Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара ба Маскав: Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ


Анкара аз Маскав талаб дорад, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркияро ҳарчӣ зудтар лағв кунад, зеро ин маҳдудиятҳо ба иқтисоди ҳарду кишвар зарба мезананд.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо хабаргузории русии ТАСС таъкид кард, ки иқтисод ва тиҷорат дар робитаҳои миёни ду кишвар мавқеи хоса доранд. Барои як ҳодисаи ғамангез латма задан ба робитаҳое, ки дар натиҷаи талошҳои бисёрсола қавӣ шуданд, кори оқилона нест, гуфтааст Човуш оғлу.

Ба гуфтаи вазири турк, солҳои пеш ҳарду кишвар хуб дарк мекарданд, ки робитаҳои тиҷортиву иқтисодӣ набояд зери таъсири ихтилофи сиёсӣ қарор бигиранд.

Мавлуд Човушоғлу
Мавлуд Човушоғлу

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт. Аммо Русия пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва аз ин рӯ Туркия бояд гунаҳро ба гардан бигирад ва узрхоҳӣ кунад. Раисиҷумҳур ва нахуствзири Туркия чанд бор изҳор намуданд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгинанд ва аммо Анкара узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

Маскав тасмим гирифт, ки Туркияро барои сарнагунии СУ-24 муҷозот кунад. Бино ба феҳристе, ки ахиран дар сомонаи расмии ҳукумати Русия бо имзои сарвазир Дмитрий Медведев нашр шуд, Русия аз 1 январ воридоти маҳсулот аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, гулҳои мехчагул, помидору томат, пиёз, карам, брокколи ва бодиринг, афлесун, мандарин ва анвоъи дигари меваҳои ситрусӣ, ангур, себ, нок, шафтолу, зардолу, олу, меваҳои ҷангаливу заминӣ, аз ҷумла, қулфиной ва ҳатто намакро аз Туркия манъ мекунад. Феҳрист бар асоси фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин “Дар бораи чораҳои таъмини амнияти миллии Федеросиюни Русия аз амалҳои ҷиноӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷорӣ кардани тадбирҳои вижаи иқтисодӣ нисбат ба Ҷумҳурии Туркия” таҳия шудааст. Ширкату корхонаҳои Русия ҳам аз соли нав аз ҳаққи истихдоми муҳоҷирони кории Туркия маҳрум карда шуданд. Қаблан вазорати хориҷаи Русия эълон кард, ки аз 1 январ низоми равуои бидуни раводидро барои шаҳрвандони Туркия аз байн мебарад.

Русия пойбанди тавлидоти кишоварзии Туркия аст
Русия пойбанди тавлидоти кишоварзии Туркия аст

Аммо мақомоти Туркия мегӯянд, ки ин таҳримҳо ба иқтисоди кишвар таъсири зиёд нахоҳанд дошт. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе дар мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони кишвар гуфт, низоъ дар робита ба сарнагун кардани ҳавопаймои низомии СУ-24 ба тарҳҳои муштараки энерҷии Туркияву Русия, аз ҷумла, воридоти газ ба Туркия ва бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ аз сӯи мутахассисони рус таъсире нахоҳад дошт. Раисиҷумҳури Туркия изҳороти баъзе аз мансабдорони рус дар бораи қатъ шудани музокирот оид ба тарҳи "Мавҷи туркӣ"-ро низ рад кард ва гуфт, ки ин тарҳ на бо хоҳиши Маскав, балки бо дархости Анкара мутаваққиф шудааст, зеро мақомоти Русия чанд талаби Туркияро иҷро накардаанд.

Раҷаб Тайид Эрдуғон изҳор намуд, ба маблағи як миллиард доллар кам шудани воридот ба иқтисоди кишвар таъсире нахоҳад кард. Мо манбаъҳои дигарро пайдо мекунем, дар сурати кам шудани интиқоли газ аз Русия ин маводи сӯхтро аз Қатар ва Озарбойҷон харидорӣ хоҳем кард, афзуд ӯ.

Ҳасани Ҳошимиён, таҳлилгари сиёсии муқими Истамбул ҳам мегӯяд, ки аз таҳримҳо бештар худи русҳо зиён хоҳанд дид, зеро тарҳҳои бузург бештар ба нафъи Маскав буданд: Аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ, ки Маскав, баъди талошҳои ноком барои бунёди он дар Булғористон ва Маҷористон. рӯ ба Туркия овард. Қарор аст, ки Русия аз ин тарҳ 20 миллирад доллар фойида бигирад. Аз сӯи дигар,таҳдиди Маскав барои қатъи ё коҳиши интиқоли газ боиси суръат гирифтани лӯлаи гази "Таноб" мешавад, ки тавассути он гази Озарбойҷон вориди Туркия хоҳад шуд, мегӯяд таҳлилгар. Қарор буд, ки ин лӯла соли 2018 мавриди истифода қарор бигирад, аммо Анкара бо назардошти вазъи феълӣ аз Боку хост, ки ба сохтмони он суръат бубахшад. Туркия метавонад камбуди газро бо ворид кардани ин маводи сӯхт аз Қатар ҳам ҷуброн кунад, аммо Русия барои гази худ бозор меёбад ё на ва аз лағв шудани тарҳи "Маҷрои туркӣ" чӣ қадар зиён хоҳад дид, маълум нест.

Аммо аз коҳиши содироти маҳсулоти кишварзӣ ба Русия ба иқтисоди Туркия осеб нахоҳад расид? Ҳасани Ҳошимиён дар посух ба ин суол мегӯяд, ки бозори Русия аз тавлидоти кишоварзии Туркия сахт вобаста аст. Магар ин ки оғои Путин бихоҳад мардуми Русияро ба гуруснагӣ мувоҷеҳ кунад, мегӯяд мусоҳиби мо. Таҳлилгар мутмаин аст, ки Русия ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз қарордодҳои иқтисодӣ бо Туркия сарфи назар кунад, аз ин рӯ ба назар мерасад, ки моҷарои феълӣ муваққат аст ва Маскав ғурурро як сӯ гузошта, ба манфиати иқтисодӣ бартарӣ медиҳад...

XS
SM
MD
LG