Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои Муҳаммадмурод ва нуқраи Комроншоҳ


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

​Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи бози Осиё оид ба дзюдо - "Asian Judo Open Taipei 2015" дар Тайван ду медал - як тило ва як нуқра - ба даст оварданд.

Мусобиқаи бози Осиё оид ба дзюдо - "Asian Judo Open Taipei 2015" дар Тайван рӯзҳои 25-26 июл баргузор шуд ва дар ин мусобиқа 180 варзишгар (109 мард и 71 зан) аз 28 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар "Asian Judo Open Taipei 2015" се паҳлавони маъруф - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ карданд. Ҳарсе рӯзи 26 июл барои ҷоизаҳо мубориза бурданд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило баъд аз пирӯзӣ бар Ҷуян Ли (Кореяи Ҷанубӣ), дар даври ниманиҳоӣ Ченг-Лианг Ҳсияои тайваниро шикаст дод ва ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф гашт. Муҳаммадмурод дар қувваозмоии ҳалкунанда бар рақиби дигари тайваниаш – По Йен Ли – ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило нахуст бар Вей Чен Чанг (Тайван) пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ Хинзао Ченгро аз Чин шикаст дод ва ба финал баромад. Вале Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Миҳаэл Зганк (Словения) мағлуб гардид ва барои мақоми дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҳан-Чин Тсенг (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври дувум аз Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Баъдан Саидҷалол аз Дуке Дидир (Австралия) ноком гашт ва аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд. Дар натиҷа Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтумро касб кард.

Ба ин тартиб, ҳарсе паҳлавони тоҷик, ки барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия талош мекунанд, дар раддабандии ҷаҳонии беҳтарин дзюдочиёни олам ҳар кадом соҳиби имтиёзҳои муқарраршуда гардиданд.

Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медал – 1 тило, 1 нуқра – дар байни 28 кишвар ҷойи чаҳорумро касб кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал (5-4-11) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Словения (3-1-3) ҷойи дувум ва тими Канада (1-2-0) ҷойи севумро гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Дзюдо. Давраи Ҷоми Осиё. Тайван, 25 июл

Мардон. Вазни то 60 кг. 1. Матяж Трбовс (Словения). 2. Серхио Пессоа (Канада). 3. Лу Хэй (Чин) ва Хуан Чен-Тин (Тайван). То 66 кг. 1. Адриан Гомбоч (Словения). 2. Ма Дуанбин (Чин). 3. Люис Кибли (Британияи Кабир) ва Элио Верде (Италия). То 73 кг. 1. Дэниэл Уилямс (Британияи Кабир). 2. Дэвид Анкор (Канада). 3. Мансур Исоев (Русия) ва Сун Шуай (Чин).

Занон. То 63 кг. 1. Стефани Тремлэ (Канада). 2. Бак Си Юн (Кореяи Ҷанубӣ). 3. Хуан Ши-Хан (Тайван) ва Ча Се Ран (Кореяи Ҷанубӣ). То 70 кг. 1. Ким Сен Кен (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Анка Погасник (Словения). 3. Ан Са Хо и Хван Е Сул (ҳарду – Кореяи Ҷанубӣ).То 78 кг. 1. Яхима Рамирес (Португалия). 2. Чой Ми Ян. 3. Сун Чо Рон (ҳарду – Кореяи Ҷанубӣ) ва Лхамдеҷ Пуревҷаргал (Муғулистон). Беш аз 78 кг. 1. Ким Чи Ен (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Тсин Тсянь (Чин). 3. Сун Пей Ю (Тайван) ва Ким Ми Си (Кореяи Ҷанубӣ).

Дзюдо. Давраи Ҷоми Осиё. Тайван, 26 июл

Мардон. То 81 кг. 1. Срҷан Мрвалевич (Черногория). 2. Ҷосатеки Наулу (Фиҷи). 3. Том Рид (Британияи Кабир) ва Аттила Унгвари (Маҷористон). То 90 кг. 1. Михаэл Зганк (Словения). 2. Комроншох Устопириён (Тоҷикистон). 3. Ким Кюнмо ва Чжаеон Ли (ҳарду –Кореяи Ҷанубӣ). То 100 кг. 1. Ҷонҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Тагир Ҳайбуллоев (Русия). 3. Дуке Дидир (Австралия) ва Лихюн Ким (Кореяи Ҷанубӣ). Беш аз 100 кг. 1. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон). 2. Ли По Ен (Тайван). 3. Вито Драгич (Словения) ва Минон Чой (Кореяи Ҷанубӣ).

Занон. То 70 кг. 1. Сбонгон Ким (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Анка Погачник (Словения). 3. Сахо Ан и Е Сулл Хван (ҳарду – Кореяи Ҷанубӣ). То 78 кг. 1. Яхима Рамирес (Португалия). 2. Ми Юн Чой (Кореяи Ҷанубӣ). 3. Лхамдег Пуревҷаршгал (Муғулистон) ва Чорон Сунн (Кореяи Ҷанубӣ). Беш аз 78 кг. 1. Ҷиюн Ким (Ю Кореяи Ҷанубӣ). 2. Тсинн Сян (Чин). 3. Минҷи Ким (Кореяи Ҷанубӣ) ва Сун Пей Ю (Тайван).

XS
SM
MD
LG