Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Раҳимзода: Гулмурод ду бор захмӣ шудааст

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ки бино ба иттилои онҳо Гулмурод Ҳалимов - сардори пешини ОМОН дар ҷангҳои Ховари Миёна ду бор захмӣ шудааст. Ӯ 25 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳоло "корҳои ҷустуҷӯӣ нисбат ба Ҳалимов идома дорад ва чораҳо дар бораи дастгир шуданаш андешида мешаванд." Оқои Раҳимзода вазъи Ҳалимовро "вазнин" арзёбӣ кард ва гуфт, ки ҳоло "Давлати исломӣ" барои ӯ сад доллар "нафақа" таъин кардааст.

Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки дар маҷмуъ ҳудуди 1000 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, ҳоло беш аз 600 нафарашон дар онҷо боқӣ мондаанд. “То кунун 156 нафарашон дастгир шуда, 61 нафар ба ватан баргаштанд ва 148 нафар дар ҷангҳо ба ҳалокат расиданд,” – гуфт ӯ.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Баъди ҳушдори Зеленский. Лағву таъхири чанд парвоз байни Русия ва Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 2-юми сентябр парвози ду ҳавопаймои ширкати "Ural Airlines" аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ва Челябински Русия ба Тоҷикистон бекор карда шудаанд.

Ҳамчунин, парвози як ҳавопаймои ширкати "Ural Airlines", ки бояд бегоҳи дувуми сентябр аз фурудгоҳи Душанбе ба Жуковскийи Маскав мерафт, лағв гардид.

Вебсайти фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ду ҳавопаймо бо таъхири тақрибан нимрӯза аз Русия ба Тоҷикистон расидаанд, аммо ҳанӯз парвози Душанбе-Жуковский сурат нагирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби таъхири тӯлонӣ ва сурат нагирифтани парвозҳоро шарҳ надодаанд.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 2-юми сентябр ҳушдор дод, ки бо сабаби парвози дронҳо осмони Русия барои парвози ҳавопаймоҳои мусофиркаш дигар амн нахоҳад буд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ тибқи нақша давом мекунад.

Як манбаи огоҳ дар Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 3-юми сентябр гуфт, дар ширкати "Сомон Эйр" ҳушдори Владимир Зеленскийро ҷиддӣ гирифтаанд.

Вай афзуд, "ҳанӯз қароре дар ин замина қабул нашудааст, аммо масъулони ширкати ҳавопаймоӣ гуфтаанд, то Русия кафолати парвози бехатар надиҳад, набояд ба шаҳрҳои ин кишвар парвоз анҷом дод."

Дар сомонаи Фурудгоҳи Душанбе дида мешавад, ки ширкати "Сомон Эйр" дар як шабонарӯзи охир аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс 13 парвоз анҷом додааст.

Таъхири парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс дар ду соли охир борҳо сабт шудааст.

Баъди он ки мақомоти Украина гуфтаанд, ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакиро ба Русия афзоиш хоҳанд дод, шуморе аз парвозҳо аз Узбекистон ба Русия низ бекор шудаанд. Мақомоти он кишвар ин тасмимро ба вазъи амниятӣ дар фазои Русия бастагӣ медиҳанд.

Афви як милисаи дигар, ки дар марги сокини Кӯлоб гумонзад буд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як милисаи дигарро, ки дар марги Мақсудҷон Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гумонзад буд, аммо аз тафтишот пинҳон мегашт, афв кардаанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Сайриддин Файзуллоев, корманди пешини Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино дар пойтахт ҳоло дар озодист.

Аз ин пеш панҷ ҳамкори ӯ бо айни иттиҳом дастгир ва се нафар аз 5 то 13 сол ба зиндон маҳкум шуда, дуи дигар бар асоси қонуни афв озод шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми онҳоро рӯзи 28-уми июл эълон кард.

Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми сентябр бе зикри номаш гуфт, волидони Сайриддин Файзуллоев аз Назарбӣ Саидова, модари Мақсудҷон Саидов, хостаанд, то зидди писарашон шикоят накунад ва аз даъвояш даст кашад. Мусоҳиби мо дар бораи гуё “харидани як манзили сеҳуҷраӣ ба хонаводаи Мақсудҷон Саидов” хабар дод, вале тасдиқи он аз манбаъҳои дигар феълан имконпазир нест.

"Назарбӣ Саидова, сокини маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, бо пешниҳоди волидони Файзуллоев розӣ шуда, ба Додситонии ноҳияи Сино барои даъво надоштанаш ариза пешниҳод намудааст. Бо назардошти ин ариза, парванда қатъ ва ӯ бар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарӣ раҳо шудааст,” – афзуд манбаъ.

Ҷузъиёти гуфтушунид ва муомилаи наздикони Сайриддин Файзуллоев бо хонаводаи Мақсудҷон Саидов маълум нест. Талоши мо барои гирифтани ҳарду ҷониб то ин дам бенатиҷа буд.

Мақсудҷон Саидов рӯзи 8-уми январи соли 2026 бо гумони паҳн ва фурӯши “кристал”, як навъ маводи мухаддир, дастгир, аммо дертар дар шароити мармуз даргузашт.

Мақомот аз наздиконаш хостаанд, ки пайкари ӯро зуд дафн кунанд ва ҳамин маврид шубҳаро дар бораи табиӣ будани марги ӯ бештар кардааст.

Пайвандони Мақсудҷон Саидов ҳеч гоҳ дар бораи қазияи ӯ бо расонаҳо суҳбат накардаанд. Чанде аз дӯстони Мақсудҷон дар суҳбати пешинаи телефонӣ гуфта буданд, ки дар баданаш “осори шиканҷа дида мешуд” ва гуё “ангуштони пою дасташ сӯхта буданд”.

Истифода аз шиканҷа барои “эътирофи гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2021 то нимсолаи аввали соли 2025 аз сокинон дар бораи шиканҷа 83 шикоят гирифт, ки тақрибан навад дарсади шикоятҳо нисбат ба маъмурони милиса аст.

Пешниҳоди Трамп: Тангаи Ҳурмуз "тангаи Трамп" номгузорӣ шавад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми сентябр ба таври ғайримустақим пешниҳод кард, номи тангаи Ҳурмуз ба "тангаи Трамп" тағйир кунад ва бори дигар гуфт, ки ин оброҳа акнун зери назорати Иёлоти Муттаҳида қарор дорад.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, "ҳоло, ки онро зери назорати Амрико дорем, оё бояд номи тангаи Ҳурмузро ба тангаи Трамп тағйир диҳем?"

Трамп дар идома бо ишора ба номи худ афзуд, ин танга "мисли худи Амрико гармтар аз ҳамеша хоҳад буд".

Раисҷумҳури Амрико пештар чанд бор гуфта буд, ки ният дорад ин оброҳаи стратегиро бахше аз қаламрави Иёлоти Муттаҳида эълон кунад.

Изҳороти Трамп дар бораи тангаи Ҳурмуз як рӯз пас аз он нашр мешавад, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳамлаҳои наверо дар дохили Эрон анҷом доданд.

Эрон ҳам дар вокуниш пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Баҳрайн, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳадаф қарор дод.

Олмон консулгарии Русияро дар Бонн мебандад

Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст
Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст

Ҳукумати Олмон Русияро ба даст доштан дар "ҳамла"-и номуваффақ бо истифода аз як паҳподи ҳомили маводи тарканда дар моҳи август ба фурудгоҳи стратегӣ дар Лейпсиг муттаҳам кард.

Вазири корҳои хориҷии Олмон гуфтааст, Берлин то поёни моҳи сентябр консулгарии Русияро дар Бонн мебандад ва қарордодро бо Маркази фарҳангии "Хонаи Русия" дар Берлин бекор хоҳад кард.

Вай афзудааст, Олмон назорати вуруди шаҳрвандони Русияро ба ин кишвар сахттар хоҳад кард ва аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки русҳои бештарро ба феҳристи таҳримҳои худ изофа кунад.

Вазорати умури хориҷии Олмон ҳамчунин сафири Русияро дар Берлин даъват кардааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, иқдомоти ахири Олмонро "иштибоҳи ҷиддии дигар" хондааст.

Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст.

Ҳамлаи Русия ба чанд хонаву мактабу фурӯшгоҳ дар Одесса

Одесса
Одесса

Нерӯҳои Русия шаби 2-юми сентябр ба Одесса дар Украина зарбаҳои сахт задаанд.

Дастикам ҳашт нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола, захмӣ шуда, ду тан дар шифохона бистарӣ ҳастанд.

Олег Кипер, раиси вилояти Одесса, гуфт, Русия зербунёдҳои иҷтимоӣ ва энергетикиро нишон гирифт.

Вай афзуд, дар ин ҳамлаҳо чанд хонаву мошин ва мактабу анбору фурӯшгоҳ осеб дида, баъзе аз хонандагон ба таҳсили онлайн гузаштанд.

Нархи ҷаҳонии нафт панҷ дарсад боло рафт

Гулӯгоҳи Ҳурмуз
Гулӯгоҳи Ҳурмуз

Дар пайи ҳамлаҳои дигарбораи Амрико ба Эрон, нархи ҷаҳонии нафт панҷ дарсад афзоиш ёфт.

Арзиши ҳар бушка нафти "брент" ба 94,5 доллар расид ва қимати нафти хоми West Texas Intermediate ҳам аз марзи 90 доллар бар сари ҳар бушка гузашт.

Афзоиши қимати нафт дар ду рӯзи охир бо боло гирифтани танишҳо миёни Эрон ва Амрико ва ҳамлаҳо ба чанд туфангкаш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз шиддат гирифтааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, дар ҳоли "ба даст гирифтани зимоми умур" дар Ҳурмуз аст ва ҳар шаб "30 киштӣ" аз ин оброҳа мегузаранд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон, бори дигар мавзеи Теҳронро дар бораи гулӯгоҳи Ҳурмуз такрор кард ва гуфт, “иҷозаи убур аз масири ҷанубии тангаро нахоҳем дод.”

Раёсати давраии СҲШ ба Покистон гузашт

Ҳамоиши сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек. 1-уми сентябри 2026
Ҳамоиши сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек. 1-уми сентябри 2026

Раёсати давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон гузаштааст.

Тибқи гузоришҳо, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ки мизбони нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буд, рӯзи якуми сентябр ба Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон орзуи муваффақият кард.

Покистон дар соли 2017 узви комили Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуд ва пойтахти он, Исломобод, дар соли 2027 мизбони нишасти баъдии сарони ин созмон хоҳад буд.

Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ҳинд, Покистон, Эрон ва Беларус 10 узви ин созмон ва Афғонистону Муғулистон кишварҳои нозир ҳастанд.

Ба нишасти имсолаи сарони ин созмон, намояндае аз Афғонистони зери назорати "Толибон" даъват нашуда буд.

Путин гуфт, аз нигарониҳои амниятии Тоҷикистон огоҳ аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин. Шаҳри Бишкек, 1-уми сентябри 2026
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин. Шаҳри Бишкек, 1-уми сентябри 2026

Владимир Путин, президенти Русия, дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз нигарониҳои амниятии Душанбе, бахусус дар мавриди рӯйдодҳои Афғонистон, огоҳ аст.

Гуфтугӯйи ду ҷониб рӯзи якуми сентябр дар шаҳри Бишкек ва дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом шуд.

Дафтари матбуоти Тоҷикистон рӯзи сешанбе навишт, "таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амнияту суботи минтақа, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд", аммо тафсилот наовард.

Кремл навореро нашр кард, ки дар он Владимир Путин дар баробари ситоиш аз додугирифти афзуни иқтисодии Душанбе ва Маскав гуфтааст, "мо аз нигарониҳои шумо (Тоҷикистон) дар бораи ончи дар кишвари ҳамсоя, Афғонистон, мегузарад, хабар дорем. Дар ин замина ва масъалаҳои дигари вобаста ба таъмини амният дар тамоси наздик ҳастем."

Маълум нест, ишораи Путин ба чист.

Ҳафтаҳои гузашта ноҳияи Нусайи Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳиди даргирии шадид миёни нерӯҳои "Толибон" ва як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ буд.

Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон эътироз карданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.

Дар пасманзари ин ҳодиса, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 19-уми август эълон кард, ки кормандони ҳукумати ин кишвар муваққатан аз сафар ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, бавижа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), манъ шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Раҳмону Путин дар бораи муҳоҷирон гуфтанд, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Эмомалӣ Раҳмон: Ба зудӣ ба Эрон меравам

Эмомалӣ Раҳмон (рост), раисҷумҳури Тоҷикистон бо Масъуди Пизишкиён (чап), раисҷумҳури Эрон. Бишкек, 31-уми августи 2026
Эмомалӣ Раҳмон (рост), раисҷумҳури Тоҷикистон бо Масъуди Пизишкиён (чап), раисҷумҳури Эрон. Бишкек, 31-уми августи 2026

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо ишора ба таҳаввулот дар Ховари Миёна гуфт, ин низоъ ва муноқишаҳои дигар бояд аз роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал шаванд. Нишаст рӯзи 1-уми сентябр дар Қирғизистон баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми август бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, низ гуфтугӯ дошт ва ба навиштаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, “ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тиҷорат ва сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетиĸа баррасӣ шуд.”

Баъд аз мулоқот Раҳмон дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ Ҷумҳурии Исломиро “як кишвари бародар” номида, гуфтааст, базудӣ ба Эрон сафар мекунад.

Прзидент Раҳмон пеш аз ин дидор бо фиристодаи махсуси Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор гуфтугӯ ва дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат кард.

Тафсилоти гуфтугӯи онҳо дастрас нест. Дафтари матбуоти президент бидуни ҷузъиёт навишт, ки амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо бахше аз мулоқот буд.

Тоҷикистон аз замони шурӯи низоъ байни Амрико ва Эрон дар моҳи феврал ошкоро пуштибониашро аз Эрон намоиш додааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба Эрон меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Коршиноси СММ: Тоҷикистон ҳамоно пойбанди пули муҳоҷирон аст

Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал
Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал

Як коршиноси Созмони Милал гуфтааст, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст.

Изҳороти Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, рӯзи 31-уми август ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон нашр шуд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Мақомот на шумораи муҳоҷирони кориро мегӯянд ва на пули фиристодаи онҳоро.

Аттия Ворис дар изҳороти худ гуфтааст, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба беҳтар шудани зиндагии мардум ва коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон кумак кардааст, аммо ба қавли ӯ, “пулҳои интиқолӣ наметавонанд ҷойҳои кории муносиб, кофӣ ва самарбахшро дар дохили кишвар иваз кунанд.”

Биноан, коршиноси Созмони Милал пешниҳод кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон талоши худро ба рушди кишоварзӣ, коркарди маводи ғизоӣ, сайёҳӣ, захираҳои маъдан ва иқтисоди рақамӣ дар кишвар равона кунад, то мардум зиндагии хубу шоиста дошта бошанд.

Вай ҳамзамон ба шаффофият ва адолати бештар дар масъалаҳои молӣ ишора карда, гуфтааст, “мардум бояд ба маълумоти дақиқ ва саривақтӣ дар бораи буҷаи давлатӣ, хароҷот, қарз ва тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ дастрасӣ дошта бошанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 11-уми август дар гузориши солонааш пиромуни шаффофияти молӣ дар идораҳои давлатии 140 кишвар Тоҷикистонро дар радифи давлатҳое гузошт, ки ба талаботи ҳадди ақали шаффофияти молӣ ҷавобгӯ набуданд.

Набуди шаффофият яке аз мушкилотест, ки намегузорад, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд ё онро кишвари олуда ба фасод ва номуносиб барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ медонанд.

Қарор аст, гузориши комили коршиноси Созмони Милал, Аттия Варис, дар бораи Тоҷикистон моҳи марти соли 2027 ба Шӯрои ҳуқуқи инсон пешниҳод шавад.

Сарвазири Ҳинд аз Путин хост, ба ҷанг дар Украина поён диҳад

Нарендра Моди (чап), нахуствазири Ҳиндустон бо Владимир Путин (рост), раисҷумҳури Русия. Бишкек, 31-уми августи 2026
Нарендра Моди (чап), нахуствазири Ҳиндустон бо Владимир Путин (рост), раисҷумҳури Русия. Бишкек, 31-уми августи 2026

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хостааст, ки ба ҷанг дар Украина поён диҳад.

“Ба мо хатми ҷанг зарур аст, на ҷанги беохир,” – афзудааст ӯ.

Моди рӯзи 31-уми август дар Бишкек, маркази Қирғизистон, бо Путин дидору гуфтугӯ кард. Ҷое, ки нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҷараён дорад.

Сарвазири Ҳиндустон гуфтааст, “мо бояд ҳамаи душвориҳоро бо роҳи осоишта ҳал кунем. Тамоми инсонҳо ҳаминро мехоҳанд. Ин паёми Ҳиндустон низ ҳаст.”

Владимир Путин дар посух ба Нарендра Моди гуфтааст, “мо бо ҳамин роҳ пеш меравем.”

Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад.

То кунун миллионҳо нафар дар Украина бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуда, манзилу иншооти зиёде вайрон гаштааст.

Маскав ҷанги худро дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ, аммо Украинаву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки ин кишвар меноманд.

Давлатҳои ғарбӣ тайи тақрибан панҷ соли охир ба сабаби ҷанги бедалелаш дар Украина, алайҳи Русия таҳримҳои зиёду миёншикане ҷорӣ кардаанд.

Скотт Миллер: Аз шеваи хуруҷ аз Афғонистон розӣ набудам

Скотт Миллер, охирин фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон.
Скотт Миллер, охирин фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон.

Скотт Миллер, охирин фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон мегӯяд, ки аз чигунагии поёни маъмурияти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон розӣ набуд.

Миллер, ки дар охирин рӯзҳои поёни маъмурияташ раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро раҳбарӣ мекард, дар як мусоҳибаи наваш бо шабакаи IBC News гуфтааст, ки ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон, эҳсос мекард ҳамкорони афғонаш ин иқдомро "хиёнат" мехонданд.

Ӯ дар ин мусоҳиба, ки ба муносибати хуруҷи нерӯҳои амрико аз Афғонистон анҷом шуд, аз амалиёти берун шудан аз Кобул дар августи соли 2021 ба унвони рӯйдоди талх ва дарднок ёд кард ва гуфт, ҳангоми мушоҳидаи бӯҳрони фурудгоҳи Кобул, эҳсоси дармондагӣ дошт.

Миллер ҳарҷумарҷ дар фурудгоҳи Кобулро бо ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 муқоиса мекунад ва мегӯяд, аксҳои афғонҳое, ки дар ҳавопаймое дар ҳоли парвоз овезон мешуданд, ёдовари саҳнаҳои дилхароши қурбониёни бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ буд.

Ҳудуди панҷ сол пеш дар 21 августи соли 2021 бо хуруҷи охирин нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ҳузури ҳудуди 20-солаи нерӯҳои байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико дар Афғонистон поён ёфт.

Аз хонаҳо то "Ҷумъабозор". Таҳқиқи даъво бар сари моликият дар Хуҷанд

Соҳиби "Ҷумъабозор" дар шаҳри Хуҷанд шикоят карда буд, ки мақомот бе ризояти ӯ моликияташро ба шахсони дигар додаанд
Соҳиби "Ҷумъабозор" дар шаҳри Хуҷанд шикоят карда буд, ки мақомот бе ризояти ӯ моликияташро ба шахсони дигар додаанд

Як гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи шикоят ва даъвоҳои пайдарҳам бар сари замину тақсими моликият ва бунёди биноҳои баландошёна аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафтааст.

Мақомот ягон шарҳ намедиҳанд.

Манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми август бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки ин ҳайат "аз панҷоҳ нафар ва асосан аз намояндагони Оҷонси мубориза бо фасод, Додситонии кул ва Кумитаи сохтмону меъморӣ иборат аст."

"Онҳо истифодаи дурусти замин, бунёди иншооти гуногун ва то куҷо риоя шудани ҳуқуқи соҳибмулконро хоҳанд санҷид," -- гуфт як манбаи наздик ба мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Ба иттилои дарёфтӣ, тафтиш то 5-уми сентябр идома хоҳад кард.

Дар моҳҳои охир сокинони чанд бинои бозмонда аз шӯравӣ ва молики "Ҷумъабозор" дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки мақомот бе ризояти онҳо ва пардохти ҷуброни одилона моликияташонро ба шахсони дигар, бавижа ширкати "Асри мо" вогузор кардаанд. Чизе, ки моликон ғасби ба истилоҳ "рейдерӣ", вале мақомот дурусту қонунӣ номиданд.

Дар бораи ширкати "Асри мо" маълумоти кофӣ дар даст нест. Чанд ҳуҷҷати ёфтшуда дар манбаъҳои боз баёнгари он аст, ки "Асри мо" ба бунёди баландошёнаҳо дар шаҳри Душанбе машғул аст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна зиёд аст. Сокинон аксар вақт шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро вайрон карда, дар иваз ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд.

Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо ду намояндаи Амрико

Эмомалӣ Раҳмон (байн), раисҷумҳури Тоҷикистон бо Серҷио Гор (рост), фиристодаи вижаи президенти Амрико барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Стив Дейн (чап), сенатори ҷумҳурихоҳ
Эмомалӣ Раҳмон (байн), раисҷумҳури Тоҷикистон бо Серҷио Гор (рост), фиристодаи вижаи президенти Амрико барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Стив Дейн (чап), сенатори ҷумҳурихоҳ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек, ҷое, ки дар сафари корӣ қарор дорад, бо ду намояндаи расмии Амрико мулоқот кардааст.

Дидору гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо Серҷио Гор, фиристодаи вижаи президенти Амрико барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Стив Дейн, сенатори ҷумҳурихоҳ, рӯзи 31-уми август анҷом шуд. Стив Дейн узви Кумитаи захираҳои энержӣ ва табиии Сенати Амрико аст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки ду тараф "мавзуъҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ карданд", аммо тафсилот надод.

Манбаъ ба таври умумӣ гуфт, "масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доштанд."

Вазорати корҳои хориҷии Амрико 11-уми август дар гузориши солонааш пиромуни шаффофияти молӣ дар идораҳои давлатии 140 кишвар, Тоҷикистонро дар қатори давлатҳое номбар кард, ки ба талаботи ҳадди ақали шаффофияти молӣ ҷавобгӯ набуданд. Набуди шаффофият яке аз мушкилотест, ки намегузорад, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд ё онро кишвари олуда ба фасод ва номуносиб барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ медонанд.

Амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо аз бахши дигари мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомҳои амрикоӣ будааст. Тоҷикистон пештар аз "ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна" нигаронӣ карда, хоҳони ҳалли мушкил аз роҳҳои дипломатӣ шуда буд.

Ин мулоқоти дувуми раисҷумҳури Тоҷикистон бо Серҷио Гор, фиристодаи Доналд Трамп барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар ним соли охир аст. Ин дипломати 40-солаи зодаи Узбекистонро, ки ҳамзамон сафири Амрико дар Ҳинд аст ва як соҳибкори бособиқа ҳам мебошад, шахсияти таъсиргузор дар масоили Осиёи Марказӣ медонанд.

Боздошти 140 муҳоҷир дар як амалиёт дар метрои Маскав

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як амалиёти зидди муҳоҷирон дар метрои Маскав рӯзи 29-уми август тақрибан 140 муҳоҷирро боздошт кардаанд.

Мақомоти Русия нагуфтанд, ки онҳо шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд, аммо гуфтанд, ки ин афрод қоидаҳои зистро вайрон карда, ба рӯйхати шахсони зери назорат ворид шудаанд.

Қарор аст, онҳоро аз хоки Русия берун ва вурудашонро ба ин кишвар барои чанд сол манъ кунанд.

Барои пайдо ва муайян кардани муҳоҷирон аз низоме истифода шудааст, ки Вазорати корҳои дохилии Русия онро "технологияи навтарин" номид.

Мақомот шарҳ надоданд, ки ин фанноварӣ дақиқан чӣ гуна кор мекунад, аммо ВКД-и Русия таъкид кардааст, ки "санҷиш дар метрои Маскав самарабахшии худро нишон дод" ва чунин маъракаҳо минбаъд дар гӯшаҳои дигари Русия низ баргузор хоҳанд шуд.

Соли 2025 дар Маскав ва вилояти ҳамноми он барномаи мобилии "Амина" расман ба кор сар кард. Истифодаи он аз 1-уми сентябри имсол барои тамоми "хориҷиҳо, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад", аз ҷумла Тоҷикистон, ҳатмӣ мешавад.

Замимаи "Амина" маълумотро дар бораи макони муҳоҷирон дар шаҳру вилояти Маскав ба Вазорати корҳои дохилии Русия мефиристад. Агар дар тӯли зиёда аз се рӯз маълумоти нав ворид нашавад, муҳоҷир ба “феҳристи шахсони таҳти назорат” шомил карда мешавад.

Муҳоҷирон то даҳ рӯзи дигар бояд “Амина” дошта бошанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG