Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 медали гуштигирони тоҷик дар Қазоқистон


Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар Атирауи Қазоқистон 20 медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар шаҳри Атирауи Қазоқистон ҷараён дорад, ҳамагӣ 20 медал (11 тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 13 кишвари қора – Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Узбакистон ва ғайра ширкат доранд.

Рӯзи дувуми мусобиқа – 12-уми декабр - навҷавонону духтарон аз рӯи самбои варзишӣ, инчунин мардон оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг рақобат карданд.

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар ҳамаи 9 вазн медал ба даст оварданд. Унвони қаҳрамони Осиё ва медалҳои тилло насиби Мубориз Мунавваров (68 кг), Мирзошариф Исматов (74 кг), Суруш Каримов (82 кг) ва Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) гардид. Се нафари дигар – Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Ёқубҷон Раҳматов (62 кг) ва Рашид Зиёбеков (90 кг) – медалҳои нуқра гирифтанд. Ба ду паҳлавони ҷавони тоҷик - Сорбон Латифов (57 кг) ва Салимбек Салимбеков (беш аз 100 кг) - медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии самбо, аз шаҳри Атирауи Қазоқистон шаби шанбеи 12 декабр хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа – 11-уми декабр - бузургсолон (мардону занон) рақобат карданд. Паҳлавонони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон 9 медал гирифтанд. Ҳафт нафари онҳо - Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) - ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Инчунин ду гуштигири тоҷик - Ардашер Исмоилов (52 кг) бо медали нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати занон Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) ба мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра оварданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 13-уми декабр – наврасон (духтарону писарон) оид ба самбои варзишӣ ва мардон аз рӯи самбои размӣ дар вазнҳои 57, 68 ва 90 кг қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил шудааст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи ШОО моҳи январи соли гузашта дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар пойтахти Филиппин – Манила - дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифта буд.

XS
SM
MD
LG