Доварони мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни футболбозони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи “F”, ки аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, маълум шуданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои ин мусобиқаро чаҳор довари ФИФА – Пратап Сингх (Ҳиндустон), Алӣ Шаъбон (Кувайт), Нивон Робеш Гаминӣ ва Ашантха Приядхаршана Диас Понхен Хадига (ҳарду – Шри-Ланка), инчунин панҷ ёвари довари ФИФА – Санҷива Премалал Веллабада, Иран Удаякантха Локу Кастходаҷе, Параккрама Хематхунга Дени Гедара Палитха (ҳама – Шри-Ланка), Алӣ Беҳзод (Кувайт) ва Абдулло Ал-Шаммахӣ (Умон) ҳакамӣ мекунанд.
Нозири доварон Исмоил Иброҳим Сафирӣ аз Эрон, комиссарони бозиҳо Муҳаммад Сайфуддин Бин Абу Бакар (Малайзия) ва Солеҳ Абдулло Муҳаммад Ал-Форсӣ (Умон) мебошанд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад. Бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон соати 18:00 шурӯъ мешаванд.
Қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.
Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кунад ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ҷойгир шавад, он гоҳ дастаи беҳтарини шашум аз ҳисоби тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда шонздаҳумин ширкаткунандаи чемпионати Осиё-2016 мешавад.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:
Даври 1-ум
2 октябр (ҷумъа)
15:00 – Баҳрайн – Молдив
18:00 – Ироқ – Тоҷикистон
Даври 2-юм
4 октябр (якшанбе)
15:00 – Молдив – Ироқ
18:00 – Тоҷикистон – Баҳрайн
Даври 3-юм
6 октябр (сешанбе)
15:00 – Ироқ – Баҳрайн
18:00 – Молдив – Тоҷикистон