Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дахлнопазир шуд


Қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" Эмомалӣ Раҳмонро дар оянда аз ҳама гуна ҷавобгарӣ дар замони фаъолияташ дар мақомҳои олии Тоҷикистон озод кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки то ин кунун ба унвонҳои Ҷаноби олӣ, раисиҷумҳур ва сарвари давлат муаррифӣ мешуд, расман "Пешвои миллат" ва "Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ" эълон гардид. Барои расмӣ кардани ин унвон вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 9 декабр қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карданд.

Аъзои парлумон гуфтанд, ки ин қонун ба хотири қадрдонии заҳмат ва хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст, ки аз соли 1992 боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад. Дар моддаҳои тарҳи ин қонун навишта шудааст, ки "Пешвои миллат" аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод ва ӯву аъзои оилааш аз дахлнопазирии молу мулки хусусӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва нақлиёту мухобирот бархӯрдор мешаванд.

Инчунин, баъди новобаста ба синнаш бознишаста шудани Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми нафақаи ӯ 80 дарсади музди моҳонаи президентии ӯро ташкил хоҳад дод. Оғози солҳои 2000-ум маоши моҳонаи президенти Тоҷикистон дар ҳудуди 25 ҳазор доллар муқаррар, вале баъдан ин маълумот махфӣ шуд.

Ойнищол Бобоназарова
Ойнищол Бобоназарова

​Бархе аз ҳуқуқдонҳо ва намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки ин қонун мафҳуми демократӣ будани Тоҷикистонро зери суол мебарад. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф ва аз нахустин зани довталаб ба курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013, гуфт, ки "пешвои миллат" эълон шудани Эмомалӣ Раҳмон хилофи меъёрҳои демократист. Ба қавли ӯ, дар кишварҳои демократӣ мафҳумҳои "пешвои миллат" ё "сарвари миллат" вуҷуд надоранд ва дар чунин кишварҳо танҳо президенту сарвазир ҳастанд

"Онҳое, ки ин гуна пешниҳод карданд, ба манфиати Эмомалӣ Раҳмон кор накарданд. Модоме давлати Тоҷикистон демократӣ аст, бояд меъёрҳои демократӣ риоя шавад.

Шокирҷони Ҳаким -- муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ин қонунро аз як сӯ "садоқатмандии муаллифонаш ба раисиҷумҳур" ва аз сӯи дигар "заминаи ҳуқуқӣ барои дар сари қудрат мондани президенти кунунӣ" донист. Ӯ гуфт, "агар мавзӯи "Пешвои миллат" эълон шудани Эмомалӣ Раҳмон дар маҳфилҳои гуногун бо ширкати мақомоти давлатӣ, вакилони парлумон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ баррасӣ мешуд, беҳтар мебуд. Ҳоло ин амр метавонад ширкати шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро як навъ маҳдуд кунад."

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

​Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ҳангоми суханронияш дар парлумон ин қонунро "таърихӣ" номид ва гуфт, ки эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ба маънои аз демократия сарфи назар кардани Тоҷикистон нест. Зуҳуров гуфт, таҷрубаи эътирофи раҳбарон ва пешвоҳои миллат, аз Амрико сар карда, то Ҳиндустону Покистон ва Қазоқистон низ буда, "аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳо дар кишварашон ҳеч осеб надидааст." "Бовар кунед, мо давлати худро дӯст медорем, демократия ва ҳуқуқҳоро эҳтиром мекунем​, вале мехоҳем сифатҳои баланди фарзандони миллатро қадр намоем,” -- афзуд раиси парлумон.

Абдураҳим Холиқзода, вакили парлумон ва раҳбари пешини Кумитаи дин ва аз муаллифони ин тарҳ мегӯяд, қонун аз 16 модда иборат аст ва тартиби арҷгузорӣ ба шахси “Пешвои миллат”, инчунин, ҳуқуқу салоҳиятҳо ва имтиёзҳояшро мушаххас кардааст.

Саидҷаъфар Исмонов
Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократ ва намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон, низ аз унвони "пешвои миллат"-и Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кард. Ӯ гуфт, ки оқои Раҳмон шахсан ба ин унвон эҳтиёҷ надошта, балки халқ барои сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи ӯ ба ин амр зарурат дорад. "Хизматҳои ин шахсро мардум медонанд ва қадр мекунанд. Вале мо бояд ин шахсиятро аз Президент дида, болотар қадр кунем. Ин эҳтиёҷи мардуми Тоҷикистон аст. Ин имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои фурсатталаб ба истиқлоли Тоҷикистон халал ворид карда натавонанд," -- таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 63 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд ва инак, 23 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 23 соли раҳбариаш мешуморанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 23 сол ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон то ҳол натавонистааст мардумашро бо газу нерӯи барқ ва ҷои кор таъмин кунад. Онҳо ҳамин тавр, шахспарастӣ, маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ, саркӯби дигарандешон ва то имрӯз дар Тоҷикистон доир нашудани як интихоботеро, ки аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду демократӣ эътироф шуда бошад, аз дигар натиҷаҳои манфии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG