Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"20 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд"


Яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Далели қатъи фаъолияти бархе аз соҳибкорони инфиродӣ болоравии арзиши доллар, афзудани фоизи қарзҳои бонкӣ, сарбории андоз ва суст шудани савдо дар бозорҳо гуфта мешавад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон дар натиҷагирии нӯҳмоҳаи худ эълон кард, ки то аввали октябри соли ҷорӣ 20 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тарки ин пеша карда, патент ё шаҳодатномаи соҳибкориашонро бекор намудаанд. Аммо рӯшан нест, чӣ теъдоде аз ин соҳибкорон дубора ва дар шакли дигар ба арсаи соҳибкорӣ баргаштаанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, низ дар ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи парлумон ҳангоми баррасии тарҳи қонуни буҷаи соли оянда ба ин мавзӯъ дахл карда, онро муҳим хонд, вале гуфт, ки ин рақамҳо санҷида шаванд ва чаро як чунин вазъ пеш омадааст?

Бархе аз соҳибкорон мегӯянд, якчанд омил, аз ҷумла болоравии арзиши доллар нисбат ба сомонӣ, афзудани фоизи қарзҳои бонкӣ ва зиёд шудан сарбории андоз онҳоро ба тарки соҳибкорӣ водор кардааст. Аслиддин Раҳимов, яке аз соҳибкорони бозори “Султони Кабир” дар Душанбе, ки ба тиҷорати маводи бинокорӣ машғул буд, мегӯяд, бо гарон шудани қимати доллар нархи ниҳоии маҳсулот, ки аксаран аз хориҷ ворид мекарданд, низ гарон шуд.

Ӯ афзуд, “мол то даромадан ба Тоҷикистон гарон меафтад. Аз як сӯ доллар боло рафт, аз сӯи дигар пардохтҳои гумрукӣ низ зиёданд. Бар замми ин савдо суст шуд ва дар бозор харидорон хеле каманд. Лекин андозу ҳаққи иҷораи дӯконро бояд бисупорӣ.”

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, моҳҳои охир фоидаи тиҷораташ ҳатто пули андоз, барқ ва иҷораи дӯкон дар бозорро напӯшонд ва ин рӯ тасмим гирифт, ки фаъолияти соҳибкории худро қатъ кунад.

Бино бар қонунҳои Тоҷикистон ҳар соҳибкор бояд қабл аз хатми фаъолияташ дар нашрияҳо эълон диҳад ва он гоҳ аз масъулиятҳои худ озод хоҳад гашт. Ин аст, ки дар саҳифаҳои матбуот низ эълонҳои қатъи фаъолияти соҳибкорӣ зиёд ба чашм мехӯранд.

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди онҳое, ки риштаи корашонро иваз мекунанд ва дигарбора сабтином мешаванд, низ кам нестанд ва аз ин рӯ бо қатъият намешавад, гуфт, ки кулли ин соҳибкороне, ки патент ё шаҳодатномаи соҳибкориашонро бекор кардаанд, тарки ин пеша намудаанд.

Ҳамчунин кам нестанд, соҳибкороне, ки сармояи худро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳанд ва пояҳои тиҷорати худро дар он ҷо мегузоранд, то аз андозҳои зиёд халос шаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар беш аз 155 000 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Қисме аз ин афрод бо воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва пантент кор мекунанд ва боқимондашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониянд.

XS
SM
MD
LG