Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирин ҳал мешавад


​17 ноябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми сешанбеи 17 ноябр ба анҷом расиданд. Бозии марказии ин давр дар шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои«Хайр» ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, дар майдони худ«Барқи тоҷик»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон -“Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

«Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.

Бозиҳои даври охирин – 18-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи22 ноябр баргузор мешаванд. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» ҳал хоҳад шуд. Дар ин бозӣ футболбозони шаҳри Турсунзодаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад Вале ба футболбозони шаҳри Кӯлоб барои гирифтани ҷойи севум танҳо ғалаба зарур аст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум.

«Истиқлол» - «Барқи тоҷик» — 3:1

«Хуҷанд» - «Парвоз» — 1:0

«Вахш» - ССКА «Помир» — 4:2

«Хайр» - «Равшан» — 0:0

«Регар-ТадАЗ» - «Далерон-Ӯротеппа» — 6:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

15

2

0

62-4

47

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

12

3

2

33-14

39

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

9

6

2

30-12

33

4

«Равшан» (Кӯлоб)

17

9

4

4

35-25

31

5

«Хайр» (Ваҳдат)

17

8

5

4

20-23

29

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

17

7

2

8

15-21

23

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

17

3

4

10

10-32

13

8

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

17

3

3

11

15-33

12

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

17

3

2

12

14-31

11

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

17

0

1

16

4-43

1

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 19 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 17 тӯб.

XS
SM
MD
LG