Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайма Қосим: "Ироқ кишвари зебоӣ ва фарҳанг аст"


Ғолиби нахустин дар беш аз чиҳил соли ахир озмуни Маликаи ҳусни Ироқ мехоҳад собит кунад, ки Ироқ чун пештара як кишвари фарҳанги волост.

Шайма Қосим, донишҷӯи риштаи иқтисод аз шаҳри Киркук, дар маросиме, ки зери чораҳои шадиди амниятӣ дар як меҳмонсарои Бағдод шоми 19 декабр баргузор гардид, тоҷи Маликаи ҳуснро ба сар гузошт.

Дар даври ниҳоии озмун нӯҳ зебосанам аз манотиқи гуногун, аз ҷумла, аз шаҳри Мовсил, ки айни ҳол таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, ширкат доштанд.

Шайма дар ин маросим гуфт, хело хушбахт аст, ки Ироқ сӯи пеш ҳаракат мекунад ва ин озмун ҳам аҳамияти бузург дорад, зеро тавассути он ба чеҳраи ироқиҳо табассум дамид. Маликаи ҳусни Ироқ мехоҳад собит кунад, ки Ироқ бо вуҷуди идомаи террору хушунат кишвари шефтаи зебоӣ ва фарҳанги волост. Ӯ ҳамчунин гуфт, ният дорад, ки дар барномаҳои таҳсилотӣ, ба вижа, миёни афроди бар асари ҷанг беҷошуда, саҳм бигирад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, созмондиҳандагони озмун талош карданд, ки ин чорабинӣ шабеҳи озмунҳо дар кишварҳои ғарбӣ бошад, аммо он баъзе аз вижагиҳо дошт, аз ҷумла, аз либосҳои ҳариру нимурён парҳез шуд ва ҳама довталабон пироҳанҳои аз зону пойин ба бар карда буданд.

Озмуни маликаи ҳусни Ироқ бо ибтикори Бунёди Ал-Мада барои ВАО, фарҳанг ва иттилоъ доир гардид.

Ба иттилои шабакаи телевизионии Ал-Арабия, озмуни маликаи ҳусни Ироқ бояд рӯзи 1 октябр дар шаҳри Басра баргузор мешуд ва аммо баъди маҳкум шуданаш аз тарафи бархе рӯҳониён ва раҳбарони қабилаҳо ва таҳдидҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” мавқуф гузошта шуд. Ду нафар аз довталабон баъд аз таҳдиди афроди ношинос аз идомаи сабқат худдорӣ карданд.

Зимнан, солҳои ахир озмунҳои байнулмилалии маликаи ҳусн ҳам на фақат боиси эътирози афроди тундрав қарор мегиранд, балки ба созмондиҳандагон таҳдиди сӯиқасд ба ҷонашон мекунанд. Ду сол пеш озмуни Маликаи ҳусни олам дар Индонезӣ боиси сару садои зиёд шуд. Созмондиҳандагон бо талаби рӯҳониёни кишвар аввал аз барнома бо бикиӣ рӯи саҳна омадани довталабонро лағв карданд ва ба ҷойи зебосанамҳои кишварҳои гуногун бо саронга – пироҳани дарози индонезӣ, ки бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, ҳунарнамоӣ карданд.Узви ҳайати доварон ситораи синамо Нурулофарин гуфт, ки мо ба созишҳои дигар ҳам розӣ шудем, аммо баъд аз як намоиши эътирозӣ тасмим гирифта шуд, ки бахши ниҳоии озмун на дар як маҳаллаи канори шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ, балки дар ҷазираи Балӣ баргузор шавад.

Дар намоиши эътирозӣ рӯҳониён озмуни Маликаи ҳуснро "зиддиахлоқӣ" номиданд ва гуфтанд, довталабон бо намоиши бадан ва пироҳанҳои худ шаҳвату фисқу фуҷурро тарғиб мекунанд. Намояндаи Ҳизбуттаҳрир дар Индонезӣ Исмоил Юсанто озмуни Маликаи ҳуснро бо пуштибонӣ аз танфурӯшии занон мусовӣ донист.

Бори ахир озмуни Маликаи ҳусн дар Ироқ соли 1972 баргузорр шуда буд. Ҳамон сол зебосанами ироқӣ Виҷдон Бурҳониддин Сулаймон дар озмуни Маликаи ҳусни олам дар Пуэрто-Рико аз кишвараш намояндагӣ карда буд. Аммо ҷомеъаи мусалмонҳои Ироқ ҳузури Виҷдон Сулаймон дар “базми шаётин”-ро маҳкум кард ва баъд аз он духтарони ироқӣ аз ширкат дар озмунҳои байнулмилалӣ худдорӣ ва гоҳ-гоҳ дар озмунҳои “Зебосанами олами араб” дар Миср ширкат мекарданд.

XS
SM
MD
LG