Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи сармоягузории Бонки Осиёии Рушд ба роҳи оҳани ТАТ


Нишасти хабарии Си Си Ю дар Душанбе, 15 декабри 2015
Нишасти хабарии Си Си Ю дар Душанбе, 15 декабри 2015

Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ки ҳимояти молии худро аз иҷрои тарҳи бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон муваққатан қатъ кардааст.

Бонки Осиёии Рушд (ADB) сармоягузорияш дар бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро муваққатан қатъ кардааст. Си Си Ю, намояндаи доимии Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон, рӯзи 15 декабр дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин тасмим ба дунболи бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва то муддати номуайян гирифта шудааст.

Қисмати афғонистонии ин роҳ 355 километрро ташкил дода, сармояи пешакии он 350 миллион доллар арзёбӣ шудааст. Си Си Ю гуфт, ки “ҳарчанд Туркманистон қисмати роҳи оҳани қаламрави худро бунёд кардааст, аммо Бонки Осиёии Рушд дар минтақаҳое, ки амнияти кормандонаш зери хатар аст, роҳи оҳанро бунёд нахоҳад кард. Зеро кафолат барои амнияти кормандон вуҷуд надорад.”

Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд гуфт, сармояе, ки барои иҷрои ин тарҳ ҷудо шуда буд, дар бахшҳои дигар харҷ шуда ва дар сурати беҳбуди вазъи амниятӣ дар Афғонистон ин бонк дар иҷрои бунёди роҳи оҳан дар ҳудуди ин кишвар иштирок хоҳад кард. Қаблан, Бонки Осиёии Рушд барои таҳияи арзёбии техникию иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба миқдори 9 миллион доллар ҷудо карда буд.

Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон рӯзи 5 июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай (раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон) ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар вилояти Лабиоби Туркманистон баргузор шуд. Феълан ҷониби Туркманистон сохтмони қисмати ин роҳи оҳанро дар масири Отамурод-Имомназар-Акина дар наздикии марзи Афғонистонро, ки тӯлаш 88 километр аст, анҷом додааст.

Зимнан, рӯзи 20-уми марти соли 2013дар ҷараёни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба имзо расид. Тибқи нақша роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бояд дар соли 2018 ба истифода дода шавад.

Коршиносон мегӯянд, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мисли долоне миёни Осиёи Марказӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути бандарҳои обӣ дар уқёнуси Ҳинд хоҳад буд. Ин роҳ ҳамчунин нисбат ба бандарҳои обӣ дар баҳри Балтик, ки тавассути Русия мегузарад ду баробар кӯтоҳтар мебошад.

Роҳи оҳани ТАТ ба вижа барои Афғонистон ва Тоҷикистон муфид хоҳад буд, зеро ин ду кишвар аз лиҳози нақлиётӣ дар бунбаст қарор доранд ва аз лиҳози ҷуғрофиёӣ аз бозорҳои ҷаҳонӣ хеле дур ҷой гирифтаанд. Тоҷикистон, ки кишвари Шӯравии пешин буд, роҳҳои иртиботиаш бо ҷаҳони хориҷ аслан ба самти шимол мебаранд ва Тоҷикистон дар ин самт аз ҳар ҷиҳат ба Узбакистон пойбанд аст.

XS
SM
MD
LG