Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ дар Ереван


Шаҳри Ереван.
Шаҳри Ереван.

Рӯзҳои 29-30 сентябр дар Ереван ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон баргузор мешавад.

Ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), кишварҳои Балтик ва Гурҷистон рӯзҳои 29-30 сентябр дар пойтахти Арманистон – Ереван – доир хоҳад шуд.

Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Арманистон бо дастгирии барномаи "Ҳамраъйии олимпӣ" дар ҳамкорӣ бо ҳамонҳангсози ҳамоишҳои ИДМ ташкил кардааст.

Дар ҷараёни мулоқоти дурӯза ширкаткунандагони ҳамоиш роҷеъ ба роҳҳои шавқовари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳои худ, дар бораи барномаҳои миллии зидди доруҳои мамнуъ маърӯзаҳо карда, умуман масоили ҳалталаби инкишофи ҳаракати олимпиро баррасӣ менамоянд, инчунин оид ба омодагии дастаҳои мунтахаб ба Бозиҳои олимпӣ табодули таҷриба мекунанд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов намояндагӣ мекунад. Маърӯзаи ӯ ба мавзӯи «Саҳми хабарнигорони варзишӣ дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон” бахшида шудааст.

Ба иттилои Грачя Ростомян, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Арманистон, дар ҷараёни ин ҳамоиш рӯзи 29 сентябр ба муносибати ҷашни 25-солагии КМО Арманистонмаросими кушоиши бинои нави қароргоҳва Маҷмааи олимпӣ (Олимпаван) дар Давидашен доир мешавад.

Дар ин маросим президенти Кумитаи олимпии Аврупо Патрик Хикки ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мебошад, иштирок хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Ростомян шоми сешанбе дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Спендиаряни шаҳри Ереван ҷаласаи ботантана бахшида ба Рӯзи таъсисёбии КМО Арманистон доир мешавад. Дар ин чорабиниҳо намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, инчунин меҳмонони даъватшуда ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG