Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Равшан", ССКА ва "Регар" дар 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон


Равшан Вахшро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Видеои бозии "Равшан" бо "Вахш", ки бо ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт

​Рӯзи 20 август бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд.

Дар бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки шоми 20 август ба поён расиданд, дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ғолиб омаданд.

«Равшан» дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. ССКА «Помир» бар дастаи меҳмон -«Барқи тоҷик»-и Душанбе - бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар дастаи лигаи аввал - «Саройкамар»-и Панҷ - бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт.

Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 25 август, соати 16:30 шурӯъ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе роҳ ёфтааст. Душанбегиҳо аз рӯи натоиҷи ду бозии чаҳорякниҳоӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд (6:1 ва 0:0) ба нимфинал баромаданд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои аввал

«РАВШАН» — «ВАХШ» — 2:1

Голҳо: Бахтиёр Қаландаров, 7 (1:0). Кароматулло Саидов, 56 – аз пеналтӣ (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 79 (2:1).

ССКА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 3:2

Голҳо: Комрони Мирзонаҷот, 5 (1:0). Шамсиддин Қосимов, 7 (2:0). Давронҷон Тухтасунов, 9 – аз пеналтӣ (3:0). Самад Шоҳзуҳуров, 11 (3:1). Соломон Течи, 57 (3:2).

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР» — 3:0

Голҳо: Фаррух Чориев, 12 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 65 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (3:0).

XS
SM
MD
LG