекунам," -- гуфт Рухшона.

Аммо Неъмат Ёров, падари Далер рӯзи ҷумъаи 26 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писари "ошиқаш" қабл аз худкушӣ муҳаббаташ ба Рухшонаро дар CD сабт карда ва ҳатто дар сабти телефонаш ҳам гуфтааст, агар Рухшона издивоҷро рад кунад, ӯ худкушӣ хоҳад кард. Падари Далер ҳам иқрор аст, ки писараш Рухшонаро дӯст медошт, аммо бештар аз он нигарон аст, ки мабодо онҳоро сабабгори худкушӣ нагӯянд.

"Писарам дар телефон гуфтааст, ки ба падару модарам мушкил эҷод нашавад. Ман худамро барои ҳамин духтар мекушам. Писарам дар телефон ба духтар гуфтааст, ки худамро мекушам, вай гуфтааст, ки рафта худатро куш, магар то ҳоло накуштӣ!" -- афзуд падари Далер Ёров.

Неъмат Ёров гуфт, писараш барои Рухшона тӯҳфаҳоҳои гаронбаҳо мехарид ва умед дошт, ки хоҳишаш рад намешавад ва вақте ҷавоби радро шунид, ноумед шуд. Далер Ёров аз оилаи нисбатан сарватманд буд, вале Рухшона бошад аз як хонаводаи миёнҳол аст.

Дар Тоҷикистон издивоҷи ҷавонон дар аксари маврид аз тарафи модар ва гоҳо ҷониби падарҳо танзим мешавад ва ин танзим бештар аз рӯи мақоли "кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз" сурат мегирад. Пайвандони Далер иддао мекунанд, ки бар сари арӯси оянда бо писарашон даъвое надоштаанд ва ҳатто ду дафъа барои хостгорӣ ба хонаи Рухшона низ рафтаанд, вале волидони духтар бо баҳонае, ки ӯ бояд аввал Коллеҷи тиббиро хатм кунад, дархости издивоҷи ҷавонҳоро рад кардаанд.

Ҳарчанд тарафҳо дар худкушии Далер якдигарро гунаҳкор медонанд, аммо мақомоти додситонӣ мегӯяд, ки ҳоло омили дар худкушӣ даст доштани Далер маълум нест. Мақомоти пулис барои таҳқиқи ин ҳодиса сабтҳои Далерро низ дар даст доранд.

Саймуддин Исмоилов, нозири минтақавӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба ҳодисаи худкушии Далер Ёров парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад, "Ҳоло таҳти санҷиш қарор дорад, ки тафтишот ба охир нарасидааст, Духтар то охир бозпурсӣ нашудааст ва мо ҳоло хулоса набаровардаем," -- гуфт ӯ.

Масъулони идораи пулиси ноҳияи Қубодиён гуфтанд, баробари ба анҷом расидани таҳқиқи ҳодисаи худкушии Далер Ёров ба хабарнигорон гузорише хоҳанд дод. Зимнан, Далер бо Рухшона ҳамсабақ будаанд ва аз синфи 7-ум якдигарро дӯст медоштанд. Онҳо ба якдигар қавл дода будаанд, ки баъд аз хатми мактаб издивоҷ мекунанд.

Бо он ки Далер аз хонаводаи як соҳибкори муваффақ дар ноҳияи Қубодиён буд, аммо натавонист ба донишгоҳ дохил швад. Рухшона соли 2014 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа шомил шуда, дар ин муассиса таҳсил мекунад.

Худкушии далери ҷавон дар ҳолест, ки ҳудудан як моҳ пеш ҷасади Садбарг Қарахонова, донишӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугаракӣ ноҳияи Восеъ ошкор карданд. Баъзе дӯстони ин духтар гуфтанд, Садбаргро ишқи ноком ва ба духтари дигар издивоҷ кардани дӯстписараш ба худкушӣ таҳрик додааст. Тибқи омори расмӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 30 мавриди худкушӣ дар вилояти Хатлон сабт шудааст, ки дар миёни онҳо ҷавонон низ зиёданд.

Ҷомеашиносон дар бисёр мавриди хушкушии ҷавононро ба нофаҳмиҳо дар хонавода, махсусан ба дахолати волидон дар ташкили оила барои фарзандон марбут медонанд.

XS
SM
MD
LG