Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар як маросими ботантанаи тақдими ҷоизаҳо, ки рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси», доир мешавад, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2015-ро бо ҷоизаҳо сарфароз хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ин маросим мавсими имсолаи футбол дар кишвар натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон соли равон ҳаҷми корҳои зиёдеро, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар кишвар равона шуда буданд, ба ҷо овард.
Чунонки дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ, ки рӯзи 3 декабр баргузор шуд, зикр гардид, ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагии мақсаднок ва таъмини ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Соли 2015 дар Тоҷикистон 35 бозии байналмилалӣ баргузор шуд. Мунтахаби миллии Тоҷикистон чаҳор бозии хонагӣ, ки яктоаш муқобили тими миллии Сурия дӯстона буд, анҷом дод.
Дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) имсол дар Душанбе ҳафт бозӣ бо ширкати бошгоҳҳои футбол аз Ироқ, Кувайт, Туркманистон, Сурия ва Малайзия баргузор шуд. “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи қитъавӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.
Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 мушарраф шуд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт.
Дар ин маросим Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ғолибон ва дастаҳое, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаҳои аввал ва олии Тоҷикистон, сабқати ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд, ҷоизаҳо месупорад.
Ҳамчунин ғолибон аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин бозигари сол”, «Беҳтарин мураббии сол”, «Беҳтарин бозигари футзал», «Беҳтарин футболбоззан», «Беҳтарин довар» ва ғайра эълон шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд.
Аз бизнеси калон то талбандаги монополия шудаги. Як оилаба. Ин оила намехохад
Албатта худи Россия ва ин ваксина Руси хавфноктар ва хатарноктар аст барои хар ъокил! !!!
Ин суханонатон хато аст. Агар захро бе пул диханд мо бояд кабул кунем? ?? Албатта не. Хакикати ин ваксинахоро намедонед хубаш сукутро интихоб кун.
Ана гап дар кучо будааст,ки Точикистон узви авруосиё намешавад. Дар ин чо чаноби Собиров кайд карданд,ки факт доранд,ки наздикони Эмомали Рахмон ба таври кочок аз Чин бор меовардааст.Яъне андоз ва бочи гумруки намесупоранд.Бигзор ба узви авруосиё дохил шавад ва бори ба таври кочок овардани Эмомали Рахмон касот шавад.
Ajoib, mumkin harbi boshi bo in ideyaaton. O bacha, rusu , amrikovu nato peshi inho dast bolo kardand, manu tu-i nimbarahna bo inho jangidani em. Behtarash gap namezadi..,