Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо як медал


Субҳи имрӯз, 23 феврал, паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё аз Тайланд бо як медал баргаштанд.

Паҳлавонони тоҷик субҳи имрӯз, 23 феврал, аз мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки рӯзҳои 17-21 феврал дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, бо як медал баргаштанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ афзуд, “паҳлавони тоҷик Азамат Сӯфиев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 74 кило баъди пирӯзӣ дар даври муқаддамотӣ бар Дайсенг Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, дар даври дувум аз Жигер Зокирови қазоқ шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик бар Даммике Налигамаге аз Шри-Ланка ғалаба кард ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар рақибаш Ҷитендер аз Ҳиндустон ғолиб омад.”

Вале панҷ варзишгари дигари тоҷик дар риштаи гуштии озод - Ҷамшед Шарифов (то 57 кг), Абдулқосим Файзиев (то 65 кг), Баҳодур Қодиров (то 86 кг), Искандари Рустам (то 97 кг) ва Фарҳод Анақулов (беш аз 125 кг) –дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳои мусобиқот бенасиб монданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ кард. Вале Ҳасан Сӯфиев (то 59 кг), Азизбеки Шарифзода (то 66 кг) ва Шодӣ Баҳромов (беш аз 130 кг), ки дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Ба иттилои Абдурозиқ Олимов, ҳамаи 9 гуштигири тоҷик (6 нафар оид ба гуштии озод ва 3 нафар оид ба гуштии юнониву румӣ) ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти литсензионии қитъавӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд. Ин мусобиқот рӯзҳои 18-20 март дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – бо ширкати зӯртарин гуштигирони қораи Осиё барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG