Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти паҳлавонони тоҷик дар Ҷопон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи пурнуфузи дзюдо бо номи «Judo Grand-Slam Tokyo 2015” аз медалҳо бенасиб монданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Тоскулоҳи бузург” («Judo Grand-Slam Tokyo 2015”), ки дар пойтахти Ҷопон – Токио - баргузор шуд, ноком шуданд. Дар ин мусобиқа 472 гуштигир (292 мард ва 180 зан) аз 91 кишвар барои 14 маҷмӯи медалҳо ( 7– мардон ва 7 – занон) дар рақобатҳои инфиродӣ мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ду гуштигир дохил буд. Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар нахустин қувваозмоияш аз Тувшинбаяр Найдан аз Муғулистон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар даври муқаддамотӣ аз Такеши Оҷитани (Ҷопон) мағлуб гашт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо 11 медали тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Гурҷистон бо 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ дувум ва Олмон бо 1 медали тилло севум шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:


Мардон
60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. МУДРАНОВ Беслан (Русия)
3. КИМ Вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ШИШИМЕ Тору (Ҷопон)

66 кг
1. ТАКАҶО Томофуми (Ҷопон)
2. ЕБИНУМА Масахи (Ҷопон)
3. ДАВААДОРҶ Тумурхулег (Муғулистон)
3. ТАКАИЧИ Кенго (Ҷопон)

73 кг
1. АКИМОТО Хироюки (Ҷопон)
2. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. МОГУШКОВ Мусо (Русия)
3. ТАТАЛАШВИЛИ Нугзари (Гурҷистон)

81 кг
1. СРИКИШВИЛИ Автандили (Гурҷистон)
2. ЛИ Сеунгсу (Кореяи Ҷанубӣ)
3. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
3. ВАНГ Ки-Чун (Кореяи Ҷанубӣ)

90 кг
1. БАКЕР Машу (Ҷопон)
2. ГОНЗАЛЕЗ Ашлей (Куба)
3. ГВАК Донг Хан (Кореяи Ҷанубӣ)
3. НИШИЯМИ Даики (Ҷопон)

100 кг
1. ХАГА Руносук (Ҷопон)
2. ЧО Гуам (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
3. МАРЕТ Сурилл (Фаронса)

+100 кг
1. ХАРАСАВА Хисайоши (Ҷопон)
2. ШИЧИНОЕ Руи (Ҷопон)
3. БОНДАРЕНКО Станислав (Украина)
3. КАМИКАВА Даики (Ҷопон)

XS
SM
MD
LG