Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Кувайт


​​​Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ҷавобии санҷишӣ, ки рӯзи 15 август дар Кувайт баргузор шуд, аз тими миллии ин кишвар бо ҳисоби 1:3 мағлуб гашт. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Мансур Мамедбобоев ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон чаҳор рӯз пеш дар бозии аввали санҷишӣ бар тими миллии Кувайт бо ҳисоби 5:2 ғолиб омада буд. Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Мансур Мамедбобоев ба самар расонд. Шерзод Ҷумъаев, Некрӯз Алимаҳмадов ва Шавкат Ҳалимов якголӣ заданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби футзали кишвар, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт таҳти раҳбарии сармураббӣ Шодӣ Ҳусейнов ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 тӯли ду ҳафта омодагӣ дид, субҳи имрӯз, 17 август, ба Душанбе баргашт.

Ҳамин тариқ, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар як бозӣ бар тими миллии Кувайт бо ҳисоби 5:2 ғолиб омада, дар сетоаш аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) бо ҳисоби 3:5, «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо ҳисоби 4:6 ва мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 1:3мағлуб шуданд ва як бозиро бо мунтахаби ИМА бо ҳисоби мусовии 3:3 ба анҷом расонданд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бозиҳои санҷишӣ дар Кувайту Дубай ба омодагии ҳамаҷонибаи дастаи мо ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 мусоидат намуданд. Мунтахаби футзали Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи худ бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон рақобат мекунад”.

XS
SM
MD
LG