Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси тоҷик аз изҳороти Подберезкин пуштибонӣ кард


Раиси Маркази таҳқиқоти низомию сиёсии Донишкадаи равобити байналмилалии Маскав гуфтааст, ки эҳтимол кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба пойгоҳи нави террористҳо мубаддал шаванд.

Алексей Подберезкин, раиси Маркази таҳқиқоти низомию сиёсии Донишкадаи равобити байналмилалии Маскав (МГИМО), гуфтааст, ки мумкин аст кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба пойгоҳи нави террористҳо мубаддал шаванд. Ӯ афзудааст, гурӯҳи "Давлати исломӣ" Афғонистонро ба унвони кишвари транзитӣ истифода мекунад ва барои ташкили бахшҳояш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард.

Ин коршинос пайдо шудани "Давлати исломӣ"-ро дар ҳудуди Афғонистон як амри воқеӣ хонда ва гуфтааст, ин гурӯҳи тундгаро мумкин аст дар оянда ба самти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳаракат кунад. Ӯ тахмин задааст, ки шояд ин гурӯҳи террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ урдугоҳҳои таблиғотӣ низ дошта бошад.

Бино ба иттилои рӯзномаи "The Times" гурӯҳи "Давлати исломӣ" бахше аз қисматҳои 4 вилояти шарқи Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварда ва ҳамакунун барои тасарруфи шаҳри Ҷалолобод, маркази вилоти Нангарҳор омодагӣ мегиранд. Ба навиштаи ин нашрия, теъдоди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон 1600 нафар арзёбӣ шуда ва бо гурӯҳҳои Толибон ва Ал-Қоида равобити наздик дорад.

Қурбон Сафозода, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пуштибонӣ аз изҳороти Алексей Подберезкин, рӯзи 7 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ хатари гурӯҳи “Давлати исломӣ"-ро ба Тоҷикистон ҷиддӣ хонд. Ӯ гуфт, ки мақомоти кишвар нигаронии худро аз таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба Тоҷикистон ва минтақа борҳо дар маҳфилҳои байналмилалӣ баён доштаанд.

Ҷаноби Сафозода афзуд, "дар муқоиса ба гурӯҳҳои террористии Толибон ва Ал-Қоида гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” мағзҳои ҷавононро заҳролуд карда ва афроди камсаводу бетаҷрубаро ба саффи худ ҷалб мекунад. Аз ин лиҳоз, хатари ин гурӯҳи террористӣ барои Тоҷикистон бештар аст”.

Бино ба иттилои мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон феълан беш аз 500 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки умдатан ҷавон ҳастанд, дар саффи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ва дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои давлати Сурия иштирок кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, аз ин теъдод дар ҷараёни ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ 300 нафар кушта шуда ва сарнавишти 200 нафари дигар норӯшан будааст.​

Зимнан, дар пайи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар авохири соли гузашта борҳо мақомоти ниҳодҳои низомию амниятии Русия дар мавриди хатарҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористии Толибону “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон ҳушдор додаанд. Аммо масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон дар посух гуфта буданд, ки неруҳои қудратии кишвар тавони вокуниши сареъ ба ҳар гуна ҳамлаҳо аз берунро доранд.

Аз ҷумла, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъ рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ дар иртибот ба ҳушдори Николай Бортников, раҳбари Хадамоти федеролии Русия дар мавриди таҳдиди гурӯҳҳои Толибон ва “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки “нерӯҳои марзбонӣ ва низомии кишвар барои ҳифзи марзҳо омодагии ҷиддӣ гирифтаанд".

XS
SM
MD
LG