Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” бо ССКА “Помир” бозии санҷишӣ анҷом медиҳад


Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд
Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар доираи омодагиаш ба Ҷоми AFC 2-юми феврал бо ССКА “Помир”-и Душанбе бозии санҷишӣ мекунад.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки ба бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад, бозии навбатии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин дафъа рақиби хуҷандиҳо дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе мебошад. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 2-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш бозии санҷишӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки 29 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Дарвоқеъ, ду бозии пешини “Истиқлол” ва “Хуҷанд”дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд низ бо натиҷаҳои мусовии 1:1 ва 2:2 ба анҷом расида буд.

Дастаи “Хуҷанд”, ки ба бозии интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё то 5 феврал дар шаҳри Душанбе омодагӣ мегирад, рӯзи 6-уми феврал ба Фаластин сафар хоҳад кард. Бозии плей-оффи Ҷоми AFC бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки футболбозони Хуҷанд дар мавриди пирӯзӣ дар ин бозӣ дар Ҷоми AFC дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳанд кард. Агар «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёбад, аввалин бозиашро 24 феврал дар меҳмонӣ бо «Ал-Муҳаррак» анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG