Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиро ба "Ал-Қодсия" бохт


​Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт бо ҳисоби 4:6 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар айни ҳол дар Кувайт ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 омодагӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи “Ал-Қодсия” бо ҳисоби 4:6 шикаст хӯрд. Тими “Ал-Қодсия” финалисти охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё маҳсуб мешавад.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Раҳмоналӣ Шарифов, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов ва Мансур Мамедбобоев ба самар расонданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футзали кишвар 13 август, бо мунтахаби Кувайт бозии дӯстона анҷом дод. Бозии дувум миёни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Тоҷикистон рӯзи шанбе, 15 август, барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ҷамъомади таълимиву тамриниашро аз ин пеш дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) доир карда буд. Футболбозони тоҷик дар ин ҷо бо мунтахаби ИМА ду бозии дӯстона анҷом дода, дар аввалинаш бо ҳисоби 3:5 шикаст хӯрданд ва бозии дувум бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “баъди таъсиси Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мо дар ин намуд истеъдодҳои наву ҷавонро пайдо кардем ва онҳоро барои санҷиш ба мунтахаби миллӣ даъват намудем. Умуман, пайдо шудани бозигарони хориҷӣ ва мутахассисон дар лигаи тозатаъсис ба рақобати солим ва рушди футзал дар кишвар мусоидат хоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG