Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олиро эълон кард. Бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум байни ду дастаи Душанбе - «Истиқлол» — ССКА «Помир» рӯзи чоршанбеи 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор мешавад.
Бозии мавқуфмондаи даври 14-ум миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода — «Вахш»-и Қӯрғонтеппа рӯзи шанбеи 24 октябр дар варзишгоҳи «Металлург» барпо мегардад. Бозии даври 16-ум байни дастаҳои «Истиқлол» — «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров панҷ рӯз пештар, яъне 26 октябр барпо мегардад. Зеро ки 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе “Истиқлол” дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо тими “Ҷоҳор Дорул Такзим”-и Малайзия рақобат хоҳад кард.
Инчунин бозии даври 16-ум байни дастаҳои «Барки тоҷик»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ» аз 31 октябр ба 2 ноябр гузаронида шудааст.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуф гузошташуда
Бозии даври 15-ум
21 октябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
«Истиқлол» — ССКА «Помир»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Бозии даври 14-ум
24 октябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
«Регар-ТадАЗ» — «Вахш»
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»
Бозии даври 15-ум
26 октябр (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
«Истиқлол» — «Парвоз»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Бозии даври 16-ум
2 ноябр (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
«Барқи тоҷик» — «Регар-ТадАЗ»
Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ