Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирӣ аз мавсими варзишӣ - 2015


Дар ҳамоиши хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавсими соли 2015-ум натиҷагирӣ шуд.

Дар ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, баргузор шуд, беш аз 40 нафар намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.

Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир карданд.

Дар ин ҳамоиш Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорон барои ҳамкориҳои пайваста ҷиҳати тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодии 2016, ки соли олимпӣ мебошад, табрик гуфт.

Баъдан ҷаноби Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод.

Баҳрулло Раҷабалиев.
Баҳрулло Раҷабалиев.

Вай гуфт, гурзандози машҳур Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат гирифтааст. Соли оянда варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF ва ғайра мубориза мебаранд.

"Беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 талош доранд. Дар байни онҳо варзишгарони номдор, ба мисли муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, гуштигирон Муродҷон Тӯйчиев, Фарҳод Анақулов, Искандари Рустам, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 се квота ихтисос медиҳад. Аз рӯи квота ду нафар дар риштаи шиноварӣ ва як нафар оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро соли оянда дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро намояндагӣ хоҳанд кард.

“Рӯйдоди муҳими соли 2015, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев, - сафари кории президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ ба Тоҷикистон мебошад. Меҳмонони воломақомро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, ба ҳузур пазируфт. Инчунин Томас Бах ва Шайх Аҳмад ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, бо беҳтарин варзишгарону мураббиён, доварон ва кормандони соҳа мулоқот карданд.”

“Рӯйдоди дигари муҳими соли 2015, - афзуд Баҳрулло Раҷабалиев, - ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти байналмилалӣ” мебошад. Ҳоло беҳтарин варзишгарон барои дастовардҳояшон дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ дар мавсими имсола ба гирифтани Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод шудаанд.”

Ҷаноби Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ дар соли 2016 иттилоъ дод. “Соли оянда варзишгарони мо муборизаро барои роҳхатҳои олимпӣ идома медиҳанд. Беҳтаринҳо дар ҳайати мунтахаби олимпии кишвар дар Олимпиадаи навбатӣ, ки аз 5 то 21 августи соли 2016 дар Ри-де-Жанейро баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Инчунин соли оянда варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои соҳилии осиёӣ дар Ветнам иштирок хоҳанд кард. Ба ғайр аз ин, дар Ёқутистони Русия шашумин мусобиқоти байналмилалии “Бачаҳои Осиё” барпо мегардад, ки дар он ширкати варзишгарони навраси тоҷик дар назар аст”, - гуфт Баҳрулло Раҷабалиев.

Зебунисо Рустамова
Зебунисо Рустамова

Дар ин ҳамоиш, инчунин камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ки раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошад, ба хабарнигорон дар бораи вазъи кунунии варзиш дар кишвар андешаҳои худро баён намуда, аз шореҳон хоҳиш кард, ки дар бораи масоили ҳалталаби соҳа бештар гузоришҳо таҳия намоянд.

Инчунин хонум Рустамова таъкид намуд, ки хабарнигорони варзишӣ, олимони соҳа бояд ба тарғибу ташвиқи намудҳои миллии варзиш бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то ин ки ин намудҳоро кишварҳои дигар ҳамчун навъҳои миллиашон азони худ накунанд.

Дар ин ҳамоиш Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, роҷеъ ба нақши васоити ахбори умум дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар суханронӣ кард. Сипас ӯ дар бораи мундариҷаи китоби наве бо номи “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ин китобро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар нашр кардааст.

Дар ин китоб, ки ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст, дар бораи дастовардҳои

Нарзулло Латифов
Нарзулло Латифов

варзишгарони тоҷик ва сохтмону азнавсозии иншоотҳои варзишӣ дар кишвар дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муфассал иттилоъ дода мешавад.

Инчунин дар ҷараёни ҳамоиш хабарнигорони варзишӣ табодули таҷриба намуданд.

Дар ин ҳамоиш назархоҳии хабарнигорони соҳа ҷиҳати муайян кардани даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015 натиҷагӣ шуд. Нарзулло Латифов ба ширкаткунандагони ҳамоиш даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро эълон кард.Ба иттилои ӯ бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол гардид.

“Дар мавсими варзишии соли 2015-ум дар байни варзишгарони тоҷик танҳо ба Дилшод Назаров муяссар шуд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба навъи олимпии варзиш медал ба даст биёрад. Вай дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин дар гурзандозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт. Инчунин ӯ ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки имсол дар риштаи олимпӣ ба унвони қаҳрамони Осиё ва медали тилло даст ёфтааст (Ухан, Чин). Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров то ба имрӯз танҳо варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) шудааст. Дар мавсими имсола Дилшод Назаров, ҳамчунин, борҳо ғолиб ва ҷоизадори мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»” гардидааст”, – иброз дошт Нарзулло Латифов.

Ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:

Комроншоҳи Устопириён (дзюдо)– ҷойи 2-юм дар Гран-при дар вазни то 90 кг дар Узбакистон, ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар Кувайт, ҷойи 2-юм дар Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван.

Саидҷалол Саидов (дзюдо) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 100 кг дар Кувайт, ҷойи 3-юм дар Ҷоми кушодаи Африқо дар Порт-Луи (Маврикий).

Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 130 кг дар Доҳа (Қатар).

Фарҳод Анақулов (гуштии озод) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 125 кг дар Доҳа (Қатар).

Ҷаҳон Қурбонов (бокс) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тайланд.

Мавзуна Чориева (бокс) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаб (Чин).

Шоира Зулқайнарова (бокс) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаб (Чин).

Хуршед Шарифов (гуштии камарбандӣ) – ҷойи 1-ум дар вазни то 90 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Қазон (Русия), қаҳрамони Осиё дар Эрон.

Акмалиддин Каримов (самбо) - ҷойи 2-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Марокаш, ҷойҳои 1-ум дар Ҷоми ҷаҳон дар Алмаато (Қазоқистон) ва Маскав (Русия), қаҳрамони Осиё дар Атирау (Қазоқистон).

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани даҳ варзишгари беҳтарини сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигори варзишӣ, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

Хабарнигорони варзишӣ дар ин ҳамоиш “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи медали нуқраи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 ва қаҳрамону барандаи Ҷоми Тоҷикистонро дастаи беҳтарини сол эътироф карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба хабарнигорони фаъоли варзишӣ сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизаҳои молӣ ва китоби нави “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” тақдим шуд

XS
SM
MD
LG