Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: "Арзиши боҷи гумрукӣ дар Тоҷикистон боло нарафтааст"


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон иддаои бархе аз тоҷиронро дар бораи афзоиши боҷи гумрукӣ рад кардааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ иддаои бархе аз тоҷиронро дар бораи афзоиши боҷи гумрукӣ рад кардааст. Рӯзи 20 ноябр бархе аз тоҷироне, ки аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Покистону Эрон, Чину Русия ва Туркияву Беларус ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекунанд, дар сӯҳбат бо мо гуфта буданд, ки афзоиши арзиши боҷи гумрукӣ онҳоро дар ташвиш гузоштааст. Зеро бори онҳо аз ин ба баъд бо арзиши гаронтар ворид мешавад ва ин ба нарху наво дар бозори дохилӣ таъсир хоҳад кард.

Матни комили номаи Хадамоти гумрук:

"Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи “Норозигии тоҷирон аз афзоиши боҷи гумрукӣ” иттилоъ медиҳад, ки меъёрҳои боҷи гумрукӣ тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2003, таҳти №450 муқаррар гардидааст. Ба санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида солҳои охир ягон тағйироту иловаҳо ворид карда нашудааст ва Хадамоти гумрук ҳамчун мақоми иҷроияи ҳокимияти марказӣ дар доираи ваколатҳои хизматии худ салоҳияти тағйир додани меъёрҳои боҷи гумрукиро надорад.

Аммо аз муҳтавои мақолаи ба табъ расида, бармеояд, ки Хадамоти гумрук бо дарназардошти шиддатнокии буҳрони молиявӣ ва иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, меъёри боҷи гумрукиро ба маротиб баланд намудааст.

Ин иддаои хабарнигор комилан хатост. Ёдовар бояд шуд, ки Хадамоти гумрук танҳо ба назорати дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда ваколатдор буда, салоҳияти тағйир додани меъёрҳои боҷи гумрукиро надорад.

Дар асоси муқаррароти моддаи 354 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиш гумрукии моле, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулҳои зерин муайян карда мешавад:

тибқи нархи муомилоти моли воридшаванда;
тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ;
тибқи нархи муомилоти моли њамљинс;
тарҳи арзиш;
ҷамъ кардани арзиш;
усули эҳтиётӣ;

Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол, усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридотӣ асос ёфтааст. Дар сурати имконпазирии истифодаи усули асосӣ, паёпай усулҳои номбаршуда ба кор бурда мешаванд.

Дар ин асно тазаккур бояд дод, ки арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда, махзани асосии ҳисобӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин, бо мақсади ба маротиб кам нишон додани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридшуда ва камтар супоридани пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби баъзе субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳои носаҳеҳ ва шубҳаовари ҳамроҳикунандаи мол пешниҳод карда мешаванд, ки ин ҳолат ба муқаррароти моддаи 355 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намуда, муайян намудани арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули асосӣ ғайриимкон менамояд.

Усулҳои муайян намудани арзиши гумрукии мол тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ ва ҳамҷинс дар ҳолате истифода мешаванд, ки усули асосии муайянкуии арзиши гумрукӣ ғайриимкон буда, барои ворид намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад, ҳамзамон бо моли арзиши гумрукиаш муайяншаванда ё камаш то 90 рӯзи тақвимӣ пеш аз воридоти моли арзишаш муайяншаванда ворид карда шуда бошад.

Тазаккур бояд дод, ки дар махзани омори гумрукӣ воридоти моли шабеҳ ва ҳамҷисн аз баъзе кишварҳо, ки арзиши он бо истифода аз усули якум сурат гирифта бошад, мавҷуд нест. Бинобар ин, муайян намудани арзиши гумрукии мол бо истифода аз ин усулҳо ғайриимкон аст.

Усулҳои 4 ва 5 усулҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси тарҳ ва ҷамъи арзиш, ин усулҳое мебошанд, ки ҳангоми истифодаи онҳо барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи воҳиди моле чун асос қабул карда мешавад, ки тибқи он моли шабеҳ ва ҳамҷинс дар баробари воридоти мол нархгузоришаванда ба шахсони бо фурӯшанда новобаста ба миқдори зиёд яклухт фурӯхта мешаванд.

Аз воҳиди мол хароҷоти зерин вобаста аз усули интихобнамудаи декларант (усули 4 ва 5) тарҳ ва ҷамъ карда мешаванд:

- хароҷоти комиссионии пардохтшаванда ё мувофиқшудаи пардохт ё иловапулӣ бо мақсади гирифтани фоида ва пӯшонидани тамоми хароҷот марбут ба фурӯши моли воридотии ҳамин навъ ё намуд дар кишвар;

- маблағи боҷҳои воридотӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридот ё фурӯши он супорида мешаванд;

- хароҷоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда барои борбарорӣ, суғурта, корҳои борбардорӣ ва борфарорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ анҷомшаванда;

- арзиши масолеҳ ва хароҷоти умумии истеҳсолкунанда ҳангоми истеҳсоли моли нархгузоришаванда;

- маблағи даромад ва хароҷоти умумии ба нарх ҳамроҳшаванда ҳангоми фурӯши моли ҳамин навъ ва намуд, мисли моли нархгузоришавандае, ки дар кишвари истеҳсолкунанда барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби декларант мавриди муайян намудани арзиши гумрукии мол бо усулҳои 4 ва 5 тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷоти дар боло омада, ки аз арзиши воҳиди мол ҷамъ ё тарҳ карда мешаванд, пешниҳод карда шаванд, ки аз ҷониби ягон декларант ин ҳуҷҷатҳо ба мақомоти гумрук пешниҳод карда намешаванд. Ҳолати мазкур аз имконпазирии истифодаи ин усулҳо барои муайян кардани арзиши гумрукии мол дарак медиҳад.

Усули шашуми усулҳои муайянкунии арзиши гумрукӣ ин усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ буда, дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки арзиши гумрукии мол бо роҳи истифодаи пайдарҳамиии усулҳои қаблӣ муайян нашуда бошад.

Тибқи муқаррароти банди 3 моддаи 360 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми татбиқи усусли эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳамчунин маълумоти дар ихтиёри мақомоти гумрук мавҷударо низ истифода бурдан мумкин аст.

Вобаста ба ин, бо мақсади татбиқи самараноки муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур, Хадамоти гумрук бо истифода аз маълумоти сарчашмаҳои иттилоотӣ, омӯзиш ва таҳлили бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ва давлатҳои истеҳсолкунандаи мол, Ҷадвали маълумоти дар ихтиёри мақомоти гумрук буда “Оид ба арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда”-ро таҳия намуда, ҷиҳати корбарӣ ва маълумот ба воҳидҳои сохтории минтақавии гумрук ирсол намудааст.

Иҷрои муқаррароти Ҷадвали маълумоти мазкур характери маълумотӣ дошта, истифодаи он ҳатмӣ нест ва танҳо дар сурати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои аслии барои муайян намудани арзиши гумрукӣ зарур ва мухолифати дигар шартҳои пешбинишудаиусули шашум ба инобат гирифта мешавад.

Тавре аз таҷриба бармеояд мавриди воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мамлакатҳо Созишномаҳои тарафайн оид ба мубодилаи маълумотро надорад, ҳуҷҷатҳои носаҳеҳ ва шубҳаовар пешниҳод шуда, боиси пайдо шудани шубҳа ба дуруст муайян шудани арзиши гумрукии мол мегардад. Мавриди воридоти мол аз мамлакатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мамлакатҳо Созишнома оид ба мубодилаи маълумотро дорад, тамоми ҳуҷҷатҳои барои назорати гумрукӣ зарур пешниҳод гардида, арзиши гумрукии онҳо бо истифодаи усули якуми муайянкунии арзиши гумрукии мол муайян карда шуда, барасмиятдарории гумрукӣ ба анҷом расонида мешавад.

Вобаста ба ин масъала ҳаминро бояд қайд намуд, ки бо назардошти имкониятҳои молиявии истеъмолкунандагон ва бо талаботи ниёзи мардум ба маводҳои ғизоии аввалиндараҷа, Хадамоти гумрук диққати махсус зоҳир намуда, арзиши гумрукии онҳоро бетағйир мондааст. Дар мавриди дастрасии маълумот дар самти муайянкунии арзиши гумрукии мол ва дигар самтҳои ба ваколати мақомоти гумрук алоқаманд, Хадамоти гумрук пайваста бо субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар иртибот буда, омодагии минбаъдаи худро низ изҳор менамояд."

XS
SM
MD
LG