Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарвозабони асосии мунтахаби Австралия лат хӯрдааст


​Мэтю Райан, дарвозабони асосии мунтахаби футболи Австралия, дар бозиҳо муқобили тимҳои миллии Бангладеш ва Тоҷикистон ширкат намекунад.

Дарвозабони асосии мунтахаби Австралия Мэтю Райан, ки дар тими “Валенсия”-и Испания бозӣ мекунад, ба иллати лат хӯрдани зонуяш наметавонад дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 муқобили тимҳои миллии Бангладеш (3 сентябр) ва Тоҷикистон (8 сентябр) ширкат варзад.

Чунонки торнамои расмии Федератсияи футболи Австралия хабар додааст, дар бозии даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Испания муқобили «Депортиво» (1:1) зонуи Райан лат хӯрдааст. Ба ҷои ӯ ба дастаи мунтахаби Австралия оҷилан дарвозабони 34-солаи бошгоҳи «Аделаида Юнайтед» Юҷин Галекович, ки аз соли 2009 ҳамагӣ дар 9 бозии мунтахаб иштирок кардааст, даъват шудааст.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш дар рӯйхати австралиягиҳо се тағйирот ба амал омада буд. Майкл Единак, капитани мунтахаби Австралия, ки дар тими «Кристал Пэлас»-и Инглистон бозӣ мекунад, низ ба иллати латхӯрӣ дар бозиҳо муқобили Бангладеш ва Тоҷикистон ширкат карда наметавонад. Ба ҷуз ӯ, боз ду нафари дигар - ҳамлагар Томи Юрич («Рода», Ҳолланд) ва Робби Круз («Байер-04», Олмон) -беморанд.

Чунонки торнамои Федератсияи футболи Австралия хабар додааст, ба ҷои онҳо сармураббии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу ба даста нимҳимоятгар Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия), инчунин ҳамлагарон Кристофер Икономидис («Латсио», Италия) ва Бен Ҳаллоранро («Ҳайденҳайм», Олмон) даъват кардааст.

Мунтахаби Австралия рӯзи панҷшанбе, 3 сентябр, дар даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш бозӣ мекунад.

Баъди анҷоми бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад, мухлисони футбол метавонанд бо билетҳои тамошои ин дидор, инчунин дар бозии лотерея ширкат намоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се адад смартфон ё телефони ҳушманди Samsung S6 ва се адад соатҳои ҳушманди Samsung Gear S бурдҳои лотерея мебошанд.

Нархи билети оддӣ 20 сомонӣ, билетҳои махсус 100 сомонӣ, VIP-билетҳо 700 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо VIP-билет мухлис бозиро дар курсии мулоим тамошо карда, ҳангоми танаффус ба ӯ дар нуқтаи ғизо хидмат расонида мешавад.

Доварони бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия аз Баҳрайн мебошанд.

Довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейнин 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Моуҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ҳоло дар гурӯҳи “В” се даста – Урдун, Қирғизистон ва Австралия сеимтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш - якимтиёзӣ доранд. Урдун ва Австралия як бозӣ, се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1-1

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG