Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маскун" - илоҷе аз беилоҷӣ, ё "Номаҳрам, аз хонаам дафъ шав!"


​Чаро ҳангоми таҳияи қонунҳо дар Тоҷикистон урфу одат ва вижагиҳои мазҳабии мардум аз назарҳо пинҳон мемонанд?

Вакили дифои як муттаҳам дар қатл дар ноҳияи Кӯлоб бовар дорад, ки иттиҳом зидди шахси таҳти ҳимояташ ба зудӣ бознигарӣ мешавад ва ӯ мӯҳлати камтарро дар чаҳордевори зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Адвокат Назиров аз Саид Аҳмадов, сокини рустои Навободи канори шаҳри Кӯлоб дифоъ мекунад, ки дар рӯзи равшан ба тани келини собиқаш Нилуфар Алиҷонова панҷ корд задааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Саид Аҳмадов ба ин куштор на барқасдона, балки бар асари асабонияти пайваста ва дар манзилаш зистани як зани номаҳрам даст задааст. Қотили Нилуфар дар бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ҳузури келини пешинаш - зани ҳамакнун барои ӯву писараш номаҳрам дар хона ӯро “девона” кардааст. Ҳарчанд, ба иқрори мардуми маҳалла, Саид Аҳмадов бештар аз пойфишории Нилуфар барои тақсими хона сахт хашмгин шуда буд.

Хусури пешин аз рӯи банди 104-уми Кодекси ҷиноӣ дар куштор айбдор мешавад ва ба ӯ аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Вакили дифоъ талош дорад, ки иттиҳом бознигарӣ шавад ва шахси зерҳимояташро аз рӯи банди 106 - “Куштор дар ҳоли асабонияти шадид” маҳкум кунанд – дар он сурат Саид Аҳмадов фақат ду сол пушти панҷара хоҳад монд.

"ИН СӮ РАВАМ МЕЗАНӢ, ОН СӮ РАВАМ..."

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки маскуншавии зани талоқгирифта дар манзили шавҳари пешин ҳамеша боиси моҷарову хушунат мегардад. Аз ин хушунатҳо то имрӯз фақат ҳодисаҳои пурсару садо, мисли қатли Нилуфар, расонаӣ шудаанду халос. Аслан, занҳо бо ду далел ба манзили шавҳар бармегарданд, аввалан, барои он ки онҳову кӯдакҳояшон дар хонаи падар ё бародар “нағунҷиданд” ва сониян, ба хотири “алови чашми шавҳарро гирифтан”.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Марям Давлатова, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, ки барои зан баргаштан ба хонаи шавҳари собиқ, ки он ҷо алакай ҳама душманаш шудааст, кори дуруст нест ва аз ноилоҷист ва таҳиягарони банди маскуншавӣ дар Кодекси оила ҳам инро иқрор мекунанд. Қонун ба занҳо иҷоза медиҳад, ки баъд аз талоқ дар манзили шавҳари пешин зиндагӣ кунанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз моҷароҳо бояд дари манзили зани талоқгирифта алоҳида бошад. Аз сӯи дигар, маскунсозӣ шояд ба он хотир ҳам ҳаст, ки ба мардҳо ҳушдор диҳанд -- талоқ кардан маънои пурра аз зан халос шуданро надорад, меафзояд Марям Давлатова.

Мусоҳиби мо занҳоеро вохӯрдааст, ки баъд аз талоқ “аз ин мондаву аз он ронда” шудаанд – шавҳари собиқ онҳоро бо фарзандони ноболиғ аз дари хона берун андохтааст ва падару бародар низ ба онҳо рӯи хуш нишон надодаанд. Аксар вақт агар падар кӯдакҳоро зери қанот гирад, худи занро дар хонаи падар ё бародар таҳаммул хоҳанд кард. Кӯдакон дар ин моҷарои хонаводагӣ мисли элакеанд, яъне “ин сӯ равам мезанӣ, он сӯ равам мезанӣ”, мегӯяд Марям Давлатова. Аз нигоҳи ӯ, бар пояи шариати ислом, ҳам фарзандҳо баъд аз ҷудо шудани волидайнашон бояд дар тарбияи падар бошанд.

ҚОНУН ҶУДО, ШАРИАТ - ҶУДО

Зимнан, бештар ҷомеашиносон ба он нукта таъкид мекунанд, ки ин беборубандиҳо дар ҷомеаи мусалмонии Тоҷикистон ба он хотир рӯй медиҳанд, ки дар кишвар қонун ҷудо ва шариат ҷудо аст, ҳарчанд беҳтар мебуд агар ҳангоми таҳияи қонунҳо урфу одат ва вижагиҳои мазҳабии мардуми тоҷик ба инобат гирифта мешуданд. Ба иддаои бархе, дар Тоҷикистон қонунбарорҳо худро заҳмат намедиҳанд ва баъзе қонунҳоро аз қонунҳои ҳамсони кишварҳое чун Русия рӯйбардор мекунанд. Агар аз ин таҷриба сарфи назар мешуд ва ба таҳияи қонунҳои марбут ба оила рӯҳониён ва ҷомеъашиносон низ ҷалб мешуданд, шояд қонунҳо бештар мардумӣ мебуданд.

Ашӯрбой Имомов, собиқ раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, мегӯяд, ки Тоҷикистон кишвари дунявӣ эълон шудааст ва аммо ҳангоми қабули қонун дунявият аз ҳад беш риоят мешавад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол боре шоҳид набуд, ки ҳангоми қабули қонун эътиқодмандии мардум ба инобат гирифта шуда бошад.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Дар ҳамин ҳол, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад -- рӯҳонии тоҷик ҳам маскунро илоҷе дар беилоҷӣ мехонад ва мегӯяд, ки он бо қонуни шариат каму беш пайванд ҳам дорад. Бар пояи шариат, зан баъд аз талоқ то иддаъ, яъне се моҳ, ҳақ дорад, ки дар манзили шавҳар бимонад. Баъд зан ҳаққи шавҳар карданро пайдо мекунад ва метавонад ба хонаи шавҳари наваш равад ваё падар ё бародараш ӯро ба манзили худ баранд.

Рӯҳонии тоҷик ҳам арҷгузорӣ ба вижагиҳои мазҳабӣ ва урфу одатҳои ҳазорсолаи мардум зимни таҳияи қонунҳоро муҳим мехонад. Аз нигоҳи ӯ, дар қонунҳо дар баъзе маворид, бигирем, ҳангоми тақсими молу амвол баъд аз талоқ, аз арзишҳои мазҳабӣ сарфи назар шудааст. Бар пояи қонуни шариат, ҳангоми тақсими молу амвол ҳама ҷиҳози занона (тиловорӣ, ҳалқаву ангуштариҳо, пироҳан) дар ихтиёри зан ва ҷиҳози мардона дар ихтиёри мард мемонанд. Ҷиҳози хона, аз ҷумла, рахти хоб миёни марду зан тақсим мешаванд. Аммо хонаву замину боғу мошин фақат дар ихтиёри моликаш мемонад. Дар қавонини дунявӣ бошад, ҳамаи ин чизҳо миёни зану шавҳар тақсим мешаванд, ки аз нигоҳи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ, одилона нест.

ХОНА, 13 КИЛО ТИЛЛО...

Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, қазияи зиндагии баъд аз талоқ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла, дар кишварҳои исломӣ, ҳоло мушкили умда нест. Дар кишварҳои арабӣ арӯсро ҳангоми никоҳ бо хона таъмин мекунанд, то ки дар сурати талоқ ӯ сарсону саргардон нашавад. Дар

Афғонистон маҳрияи арӯс то 13 кило тило муқаррар шудааст, дар Эрон ҳам зан баъд аз талоқ маҳрияе мегирад, ки ба ӯ барои зиндагии осуда кофист. Шояд ба ҳамин хотир дар ин кишварҳо омори талоқ хеле поин аст.

Ба гуфтаи Қобилҷон Боев, чанд сол пеш Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам пешниҳод карда буд, ки дар шартномаи никоҳ маблағи тақрибан даҳ ҳазор доллар чун маҳрия сабт шавад, яъне мард дар сурати талоқ ин маблағро бояд ба зани пешинаш пардозад. Аммо ин пешниҳод ба чӣ далелҳое пазируфта нашуд ва қонунгузорҳо ба “қонуни маскуншавӣ” бартарӣ доданд.

Ин рӯҳонии тоҷик ҳам қонунро ноқис мехонад ва мегӯяд, ки бояд ҳангоми таҳияи он нуктаи хеле муҳим - масъулияти ҳам шавҳари собиқу пайвандони ӯ ва ҳам зани талоқгирифта барои ҳамзистии осоишта дар як ҳавлӣ ё манзил ҳам таъкид ва барои хушунат нисбати “маскун” ҷазо таъин мешуд...

ИҶОЗАИ БИСЁРНИКОҲӢ?

Дар ҳамин ҳол баъзеҳо мегӯянд, ки дар вазъи феълӣ шояд як роҳи ҳалли мушкил – қонунӣ кардани бисёрникоҳӣ бошад, ки дар Тоҷикистон “де-факто” вуҷуд дорад. Қобилҷон Боев мегӯяд, баъзан мебинем, ки мардҳо зиндагии чанд занро таъмин мекунанд ва зиндагии ҳамаашон тинҷу ором аст.

Ва аммо бисёрникоҳӣ набояд маҷбурӣ бошад, яъне фақат фарде зани дуввум бояд бигирад, ки тавони таъмини баробари ҳарду завҷаашро дорад. Баъзе аз мардҳо ба гуфтаи Қобилҷон Боев рӯирост мегӯянд, ки дар вазъи феълӣ тавони таъмини як занро ҳам надоранд, чӣ расад ба никоҳ бо зани дуввум.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, 13 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки тайи 6 моҳи оянда баҳсҳои маскуншавиро ба таври махсус биомӯзанд ва дар ниҳоят роҳи ҳалли ин баҳсҳоро пешниҳод кунанд. Ҳоло додрасҳо амр гирифтаанд, ки вақте ариза дар бораи бекоркунии никоҳро мегиранд, ҳамзамон аз ҷонибҳо даъват кунанд, ки баҳсҳои алимент ва молу мулкро ҳам матраҳ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор хонавода аз ҳам пошид ва беш аз 4 ҳазор тан аз занҳои талоқгирифта маҷбуранд, ки зиндагии сангин ва пур аз таҳқир дар манзили шавҳари пешинро таҳаммул кунанд. Ва рӯшан нест, ки боз чӣ қадар ҳодисаҳои ваҳшатбор онҳоро дар каминанд…

XS
SM
MD
LG