Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 нахуст бо Русия бозӣ мекунад


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо дастаи Русия анҷом медиҳад.

Бар асоси тақвими бозиҳои мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 17 то 23 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи “В” бо дастаи мизбон – Русия - анҷом медиҳад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 19 январ бо мунтахаби Эстония ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ 21 январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳриСанкт- Петербурги Русия барпо мегарданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои ҷавонони Латвия, Русия ва Эстония рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова шомиланд.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойҳои ҳафтум-ҳаштум талош хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа 17 январ соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ ва маросими пӯшидашавӣ 23 январ соати 21:00 аргузор мешавад.

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2016:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

14:00 – Беларус – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Молдова
18:30 – Латвия – Эстония
21:00 – Русия – Тоҷикистон

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус

18:30Тоҷикистон – Эстония

21:00 – Русия – Латвия

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – Тоҷикистон
21:00 – Эстония – Русия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2016 дар Душанбе омодагӣ мебинад. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 24 бозигарро даъват кардааст. Марҳилаи аввали омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2016 то рӯзи 30 декабр идома хоҳад кард. Дар рӯзи охирини ҷамъомад бозии санҷишӣ дар назар аст.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳарду – «Вахш»);

Ҳимоятгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Алишер Шарифов (ҳарсу – «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»), Парвиз Ҳамидов («Хайр»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарду – «Истиқлол»), Фаридун Шарифов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Мӯҳсин Парпиев («Хайр»), Сайёди Ковусшо (ССКА «Помир»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»).

XS
SM
MD
LG