Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи махсус


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIV ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус дар Лос-Анҷелеси ИМА ширкат доранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIV ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус, ки 25 июл дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шурӯъ шуданд, ширкат доранд.

Бояд тазаккур дод, поягузори Олимпиадаи Махсус Юнис Кеннеди Шрайвер, хоҳари президенти ИМА Ҷон Кеннеди, маҳсуб мешавад. Аввалин Бозиҳои ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус моҳи июли соли 1968 дар Чикагои ИМА баргузор шудаанд.

Бозиҳои ҷаҳонӣ рӯйдоди асосӣ дар ҳаракати Олимпиадаи Махсус ба шумор мераванд ва дар ҳар чаҳор сол доир мешаванд. Имсол дар Бозиҳои ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус ҳудуди 7000 варзишгар аз беш аз 170 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Ин бузургтарин рӯйдоди олами варзиш дар соли 2015 мебошад.

Ба барномаи Бозиҳои XIV ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус 22 навъи варзиш, ба мисли бадминтон, баскетбол, варзиши сабук, волейбол, велосипедронӣ, гимнастикаи бадеӣ ва варзишӣ, дзюдо, теннис, футбол, ҳандбол, шиноварӣ ва ғайра дохиланд.

Дар Бозиҳои XIV ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус ҳайати варзишии Тоҷикистон таҳти сарварии Дилбар Шарифова, раҳбари Олимпиадаи Махсуси Тоҷикистон, ширкат дорад. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Олимпиадаи махсус ин ҳаракати ҷаҳониест, ки ба ташкилу баргузории чорабиниҳои тарбияти баданию тандурустӣ барои шахсони имконияти зеҳниашон маҳдуд машғул аст. Аҳдофи аслии Бозиҳои ҷаҳонии Олимпиадаи Махсус созгории одамони нухси зеҳнӣ дошта ба ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ба онҳо барои намоиши истеъдоди худ дар рақобатҳои варзишӣ имконият додан аст”.

Ба гуфтаи Дилбар Шарифова, варзишгарони навраси маълули тоҷик соли 2011 дар Бозиҳои XIII ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус дар Афина, ки бо ширкати 7500 варзишгар аз 185 кишвари ҷаҳон дар 22 навъи варзиш баргузор шуд, чаҳор медал ба даст оварда буданд.

Фаррух Самадов дар ду намуд - ҷаҳидан ба дарозӣ бо медали тилло ва давидан ба масофаи 100 метр бо медали нуқра, Фарида Назарова дар давидан ба масофаи 100 метр бо медали тилло, Шӯҳрат Шодиев дар давидан ба масофаи 200 метр бо медали нуқра сарфароз гаштаанд. Инчунин дастаи футболи духтаронаи Тоҷикистон миёни 14 даста дар ҷойи 6-ум қарор гирифт.

Дар Бозиҳои ҷаҳонии соли 2011 дар Афина дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 296 медал (143 тило, 106 нуқра ва 47 биринҷӣ) ғолиб шуда буд.

Бозиҳои XIV ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи Махсус дар Лос-Анҷелеси ИМА то рӯзи 2 август идома хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG