Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳодатномаи таваллуд ба ҷои шиноснома дар 18-солагӣ


Бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб маҷбур шудаанд, ки ба далели сохта будани шаҳодатномаи таваллудашон дар синни 18 ё 19 дубора ин санадро дастрас кунанд.

Даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб, ки соли таваллудашон аз 1995 то 2010-ро дар бар мегирад, маҷбур шудаанд, шаҳодатномаи таваллуди худро барои нусхаи асл набуданаш иваз кунанд. Мақомоти идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегӯянд, ки танҳо дар нуҳ моҳи охир дар ин шаҳр ҳудуди 2 ҳазору 500 шаҳодатнома иваз шудааст.

Ҷамила Рӯзизода, сармутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар Кӯлоб, рӯзи 26 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин шаҳодатномаҳои таваллуд аз соли 1995 то 2010 таввасути афроди алоҳида ба таври ғайриқонунӣ ба бозору дӯконҳо роҳ ёфта ва сокинон ҳамчун санад онро харидаанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ин гуна санадҳои расмӣ танҳо дар идораи расмии ҷамоатҳо дода мешаванд, на дар ҷойи дигар.

Ҷамила Рӯзизода
Ҷамила Рӯзизода

Рӯзизода афзуд, "ин шаҳодатномаҳо дар корхонаҳои хусусӣ истеҳсол шуда ва ба фурӯш бароварда шудаанд, ки ғайриқонунист. Дар шаҳодатномаҳои расмӣ рақами мушаххас аст, вале дар онҳо ягон рақами мушаххас нест. Сокинон аз бозор ёфта, худашон чи гунае хостаанд, ин шаҳодатномаҳои таваллудро пур кардаанд, ки ҳоло ба кор намеояд."

Ин масъули идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Кӯлоб мегӯяд, ба соҳибони шаҳодатномаи таваллуди бидуни рақами мушаххас ва муҳри ҷамоат шиноснома дода намешавад ва барои ҳамин ҳам ин афрод маҷбур шудаанд, ки дубора санад бигиранд.

Ҳоло барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд асосан ҷавонони зодаи солҳои 1995 то 2000-ум ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат мекунанд. Фаридуни Ҷӯрахон, сокини 19-солаи шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки ӯ соли гузашта мактаби миёнаро хатм кард ва аммо ба далели “шаҳодатномаи таваллуди куҳнааш” дар гирифтани шиноснома мушкилӣ кашидааст. Ӯ мегӯяд, ки танҳо баъди иваз кардани шаҳодатномаи таваллудаш, ки мақомот онро ҷаълӣ ё сохта донистаанд, соҳиби шиноснома шудааст.

Фаридуни Ҷӯрахон
Фаридуни Ҷӯрахон

“Ба шӯъбаи ЗАГС муроҷиат кардам ва онҳо гуфтанд, ки рафта дар "Амонатбонк" 18 сомонӣ супор. Баъд шаҳодатномаи таваллудро тайёр карданд,” – гуфт ӯ.

Аз соли 2010 фурӯши шаҳодатномаҳои таваллуд дар бозору дӯконҳо қатъ карда шуда, ҳоло фақат дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба сокинон шаҳодатнома медиҳанд. Шаҳрванд бо супоридани боҷи давлатӣ дар "Амонатбонк" метавонад шаҳодатномаи фарзанди худро дастрас кунад.

Аммо баъзе аз сокинон мегӯяд, ки солҳои гузашта ҷамоатҳо ба шаҳрвандон шаҳодатнома дода, аммо ба қайд намегирифтанд ва баъди бузург шудани фарзандон онҳо маҷбур шудаанд, дубора шаҳодатномаи таваллуд гиранд. Дӯстмурод Ёрматов, сокини ноҳияи Восеъ, ба Озодӣ гуфт, соли 1995 барои писараш аз ҷамоати деҳот шаҳодатномаи таваллуд гирифта, вале баъд аз хатми мактаби миёна ба ӯ шиноснома надодаанд. Ёрматов афзуд, баъдан хабардор шудаанд, ки шаҳодатнома қалбакӣ буда, писараш дар ягон ҷо сабт нашудааст.

"Ростӣ, то ниҳодҳои вилояти Хатлону ҷумҳурӣ муроҷиат карда, шаҳодатномаи таваллуди писарамро гирифтам. Ҳатто барои як шаҳодатнома шуда, як сол аз дарсаш қафо монд," - гуфт Ёрматов.

Зимнан, шаҳодатномаи таваллуд аз сӯи шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шуда, тавассути Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG