Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ 5 феврал шурӯъ мешавад


Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – баргузор мешавад.

Панҷумин давраи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – барпо мегардад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, давраи аввали мусобиқот, ки минтақавист, аз 5-ум то 25-уми феврал дар вилояти Суғд ва аз 10-ум то 25-уми феврал дар минтақаҳои Хатлону Душанбе баргузор мешавад. Давраи дувум – марҳалаи ниҳоӣ – аз 1-ум то 12-уми март дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқот баои дарёфти Ҷоми ФФТ-2016 дастаҳои лигаҳои олӣ, якум ва дуюми Тоҷикистон ширкат меварзанд. Барои иштирок дар мусобиқоти вилояти Суғд дастаҳои кишварҳои хориҷӣ низ роҳ дода мешаванд.

Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки бо ягон сабаб аз ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ даст мекашанд, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ муҷозот мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳалаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор хоҳад шуд. Ду бор “Истиқлол”-и Душанбе ва якборӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат Ҷоми ФФТ-ро ба даст оврдаанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Се сол пеш дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Соли 2014-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе севумин барандаи Ҷоми ФФТ гардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Соли гузашта низ “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми ФФТ шуд. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар доир гашт, тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дод.

XS
SM
MD
LG